Сароғози Рўзи Матбуот, Соҳиб Табаров – Ходими шоистаи илми ҶТ

0
852

Соҳиб Табаров

Узви вобастаи Академияи улуми ҶТ, 
Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон,
доктори фахрӣ ва профессори фахрии ДМТ, 
доктор фахрӣ ва профессори фахрии ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

Сароғози Рўзи Матбуот

Чанд гоҳ боз баъзе аз ошноён ва ходимони ВАО аз њаќир хоњиш мекунанд, ки дар бораи Рўзи Матбуоти Тољикистон чанд сухане гўям. Банда ваќтњои тўлонї хоњиши онњоро рад намудам. Вале илтимосу дархости чандинкаратаи онњо ва махсусан дўстонам дар бораи он, ки аќидаи шахсии худамро дар хусуси ягон масъалаи инкишофи матбуоти муосири тољик баён кунам, баъд аз андешањои зиёд водорам карданд, ки хоњиши онњоро ба љо орам.

Яке аз сабабњои ба љо овардани хоњишу дархости онњо инро мешуморам, ки 75 сол боз хонандаи матбуоти даврагии Тољикистон ва Иттифоќи Шўрої, аз соли 1937 муњаррири рўзномаи девории омўзишгохи оьўзгории Кўлоб ба номи Лоњутї «Машъали пионерон» ва аз соли 1938 муњаррири маљаллаи дастнависи њарсемоњагии адабиву бадеии њамон омўзишгоњи омўзгории Кўлоб «Ѓунчаи наврас» ва аз чањордањсолагиам дар матбуоти марказии Тољикистон (аввалин бор хабарам дар рўзномаи «Пионери Тољикистон» 8 феврали соли 1938 ба табъ расид) будам ва мебошам.

Матбуоти тољик гўё аз соли 1934 то охири асри ХХ дар шоњидии банда рушду такмил ёфтааст. Бинобар њамин худамро водор кардам, ки хоњиши кормандони матбуоти даврагиро ба љо оварда, љузъе аз андешањои шахсиамро дар бораи матбуоти муосири тољик баён созам.

Пеш аз њама барои банда матбуот ва умуман ахбори омма њодисањои иљтимоианд ва њар кадоме аз навъњои онњо маљмўи ѓояву мафкура, афкору андеша, аќидаву љањонбинї ва завќу њаваси љомеа ва мардуми гуногуну мухталифи њар як халќу миллат мебошанд. Аз ин љост, ки агар, аз як тараф, љаридаву рўзномањо, њафтаномаву маљаллањо, телевизиону радио, Интернету компютер, муассисањои гуногуни ахбори омма љавобгў ва љавобдењ ба талаботи гурўњу табаќае, синфу фирќае, созмону њизбе, муассисаву ташкилотњои мушаххасе ва њатто шахсони људогонае арзи вуљуд намоянд, аз тарафи дигар, ахбори омма ва матбуоти даврагї ба инъикосу баёни њама љанбањо, муаммову масъалањои хурду бузург, аёну ноаён ва тамоми пањлуњои њаёти моддиву маънавї, иќтисодиву сиёсї, иљтимоиву маданї, илмиву фаннї ва садњо њодисањои ба зиндагии њаррўзаи љомеа вобаста дахолат мекунанд.

Хеле хуб аст, ки имрўзњо миќдори нашрияњои матбуоти тољик  нисбат ба давраи Шўрої бо мадади давлату њукумат, ташкилоту созмонњо, вазоратњову раёсатњо, фирќаву њизбњо, кооперативњову муассисањои корпоративї, комитетњои давлативу шахсони сарватманд ва ѓайра миќдоран хеле зиёд гардидааст. Ин њодисаи нек пеш аз њама ба истиќлолият соњиб шудани Тољикистони азизамон вобаста бошад, њамзамон дар ин кор наќши фаъолияти роњбарону сарварон ва кормандону ходимони њамон идораву муассисањои давлативу њукуматї, њизбњову созмонњо, вазоратњову иттифоќњо, иттињодияњо ва њатто одамони људогонаи њамаи соњањои њаёти моддиву маънавї, маорифу фарњанг, сиёсату иљтимоиёт, иќтисодиёт, савдо ва илму техника низ хурд намебошад.

Матбуоти тољик дар оѓози асри ХХ ба вуљуд омад. Тољикони бомаърифат, ба мисли Бењбудї, Фитрат, Мунзим, Айнї, Мирзо Сирољи Хаким ва садњо дигарон њам пеш аз Инќилоби Октябр бо чакидањои аввалини матбуоти туркї, форсї, тоторї, тотории ќримї, русї, ўзбакии чаѓатої, бошќирї ва ѓайра ошно буданд. То он замон ваќте ки дар худи њудуди генерал-губернатории Туркистон аз оѓози солњои 80-уми асри XIX ду рўзномаи расмии давлатии њукумати подшоњї бо номи «Туркестанская туземная газета» ва рўзномаи «Туркистон вилояти газетасї» чоп гардиданд, соли 1884 дар шањри Боѓчасарои Ќрим рўзномаи машњури Исмоилбеки Ѓаспарї бо номи «Тарљумон» низ аз чоп баромад.

Нусхањои рўзномањои номбаршуда чи легалї ва чи ѓайрилегалї дар байни мардуми тољикзабони Осиёи Миёна ва аз он љумла дар байни тољикони Бухорои амирї њам тадриљан интишор ёфтанд. Баъд аз нашри ин ду-се рўзномаву љаридаи расмиву шахсии туркиву ўзбакии чаѓатої миќдоран интишори маљаллаву рўзномањо ба забонњои гуногуни халќњои мусулмони аксарашон туркзабон дар ќаламрави аморати Бухоро, Осиёи Миёна, Тотористон, Бошкортистон, вилоятњои Наздиволгаи Русия, Озарбойљон ва ѓайра зиёд мегардад. Намунањои маълуму машњури он рўзномаву љаридањо, ки дар ќаламрави аморати Бухоро њам гоњ-гоњ интишор меёфтанд ва пањн мегардиданд «Ваќт», «Мулло Насриддин», «?абл-ул-матин» «Хуршед», «Юлдуз», «Куёш», «Иштињод», «Шўро», «Барќ», «Самарќанд», «Оина», «Парвариш», «Чењранамо», «Бухорои шариф», «Турон», «Сирот-ул мустаќим», «Сирољ-ул-ахбор», «Сабо», «Навбањор», «Туљљор», «Тўс» ва ѓайрањо буданд.

Барои мо, тољикон, аз њама ањамиятноку пурарзиш ва пурќиматаш он аст, ки аз байни ин рўзномањои номбурда се-чањортоаш дар њудуди вилоятњои тољикшишини Осиёи Миёна ва генерал-губернатории Туркистон ва аморати Бухоро ва аз љониби ноширону њайати тањририяи тољикзабонон чоп мешуданд ва интишор мегардиданд.

Ба маълумоти хонандагон расониданї њастам, ки яке аз аввалин рўзномањои сотсиал-демократњои мардуми тољикнишини Самарќанд ва умуман Осиёи Миёна рўзномаи «Самарќанд» буд, ки он дар соли 1904 чанд моњ ба забони русї мебаромад ва пас њукуматдорони Русия он «Самарќанд»-ро њамчун органи Партияи сотсиал-демократии (болшевикии) Русия шуморида аз нашр нигоњ доштанд. Дар њаќиќат, муњаррири ин рўзнома Михаил Владимирович Морозов (1868-1938) ленинчии содиќ, соли 1901 ба аъзои Партияи сотсиал-демократии Русия дохил шуда, аз ташилоти РСДП Самарќанд вакили анљумани чоруми Партияи социал-демократии Русия (дар Лондон) буд ва дар он анљуман њамчун тарафдори ѓояву мафкурањои на меншивикон, балки большевикон ва назарияи Ленин баромад мекунад.

Баъд аз чанд гоњ – соли 1913 бо њамин ном, яъне бо номи «Самарќанд», дар њамин шањри тољикнишини Самарќанд бар зидди расонањои расмии генерал-губернатории Туркистон «Туркестанская туземная газета» ва «Туркистон вилояти газетасї» муфтї Мањмудхољаи Бењбудї (1872—1919) рўзномае чоп менамояд. Муфтї Мањмудхољаи Бењбудї дар њамин ваќт маљаллаи машњури худ «Оинар»-ро низ њам ба забони тољикї ва њам ба забони ўзбакї интишор мекунонад.

Дар њамон замонњо робита ва иштироки маорифпарварони аморати Бухоро њамчун мухбирони махсус дар маљалла ва рўзномањои гуногун меафзояд. Масалан, Фитрат дар Истамбул дар мадрасаи динии «Воизия» тањсил карда, мухбири махсуси њамин рўзномаи «Самарќанд» буд. Мунзим аз Бухоро барои маљаллаи озарбољонии «Мулло Насриддин» ба Бодкўба (Боку) маќолањо ирсол менамуд. Писари калони домулло Муњаммад Икром ибни Абдусалом (1847—1925) барои «Ваќт» барин рўзномањои тоторї бо номи мустаори «Муфтизода» маќолањояшро ба табъ мерасонд. Ва баъзе дигар дўстони бухороии онњо, ки дар байнашон Айнї њам буд, барои рўзномањову маљаллањои Бодкўба, Ќазон, Калкатта, Ќоњира, Уфа ва Оренбург хабару маќолањо мефиристоданд. Яъне робитаи байни маорифпарварону равшанфикрони Бухорои дар зери зулму истибдоди амирони Манѓит буда бо рўзноманигорони Осиёи Миёна, Закавказе ва Наздиволгаи Русия ављ мегирад.

Бо таъсири чунин равшанфикрону маорифпарварони миллати мо ва хусусан бо таъсири рўзномањову маљаллањои «Тарљумон», «Сирот-ул мустаќим», «Чењранамо», «?абл-ул-матин», «Ваќт» ва ѓайра се – чањор нафар равшанфикру маорифпарвари бухорої бо сарварии Мирзо Абдулвоњиди Мунзим ва бо мадади моддиву молиявии сарватманди бомаърифати Бухоро Муњиддин Мансуров рўзномаи «Бухорои шариф» дар соли 1912 дар Когон аз чоп мебарояд. Муњаррири масъули рўзномаи «Бухорои шариф» яке аз озодфикрони ќавќозї Мирзо Љалол Юсуфзода буд, ки ў ќисми ташкиливу тањририи ин рўзномаро ба ўњдаи худ гирифта буд. Мудири матбааи Когон сарватманди яњудии бухорої Леви ношири ин рўзнома мегардад ва ќисмати молиявиашро асосан Муњиддин Мансурови давлатманд ва њаммаслакони ў — аъзои љамъияти «Тарбияи атфол» ба зиммаи худ мегиранд. Дар кору фаъолияти дарљнамоии ин рўзнома маќоми фарзандони Мансуров — Изом Муњиддинов ва Абдулќодир Муњиддинов хеле калон аст. Аз мутафаккирону маорифпарварон ва донишмандони маъруф ходими фаъоли ин рўзнома Мирзо Сирољи Њаким (Доктор Собир) њисоб меёфт, ки интишори асари машњури ў «Туњафи ањли Бухоро» дар он солњо мардумро аз хоби ѓафлат бедор кард ва дар ќаламрави аморати Манѓит мардумро ба ѓулѓула даровард. Мирзо Сирољи ?аким њамчун яке аз ходимони рўзнома дар «Бухорои шариф» бо номи мустаори «Мирхон» маќолањои худро ба табъ мерасонд.

Ин рўзнома аввалин бор чоруми моњи рабеуссонии соли 1330 њиљрї аз чоп мебарояд. Ин санаи 4 моњи рабеуссонии соли 1330 мувофиќи таќвими умумиљањонии солшумории исавї бо њисоби кўњна ба 11 марти соли 1912 рост меояд. Ба сабаби он, ки «Бухорои шариф» то давраи Инќилоби Кабири Октябр, то давраи ба таќвими нав, яъне дар соли 1912 аз чоп баромада буд ва то соли 1918 њамаи солшумории умумиљањонї бо њамон њисоби кўњнаи насронї гузаронида мешуд, бинобар ин дар давраи баъди соли 1918 ин сана на 11 марти соли 1912, балки мувофиќан 24 марти соли 1912 солшумории нави насронї њисобида мешавад.

Ба таври дигар гўем, дар байни солшумории нав (баъди соли 1918) ва кўњна (то соли 1918) 13 рўзи таќвимї фарќ аст. Аз ин љо маълум мегардад, ки шумораи нахустини рўзномаи «Бухорои шариф» ба њисоби њозира на 11 март, балки 24 марти соли 1912-уми солшумории имрўза нашр гардида будааст.

Рўзномаи «Бухорои шариф» аз ?амон рўзи 24 мо?и марти соли 1912 аввалњо ?афтае чор маротиба ба забони тољикї ба табъ мерасид. Сад афсўс, ки бесаводиву камхирадї, нодониву ља?олат, дар ?афлат мондани ќисми зиёди мардуми тољикзабони чи аморати Бухоро ва чи генерал-губернатории Туркистон, тарсу вањм аз таъ?иботи амирї ва жандармерияи подшоњї барои хондани рўзнома ва «на?з улфат пайдо накардани мардуми Бухоро ва Туркистон (тољикони аморати Бухоро ва генерал-губернатории Туркистон – С.Т.) бо адабиёти нав ба рўзномањо чандон муштарии зиёд љамъ нашуд. Бинобар ин дар муддати панљ — шаш моњ (август – сентябри соли 1912, – С.Т.) идораи рўзнома хеле зарар дид» (С.Айнї). Бинобар њамин мудири матбаа ва ношири «Бухорои шариф» Леви «нашри рўзномаро мав?уф карданї шуд». Вале сарвари Љамъияти љавонбухориён – «Тарбияи атфол» Мирзо Абдулвоњиди Мунзим, миллионери равшанфикр ва љадид Мирзо Муњиддин Мансуров ва њаммаслакони онњо бо унвони «Маърифат» «барои давоми нашри рўзномањо ширкате ташкил намуданд» (С.Айнї).

Дар кори расондани ёрии пулї ва моливу моддї ба ширкати «Маърифат» ?айр аз дар боло номбурдагон писарони Мансуров – Абдул?одир ва Изом Муњиддиновњо, Мирзо Сирољи ?аким (Доктор Собир, Мирхон), Фазлиддин–мањдум, Муњиддини-мањдуму Абўнасир–мањдум писарони Абдулњакими судур, Аминљон–махдуми Зиёї, Мирзо Иззатуллоњ, Мирзо Назруллоњ ?афурзода, ?ољї Абдулсаттор писари Абдул?ањњор, ?ољи ?амроњ писари Юлдош, Мирзо Порсо ва дигарон сањми сазоворе гузоштанд ва хидмати босазое намуданд.

Баъд аз ташкили ширкати «Маърифат», гирд овардани мабла?и муайян, расонидани мадади моддиву молиявии нав ба нав аз рўзи 11 моњи сентябри соли 1912 ба њисоби кўњнаи мелодї (24 моњи сентябри соли 1912 бо њисоби нави мелодї) њам «Бухорои шариф»-и тољикон ва њам «Турон»-и ўзбакон, ки аз 14-уми июли соли 1012 мелодии кўњна (27 июли соли 1912 мелодии нав) њафтае ду рањ дарљ мегардид, «њафтае се бор мунтазаман нашр мешуданд», «ба нашри ин ду рўзнома тамоми љавонони Бухоро (љавонбухориён – С.Т.) аз љињати моддї ва маънавї ёрї доданд» ва «то моњи январи соли 1913 бо камоли муваффа?ият давом карданд» (С.Айнї).

Дар зери сарварии роњбарони љамъияти љавонбухориён—«Тарбияи атфол» бо раёсати Мирзо Абдулвоњиди Мунзим рўзномањои «Бухорои шариф» ва «Тўрон» тадриљан на танњо дар тамоми ?аламрави аморати Бухоро, балки дар сарзамини Туркистон низ шўњрат пайдо намуданд, дар а?лу шуури хонандагон фикру андеша ва ѓояву а?идањои тару тозаи сиёсию иљтимої, илмиву маданї, ахло?иву этикї, диниву фалсафї љойгир кунонданд. Бинобар он, ки дар сањифањои «Бухорои шариф» дар бораи маорифу маданият, илму фан, мактабу мадраса, бедоршавии њисиёту эњтиросоти ватандўстї ва худогоњиву худшиносии миллї ва амсоли онњо барин масъалањои заруритарини он давра сухан мерафт, бо васвасаи њам њукуматдорони амирї ва њам элчихонаи њукумати Русия 2 январи соли 1913 мелодии кўњна (15 январи соли 1913 мелодии нави имрўза) аз элчихонаи њукумати подшоњии Русия аз Когон ба номи њайати тањрияи њарду рўзнома –«Бухорои шариф» ва «Турон» бо мазмуни зайл мактубе мерасад: «Бо хоњиши љаноби олї амири Бухоро аз њамин рўз эътиборан рўзномањои «Бухорои шариф» ва «Тўрон» аз нашр боз дошта мешаванд».

«Ба њамин тари?, – менависад устод С.Айнї, – рўзномаи «Бухорои шариф» аз 11 марти соли 1912 (24 марти соли 1912 солшумории насронии њозира – С.Т.) то 2-юми январи соли 1913 (15-уми январи соли 1913 солшумории исавии њозира – С.Т.) њамагї 153 шумора ва «Тўрон» аз 14 июли соли 1912 (27 июли 1912 солшумории исавии њозира – С.Т.) њамагї 49 шумора нашр шуда, маљбуран баста шуданд. Ин ду нињол, ки акнун ба мева додан даромада буданд, бо табари зулму истибдод аз бо?чаи хал? решакан шуданд».

Аз баёноти фав? ба хулосае омадан мумкин аст, ки рўзи нахустини нашри аввалин рўзнома ба забони тољикї «Бухорои шариф» на 11-уми марти соли 1912 солшумории имрўза, балки 24-уми марти соли 1912 мебошад, чунон ки љашни Инќилоби Октябрро барои он њар сол 7 ноябрь ќайд мекунанд, ки шўриши мусаллањонаи Инќилоби Октябр 25 октябри соли 1917 (ба њисоби солшумории кўњна оѓоз ёфта буд), ки он сана мутобиќи 7 ноябри соли 1917 солшумории њозира мебошад. Ё ин ки рўзи таваллуди Пушкинро на 26-уми маи соли 1799, балки 6-уми июни соли 1799, Л.Н.Толстойро на 28-уми августи соли 1826, балки 9-уми сентябри соли 1926, Достоевскиро на 30-уми октябри соли 1821, балки 11-уми ноябри соли 1821, ?атли Емелян Пугачёвро на 8-уми январи соли 1775, балки 21-уми январи соли 1775, фавти Шекспирро на 9-уми апрели соли 1616, балки 23-уми апрели соли 1616, таъмиди Сервантесро на 27-уми сентябри соли 1547, балки 9-уми октябри соли 1547, таваллуди Гётеро 28-уми августи соли 1749, на 15-уми августи соли 1749, таваллуди Митскевичро 24 декабри соли 1718, на 11-уми декабри соли 1718, њалокати Шандор Петефиро на 18-уми июли соли 1849, балки 31-уми июли соли 1849, фавти Алигери Дантеро на 1-уми сентябри соли 1321, балки 14-уми сентябри соли 1321, мешуморанд ва ?айруњум ва њоказо.

Яке аз таклифњои банда солњо боз он аст, ки њамон сањви хурди санавиеро, ки ба он роњ дода шудааст, ислоњ намуда, Рўзи Матбуоти Тољикистонро њамчун рўзи аввалини нашри рўзномаи «Бухорои шариф» мувофиќи солшумории нави дар тамоми олам, аз он љумла дар Тољикистон ќабул карда шуда, дар саросари Тољикистони азиз њар сол 24 моњи март, на 11 моњи март љашн гирем.

Масъалаи дигаре, ки ба андешаи хоми камина дар соњаи рўзноманигорї дар њамаи даврањо аз ањамият холї нест, ани?баёнї, да?и?корї, њуљљатнокиву бурњоннокї, возењбаёнї, бесањву хато баёну ифода намудани асли ма?сади рўзноманигор ва маводњои дарљшавандаи ахбори ў мебошад. Мутассифона, гоњ-гоњ муаллифе дар ин ва ё он рўзнома, њафтанома, маљалла ва ё шабакањои телевизиону радио њар як суханеро, ки ё шахси андак бообрў, ё олим, ё љоизаву мансабу унвондор, ё бузурги гузашта баён кардааст, бе њељ як санљиш ва назари танќидї бо оби тилло ?абул мекунад ва дурустї ё нодурустї, рост ё хато, сањењ ва ё носањењ будани суханони он шахсро њамаљониба, даќиќ ва равшану возењ насанљида, интишор менамояд ва бо њамин он мисолу маводњои ѓалату хатобударо рост ва дуруст гўён тасдиќ кунонданї мешавад.

Масалан, ба њама маълум аст, ки дар моњњои август—сентябри соли 1939 ба кандани яке аз иншоотњои бузурги Тољикистон — Канали Калони Фар?она дар њудуди Ўзбакистон ва Тољикистон оѓоз намуда, ќисми тољикистонии он дар тобистони соли 1940 ба истифода дода шуд. Дар ?атори сохтмончиёни Канали Калони Фар?она бригадаи Иттифо?и нависандагони Тољикистон дар њайати М.Турсунзода, Рањим Љалил, ?аким Карим, Љалол Икромї, М.Аминзода, ?ољї Содиќ, Бањлулзода, Аширмат Назаров, Шуурї (Фарњат), Лутфулло Бузургзода бо сарварии маънавии устод Айнї низ ширкат меварзиданд. Он бригадаи нависандагон дар бораи ин сохтмон дањњо асарњо дарљ намуда, ?исме аз онњоро дар маљмўаи «Хати заррин» љойгир кунонда буданд.

?ангоми ба охир расонидани сохтмони Канали Калони Фарѓона халќи тољик ба сохтмони Роњи Калони Помир ва ё роњи мошингарди Сталинобод – Хору? шурўъ намуда, онро њам дар соли соли 1940 ба истифода медињад. Дар сохтани роњи мазкур њам бригадаи нависандагон дар њайати А.Дењотї, Ф.Ниёзї, Самад ?анї ва дигарон бо сарварии М.Турсунзода, ки дар ?атори бењтарин роњсозон бо медали «Мењнати шоён» мукофотонида шуда буд, иштирок намуд ва бо асарњояшон корномаи созандагонро љовидонї гардонданд.

Баъд аз сохтмонњои Канали Калони Фар?она ва Роњи Сталинобод – Хоруѓ дар охири соли 1940 ба сохтмони Канали Калони ?исор 40 њазор нафар колхозчии водињои ?исору Сурхондарё оѓоз намуданд. «Канал 12 сентябри соли 1942 ба истифода дода шуд» (Энциклопедияи советии тољик, љ.3, сањ.218). Бо сохтмони Канали Калони ?исор дар водии ?исори собиќ вилояти Сталинобод дувоздањ њазор (дар ЭСТ 15 њазор), гектар замини ташналаб ва дар вилояти Сурхондарёи Љумњурияти Ўзбакистон бисту панљ њазор гектар замин обёрї гардиданд.

Муаллифи маќолаи «Канали Калони ?исор» В.Епихин дар ЭСТ дар њаќиќат росту дуруст менависад, ки «сохтмони Канали Калони ?исор ба таърихи Тољикистони советї њамчун њашари машњури халќии солњои пеш аз љанг дохил шуд».

?ам тамоми хабар, маќола, очерк, репортажњои матбуоти он даврагї ва ахбори оммавии солњои 1940 то 12 сентябри соли 1942 ва њам бурњону далел ва њуљљату маводњои ба таърихи сохтмонњои Канали Калони ?исор бахшидашудаи бойгонињо ва Комиссариати халќии хољагии оби ЉШС Тољикистон (комиссари халќиаш Ањмадов) њамин ња?и?атро сад дар сад тасди? мекунанд. Аммо ба сабаби бехабарии баъзе аз кормандону журналистони ахбори оммаи имрўза, аз он маводњо, далелњо, бурњонњо, њуљљатњо истифода набурда, ба сохтакорї ва тањрифу ќаллобї роњ медињанд. Дар солњои охир дар матбуоти даврагї ва ахбори телевизиону радио ин ва ё он рўзноманигори навбаромад иштироки аз сї то чил њазор кас, кандани ?ариб ду миллион мукаабметр хок, хобондани 8247 мукаабметр оњану бетонро дар масоњати дарозии миёнаи бари канал 32 метр ва чуќурии миёнааш 2 метр, сангфарш намудани бист њазор мукаабметр масофаи ?ад-?ади канал ва дигар корњои Канали Калони ?исорро дар фосилаи 50 километр аз дарёи Варзоб то Ќаротоѓ на ба солњои 1940-1942, балки ба солњои 1946-1948 ва на ба номи шахсони масъули он замони Љумњурияти Шўроии Сотсиалистии Тољикистон (Протопопов, Шогадоев, Ќурбонов) (Мурољиат намоед: Соњиб Табаров, ?аёт, адабиёт, реализм, китоби 4, сањ.102), балки ба фардњои бузурги солњои 1946-1948 бе њељ як асосу бунёд, далелу мавод ва њуљљату бурњон ало?аманд мекунанд. Чунин тањрифи таърих, бофтакориву сохтакорї ва ёваву њарзаву бењудагўињои ягон-ягон рўзноманигори беќобилияти даврони исти?лолият, ки фирефтаи он суханони роњбаре, олиме, мансабдоре, хешу табори шахси бузурги солњои чилуми асри ХХ шуда, ба фикри каминаи камтарин, ба шаъну шараф ва ња?и?атгўињои рўзноманигорони боинсоф иснод наоварда ва обрўи онњоро резонда ва ќадру эътиборашонро до?дор накарда наметавонад.

?амин фикрро дар хусуси ани?у да?и? ва возењу сањењ муайян намудани баъзе номњо, мањалњо, санадњо, санањо, насабњо, истилоњњо ва ба тарзи гуногун ва њатто ба маънии ?алат овардани баъзеи аз онњо низ гуфтан мумкин аст. Чунончи, ањли илму фазли тољик њама медонанд, ки мутарљими њайати сафорати аморати Бухоро дар даврони амир Насруллоњ (соли 1857) ва амир Музаффар (солњои 1869-1870) ба Петербург бо иштироки Ањмад махдуми Дониш (1826-1897) аз забони тољикї ба русї ва аз забони русї ба тољикї шар?шиноси машњури рус, зодаи шањри Рашти Эрон, ки соли 1823 дини масењиро ќабул намуда, баъдњо декани факултети забонњои шар?и Донишгоњи Петербург, аъзо-корреспонденти Академияи улуми Русия Мирзо Муњаммадалї Козимбек (22.7.1802 – 21.11.1870) буд. Вале дар рўзгузаронии њаррўзааш ўро њама ба русї Александр Козимович Козимбек на Александр Ќосимович Ќосимбек мехонданд. Калимаи арабии ќосимро ба маънии та?симкунанда, бахшанда ва яке аз номњои худои таолло тамоми мардуми босаводу бесаводи тољик равшану мушаххас ва ани?у да?и? медонад ва маънии ин калима дар байни хал?и тољик тамоман маълуму машњур асту интишор ёфтааст. Маънии калимаи «козим»-ро, ки ќариб њамаи тољикон намедонанд, онро низ ќосим талаффуз мекунанд, менависанд ва мехонанд. Аксари мутлаќи точикзабонон аз љумла баъзе рўзноманигорон, мутарљимон, зиёиён низ маънии аслии калимаи арабии козимро, ки маънии ѓазабфурўбаранда, хашмфурўбаранда, ќањрбарор, бурдборро дорад, кам медонанд. Бинобар њамин аксари чунин рўзноманигорон, мутарљимон, зиёиён ва амсоли онњо маънии козимро намедонанд ва дар навишт, гуфтугў, тарљима, нутќу баромадњои телевизионї, радио, кинофилмњо ва ?айра насаби њамон шарќшиноси машњури рус Козимбекро ?алат ?осимбек ба забон мегиранду мехонанду менависанд.

Як худи њамин ду мисоли хурд аз байни садњо мисолњо собит месозанд, ки рўзноманигор, ходими матбуот, радио, телевизион, мутарљим, эљодкор ва монанди онњо њамчун ифодакунандаи марому маќсад, ?ояву мафкура, андешаву љањонбинии ин ва ё он гурўњу таба?а, синфу тоифа, дину мазњаб, созмону њизб ва хал?у миллате бояд а?идаву ма?сад ва марому андешаи нињоии худро росту дуруст, бо далелу њуљљат, возењу бехато, сањењу њаќќонї, равшану да?и?, аниќу мушаххас ва муайяну борикбинона ифода намояд. Агар дар мисоли якум барои рўзноманигор дониш ва баландинтеллектї ва хирадмандии таърихї шарту зарур дониста шавад, дар њолати дувум аз ў талаб карда мешавад, ки сарфу нањв, ќонуну ќоидањои забонњо, имло, аломатњои китобатї (пунктуатсия) ва махсусан лексикалогия, этимология, семасиология, луѓат ва захираи луѓавии забони чи модарї ва чи дигар миллатњоро нињоят сањењу даќиќ ва хуб донад ва ќонунияти онњоро дар љои худ истифода бурда ва кор фармуда тавонад.

Боз ба як масъалаи нозуке, ки њакир барин ?адимиён дар даврони табаддулоти азими љамъиятии њозира дар бораи он љуръати мунозираву бањс намудан намекунем, кўтоњ ва иљмолану сарсарї бошад њам, ди??ати рўзноманигоронро љалб намуданї њастам. Ин њам бошад ё ?ариб бо як клише, бо як ?олаб, бо як намуду шакл навиштану гуфтан ё дар љои худ кор фармуда нашудани ин ва ё он калима, ибораву истилоњ ва мафњум ё гаштаву баргашта такрор ёфтану истеъмол кардани ин ва ё он калимаву вожаи мавњуммаънї ва мушкилфањму мураккабмазмун ба хонандагон, шунавандагон ва бинандагони сершумор њисоб меёбад. Дар њолати якум дар забони ин ва ё он рўзноманигор ва умуман журналистон хеле кам гардидани захираи луѓавї ва калимањо, иборањо ва истилоњњои маълуму машњур ва маъмули забони модарї ва хеле мањдуд гардидану танг гардонидани истифодаи захирањои луѓавии забонамон ба назар мерасад. Барои тасдиќи фикри боло гаштаву баргашта њам аз рўзномаву њафтанома ва маљаллањо хондану бо телевизиону радио шунавонидани чи масъулин, мањсуб, лињоз, итминон, таљлил, нафарон, тибќ, тим, артиш, гом, суроѓа, ўтоќ, ниёз барин дањњову садњо калимаву ибора ва истилоњњои муќаррар дар забони адабии њозираи тољик ба назар мерасанд. Вале њар кадоми онњо дар худи забони адабии тољик садсолањо боз аз як то якчанд муродифу синоним доштанду доранд, ки њатман аз пурраву мукаммал истифода бурдани њамаи онњо даст кашидан лозим нест.

Аз мисолњои боло барои тасдиќи фикри фавќ ду калима – ниёз ва таљлили арабиро гирем. Ниёз дар забони тољикї боз муродифи њољат, зарурат, эњтиёљ, хоњиш, пурсиш, дархост, мўњтољ, талаб, илтимос ва њатто маљозан азиз, гиромї, дўства монанди онњоро низ дошта бошад њам, дар матбуоти даврагї ва ахбори оммаи имрўза бо онњо кам дучор омадан мумкин аст. Калимаи арабии таљлил низ дар ќисме аз осори рўзноманигорони солњои охир ба маънии аслии худ — эњтиром, эњтиромнокї, бузургї, наљибї, шарифї, бошукўњї, љалолат, њурматнокї, азаматнокї бо обу рангњои гуногун ва мухталиф низ андаке кор фармуда мешаваду халос. ?алли ин гуна муаммоњои сарпеч ва кўргирењи болоро баъд аз чандин дањсолањо бо пайдоиши забоншиносон ва махсусан луѓатшиносони асили тољик ба љо овардан мумкин асту халос.

Дар солњои охир дониставу надониста баъзе рўзноманигорон ва хусусан нотиќони адабгуфтор шаклњои љамъи калимањои арабии ќабили дуоњо, динњо, мактабњо, ноњияњо, мисолњо, натиљањо, василањо, минтаќањо, мухолифњо ва садњо дигарро дар шакли аслии арабиаш (адия, адён, макотиб, навоњї, масоил, натоиљ, васоил, манотиќ, мухолифин) хеле зиёд кор фармуда, бо њамин, аз як љониб, ќонунияти умдатарини грамматикаи забони адабии тољикро андаке њам бошад, халалдор мегардонанд, аз љониби дигар, њусни забони модарии худро мекоњонанд ва, аз љониби севум, дар баъзе њолатњо ба сабаби надонистани аксари он рўзноманигорон ва нотиќон тарзи истифодаи шаклњои љамъи мардона, занона ва дугонаи забони арабиро дар истифодаи онњо гоњо ба сањву хато роњ њам медињанд.

Ба мисли њамин ибораву изњорот, баёноту ифода ва гуфтугуву конструксияњои забонии бењисоби: пиёда гардиднафароне, ки дар арсаи эљод сухан мегўянд; љароњат бардошт; оиди ќонуншиканї љарима бардошт; дар њамин радиф ёрї расонданд; захмњои гуногун бардоштанд; вокуниш нишон дод; мухолифин дар байни нафарони зиёд ќарор доранд; тољикон дар риштаи фарњангї пешравї ќарор доранд; рассомон асарњои кашидаро ба маърази намоиш гузоштанд; њамаи нафарон дар чанд љашнвораи байналмилалї даъватианд; дар риштаи лухтак њамкорї дорем; мо, тољикон, рисолати тољикї дошта бошем; дар ин даргирињо иштирок надорад; дар минтаќањои манотиќи Рашт кўшиш ба харљ медињанд; ба хотири барои рўшногї андохтан; Садот вокуниш нишон надод; бо мо дар тамос бошед; нафароне њастанд, ки обрўи тољикро баланд мебардоранд; идорањои дахлдор муаззаф гардонда шуданд; чї гуфтание доред, ирсол намоед; ташаккур аз Шумо бањри сўњбати пурнуктавоятон; аз ин хотир шикоятњо ворид шуданд; таи солњои охир кор пеш рафт; дилпурона арзёбї мекунад; худо нахоста бошад, ки мо вазифаи хешро иљро накарда бошем; гуфтанињое дошта бошед, пешнињод кунед; аз тариќи рўзнома пешнињод мекунем; доѓи љомеа дарди љамъият аст; Арал аз Амў ва Сир бархурдор буд; њоло дар раъси ўПутин мебошад; масоили зиёд мавриди баррасї ќарор гирифт ва монанди онњоро, ки баъзе тољикзабонони адабгуфтори навбаромади шутурмурѓзабон, ки аксари мутлаќашон на рўзноманигор ва ходимони телевизиону радиои тољик, балки кўњнапарастону дўстнадорандагони забони адабии миллии тољик, забони Айнї, забони бузургони миллати тољик мебошанд, дар матбуот, дар ахбори омма, дар телевизиону радио љой ёфта, онњоро дар маърўзањо, асарњо, рисолањо, гуфтугузорњо, сўњбатњо, нутќњо, дарсу лексияњо, муошират, базму тўю сурњо ва дигар маљлису анљуманњо, конференсияњову конгресњо ба таври васеъ ва фаровон истифода мебаранд. Муњаррирон ва њайати тањририяи рўзномањо, њафтаномањо, маљаллањо ва ахбори омма бошанд, «Ба дурустии арќом ва далелњои матолиб муаллифон љавобгаранд» ва ё «?айати тањририя на ба њама афкори муаллифон мувофиќ аст ва аќоиди мухталифро ба хотири риояи гуногунандешї ба табъ мерасонад. Љавобгарї ба ўњдаи худи муаллиф аст» гўён худашон аз паи он муаллифони забони аслии модарии тољикиро эњтиромнакунанда рафта, бо њамин худро аз љавобгарии илмї, таърихї, сиёсї, иљтимої, иќтисодї, маданї, њуќуќї ва дигар барсохтњои љамъиятї ва алалхусус аз њимояи тозагии забони нобу ширин, лазизу гуворо, дилкашу матбуъ, софу пок ва тоњиру тоза ба канор мегиранд. Чунин муњаррирон ва њайати тањририяи рўзномањо, њафтаномањо, маљаллањо ва умуман ахбори омма дар асоси «Ќонуни забон» кору мењнат ва фаъолияти поку њалол намуданро дар болои забон дар баъзе лањзаву њолатњо аз ёд мебароранд. ?ол он ки дар тозаву пок, покизаву беолоиш, тоњиру њалол, софу беѓаш, беайбу бенуќс ва муќаддасу муназзањ нигоњ доштани ќонунияти грамматикаи яке аз забонњои бостониву ќадимтарин халќњои олам – забони миллии тољикї њама ходимони ахбори омма — аз њуруфчин, мусањњењ, ходими эљодї, аъзои шўъбањо, котибот, муовинони муњаррир, сармуњаррир сар карда, то раёсати Комитети матбуот, раёсати Комитети телевизиону радио ва дигарон љавобгару посухдењ дар назди њам миллат, њам давлат, њам њукумат, њам Ќонуни Асосї ва њам Ќонуни забон мебошанд.

Агар ягон аз ќадимиён оид ба масъалаи тоза нигоњ доштани забони миллии давлатии тољикї дар асоси ќонунњои грамматикаи ин забон овоз кушояд, њам њиссае аз номбурдагон, њам ќисме аз мухбирон, наттоќон, њам баъзе муаллифони ин ва ё он асару рисолае вайро харобкунандаи забони форсї-тољикї (на забони миллии давлатии тољикї!), њомиву истифодабарандаи ягон-ягон калимаву истилоњи байналмилалї њисобидаву шуморида, маљбураш месозанд, ки дар масъалаи таќдири минбаъдаву ояндаи забони миллии давлатии тољикии худаш њарфе назанад, кару гунг монад ва дар ин масъалаву муаммои таќдирсоз моту мабњутї, абкамиву забонгирифтагї ва хомўширо пешаи хеш созад.

Як масъалае, ки роќими ин сатрњоро каму беш ба ташвиш наоварда наметавонад ин аст, ки то ба имрўз дар замони истиќлолияти Тољикистон дар назди њељ як рўзномаву њафтаномае ва маљаллае ва ё шабакаи телевизиониву радиое сарвару пешво ва парчаму ливобардори матбуоту рўзномањои љумњурият пайдо нагардидааст.

Дар замони ташкили матбуоти шўрої бо тамоми сензураи давра нигоњ накарда (то давраи Љанги Бузурги Ватанї њамаи нашрияњо ѓайр аз муњаррирони масъул боз муњаррирони сиёсї доштанд) чунин марказро муњаррирону рўзноманигорони аввалњо рўзномаи «Овози тољик» (25 августи соли 1924) ва маљаллаи «Рањбари дониш» (августи соли 1927), ва баъд рўзномањои «Тољикистони сурх» (15 марти соли 1925), «Роњи колхозчї» (25 марти соли 1930), «Пролетари Хуљанд» ва «Комсомоли Тољикистон» (5 апрели соли 1930) таъсису ташкил дода буданд. Он муњаррирон чун њодии матбуоти тољик фаъолияти рўзноманигоронро аз назорати муњаррирони сиёсї њимоя мекарданд, ба онњо мадад мерасониданд, барояшон анљуманњои мухбирони коргару дењќон, мањфилњои адабї ва рўзноманигорї ташкил менамуданд ва ба замми онњо боз њар моњ сањифањои махсусу алоњидаи «Адабиёт ва саноеи нафиса» ва монанди онњоро таъсис медоданд ва дар онњо чакидањояшонро ба табъ мерасониданд.

Ба ин корњои дар боло номбаршуда кормандони рўзномаи «Тољикистони сурх» — котиби масъули он Алї Хуши Наистонї, рўзномањои «Роњи колхозчї» ва «Пролетари Хуљанд» — котиби масъули онњо Рањим Љалил — Дањрї, «Комсомоли Тољикистон» — мудири шўъбаи оммавии рўзнома Мирзо Турсунзода — Ѓаюрї сарварї менамуданд. (Баъд аз чанд гоње Мирзо Турсунзодаро Бюрои КМ ЛКСМ Точикистон бо имзои котиби дувуми КМ ЛКСМ Тољикистон Герасимов барои хабари мољарољўёнаи донишљўи Институти педагогии Сталинободро дар бораи «миллатчии» тољик Бектош (Нарзулло ?айдарзода, — 10.09.1903—20.10.1938) ба чоп иљозат надоданаш аз сафи комсомолї хориљ менамояд. Ба сабаби бекор монданаш ў ба назди дўстони хуљандиаш Рањим Љалил, ?аким Карим ва Муњиддин Аминзода рахти сафар мебандад ва мудири шўбаи адабии театри мусиќиву драмавии Хуљанд таъин шуда, барои он театр драмаи нахустини худ «?укм»-ро менависад ва бо њамин худро дар назди партия ва комсомол «сафед» мекунад (Мурољиат намоед: Соњиб Табаров. Як сањифаи њаёти Турсунзода – Садои Шарќ, 1995, №1—3, с.111—114). Рўзноманигорони њамон сарваррўзномањои солњои бистум ва оѓози солњои сивуми асри XX М. Турсунзода, Алї Хуши Наистонї, Рањим Љалил, Бобољон Ѓафуров, С. Улуѓзода, М. Аминзода, Суњайлї Љавњаризода, Бањриддин Азизї, Бањлулзода, Самад Ѓанї, Набї Почољонов, Шарифљон ?усейнзода, Дунган (Зариф Раљабов), Рауф Тоњирї, Набї Фахрї, Абдулѓанї Мирзоев, Туйчї Самад баъдњо аз рўзноманигорони номдору варзида то ба дараљаи удабову шуаро, мутарљимон ва олимону муаррихони машњури тољик ба воя ва ба камол расиданд.

Ба андешаи банда яке аз асрори ба чунин комёбињо ва ба ќуллањои баланди эљодї мушарраф ва муваффаќ гардидани ин рўзноманигорони собиќи он солњо дар он буд, ки онњо аз ќадамгузории нахустинашон гарчанде аввалњо аз нозукињои асрори ин касб бехабар буданд, оњиста-оњиста бо тамоми муаммову масъала, воќеаву њодиса ва пањлуву љанбањои зиндагии замонаашон, њаёти моддиву маънавии гуногунранги љумњурияти љонољонашон шинос шуданд, ба онњо дахолат намуданд ва бо њамин њам фаъолияти эљодї ва њам рўзноманигории худро беш аз пеш ва беш аз беш сайќал доданд.

Яке аз хусусияти фаъолияти эљодии ин ќабил рўзноманигорон он буд, ки њар кадоме аз онњо ба эљоди як ё якчанд муаммову проблема ва масъалаи умдатарин ва муњимтарини давраву кишвар ва ќањрамононашон завќу њавас ва майлу ихлос, њусни таваљљўњи хеле зиёд доштанд ва асосану бештар дар бораи чунин мавзўъ ва муаммову масъалањо ва ќањрамонони дўстдорашон хабар, репортаж, маќола, фелетон, эссе, очерки публицистї, муколама ва монанди онњоро эљод мекарданд. Масалан, репортажи мурофиаи судии Мирзо Ризоро дар рўзномаи «Комсомоли Тољикистон» Мирзо Турсунзода, Сотим Улуѓзода ва дигар рўзноманигорон, мурофиаи судии мухбири «Пролетари Хуљанд» муаллим Пўлод Бобоев (падари Пўлод Толис)-ро ходимони њамин рўзнома ба зиммаи худ гирифта буданд. Оќибат рафта-рафта баъдњо ќисме аз онњо рўзноманигори варзида ва машњур, ќисмеашон шоир, ќисми дигарашон нависанда, ќисми чорумашон мутарљим, ќисми панљумашон муарриху адабиётшинос ва мунаќќид гардиданд.

Ба таври дигар гўем, рўзноманигори ботаљрибаи асил на танњо мавзўъ, муаммо, ќањрамон, ваќту фазои мушаххасу муайян дорад, балки ифодакунанда ва баёнсозандаи њаќиќии воќеањои росту дуруст ва њаќќониву воќеии замони худ њам мебошад. ?амзамон чунин рўзноманигор боз дурбину оќибатандеш, дурандешу мулоњизакор, ботааммулу андешакор ва мулоњизарону андешаманд буда, фаъолияти эљодии худро доимо њам ба оянда равона месозад ва њам такмил медињад. Бе фикру таамул, бе мулоњизаву андеша, бе хаёлу дурбинї ва бе дурфањмиву дурандешї њељ яке аз рўзноманигорон аз доираву њудуд ва ќолабу чорчўбаи нињоят тангу ночизи мавзўъ ва масъалањои рўзмарраи хеш берун баромада наметавонад.

Банда ин њаќиќати раднашавандаи рўзноманигориро аз таљрибаи ночизу одии фаъолияти шогирдонаам дар њангоми муњаррири рўзномаи «Тољикистони сурх» будани Набиљон Почољонов, Самад Ѓанї, мудири шўъбаи адабиёт Суњайлї Љавњаризода ва Эммонуил Муллоќандов ва муњарририи Аминљон ?ољибоев (А.Шукўњї) ва дўсту љўраи њамсабаќам Ашўр ?алимов тасдиќ карда метавонам.

Фаќир њангоме ки дар омўзишгоњи педагогии Кўлоб ба номи Лоњутї солњои 1937-1939 мехондам, аввалњо гоњ-гоњ ба рўзномањои «Пионери Тољикистон» ва баъзан «Комсомоли Тољикистон» дар њаммуаллифї бо ягон њамсабаќам хабарчае мефиристодам. Идораи «Комсомоли Тољикистон» баъзан бо мактубе дар бораи сабаби чоп накардани ин ё он хабарчаамон љавоб мегардонд ва ё ин ки барои ислоњи камбудињои дар он хабарча баён гардида ба куљо барои чораљўї фиристодани онро хабарамон медод.

Ходимони рўзномаи «Пионери Тољикистон» бошанд, аввалин маротиба 8 феврал ва баъд 13, 22 марти соли 1938 се хабарчаи банда ва њамсабаќонам Зарифов ва Маљид Ќосимовро дар мавзўи мактабу хониши пионерон ба табъ расониданд ва ба мо бо почта як миќдор ќалампулї њам фиристоданд, ки мо аз ин кори онњо дар њайрат мондем.

Минбаъд њам њамин мавзўъ ва масъалаву муаммо, яъне илму дониш, мактабу маориф ва рафта-рафта умуман соњаи илму маданият, аз љумла адабиёт ва санъат ва дигар мавзўъ ва масъалаву муаммоњои ба њаёти иљтимої дахлдор асоси хабару маќолањоямро ташкил намуданд.

Камина аз солњои 1940-1941 сар карда ѓайр аз мавзўъњои номбаршуда аввалин маќолањоямро дар бораи илму фан ва адабиёту санъат барои хонандагони чаласаводу навсаводи собиќ бесаводи куњансоли тољик дар охири солњои инќилоби маданї дар рўзномаи «Васияти Ленин», ки дар њаљми «Пионери Тољикистон» махсус барои он хонандагони бесавод ва чаласавод чоп мешуд, дар бораи Лев Николаевич Толстой, Николай Островский, Шолом Алейхем, Людвиг ван Бетховен, Иван Франко, Максим Горкий, Салтыков-Щедрин, «Искра»-и Ленинї, музеи В.И.Ленин, операи «Шўриши Восеъ»-и Баласанян, образи Ленин дар фолклори тољик» (њамроњи Абдуљаббор Ќањњорї) ва дигар мавзўъњо ва масъалањои ба адабиёту санъат марбут дарљ намудам. Дар он солњои аввал хабару маќолањоямро аксаран дар рўзномањои «Васияти Ленин», «Комсомоли Тољикистон», «Газетаи муаллимон» (аз 20 июли соли 1932 «Барои маорифи коммунистї», аз 7 ноябри соли 1938 №102 (543) «Газетаи муаллимон», аз 2 апрели соли 1959, №41 (1554) «Маориф ва маданият», аз 1 январи соли 1981 боз «Газетаи муаллимон» ва апрели соли 1989 «Омўзгор») ба табъ мерасонидам, ки дар рост намудани дасти рўзноманигории банда мададгорони асосиам муњаррири рўзномаи «Газетаи муаллимон», инсони комилу шариф, яке аз зиёиёни бомаърифату баландинтеллекти яњудиёни бухорої Фузайлов, котиби масъули рўзномаи «Васияти Ленин» Муќимови самарќандї ва ходими адабии њамон рўзномањои «Газетаи муаллимон» ва «Васияти Ленин» Комилови хуљандї буданд.

Дар тарбияву таљрибаандўзии ночизи рўзноманигории банда њар яке аз муњаррирон ва мудирони шўъбаи адабиёти сарваррўзномаи тољик — «Тољикистони сурх» (минбаъд «Тољикистони советї») Набиљон Почољонови ўротеппагї, Абдулло Суњайлї Љавњаризодаи ўротеппагї ва Эммануил Муллоќандов ва дигарон сањми бузург гузоштанд.

Чунин тарбияи онњо ба он оварда расонд, ки бандаро дар моњи октябри соли 1947 бо тавассути чопи таќризњо, маќолањо, хулосањои адабї, очеркњои танќиди адабиам дар рўзномаву маљаллањои љумњуриявї («Тољикистони сурх», «Коммунист Таджикистана», «Газетаи муаллимон», «Шарќи сурх», «Комсомоли Тољикистон», «Занони Тољикистон» ва ѓайра), ки њоло китоби дарсиам барои муаллимони мактабњои миёна дар Нашриёти давлатии Тољикистон аз чоп набаромада буд, њамчун мунаќќиди адабї эътироф намуданд ва бо тавсияи Мирзо Турсунзода ва Боќї Рањимзода дар якљоягї бо устодам домулло Шарифљон ?усейнзода, адибон Аминљон Шукўњї (?ољибоев), Муњиддин Фарњат (?асанов), Абдуљаббор Ќањњорї, Мирра Менделеевна Явич ба аъзои Иттифоќи нависандагони ИЉШС ва Иттифоќи нависандагони ЉШС Тољикистон ќабул карданд.

?амин тавр, њаќир њар он чизе ки муяссарам шуд ва ба њар он буду шуде, ки имрўз дорояш њастам, шасту њафт сол пеш аз аввалин хабарчањои хурдтаринамон дар рўзномаи «Пионери Тољикистон» оѓоз ёфта, бо «Љањони андешањои Абдуррауфи Фитрат», «Мирзо Абдулвоњиди Мунзим» ва «Зиндагиномаи Садриддин Айнї» ба итмом расонидаанд.

Хонандаи мењрубонам, банда бо дили соф ва бо эхтироми бузург ба касби рўзноманигорї (журналистика) назар менамоям, чунки яке аз он дањњо луќмањои тоза ва поку њалоле, ки аз даврони ба хонаи бачагон аз соли 1932 афтоданам то ба имрўз хўрда истодаам, мањсули робитаам бо рўзнома ва маљаллањо ва телевизиону радиои замони шўрої ва андаке даврони истиќлолият буданд ва мебошанд. ?оло њам фаќир ин касбу њунарро покизатарин њиссаи маънавиёти љамъият мењисобам, иззатманду арљманд мешуморам ва онро њурмату эњтиром мекунам. Бинобар њамин майл дорам, ки боз андаке дар бораи яке аз масъалањои нињоят нозуку њассоси фаъолияти журналистї – масъалаи одобу ахлоќ, рафтору кирдор ва тарзу равияи баён, истифодаи њаќќониву воќеї, росту дуруст ва холисонаи маводњои рўзноманигорї, хулоса, дар хусуси этикаи журналистї ду-се сухани дигар баён намоям.

Дар бораи дигар илмњо чизе гуфта наметавонам, вале дар 15-20 соли охир дар соњаи илмњои љамъиятшиносї, аз љумла забон ва таърихи забони тољикї, адабиётшиносї ва адабиёти тољик ва гоњо адабиёти баъзе миллатњои олам, таърихи халќи тољик ва њамаи дигар намудњои он, фалсафаву њуќуќ ва фиќњу аќоиди дини ислом ва мазњабу љараён, тариќату фирќањои он ва дигар навъњои илмњои иљтимої баъзе рўзноманигороне изњори аќида мекунанд, ки худашон бевосита мутахассиси он илм намебошанд. Махсусан бозори чунин мавзўъњо, масъалањо ва муаммоњо бо чунин саросемакорї, њарљу марљ ва бесарусомонї дар солњои љашнї, иду тантанањо нињоят гарм мешавад ва ба дараљаву ќуллањои баланди ба ифрот мерасад.

?ар каси ё мутахассис ё мухлису њаваскор ва ё тасодуфї, ки дар байни онњо рўзноманигорон низ буданду њастанд, дар чунин солњои љашнї, иду тантанањо ва гоњо рўзу моњњои муќаррарї дар бораи њамон мавзўъњову масъалањо ё воќеањои таърихї, бостонї, њарбиву љангї, адабиву бадеї, илмиву маданї, диниву мазњабї ва њодисањои дигари маданияти моддиву маънавї ва ё шањру кишварњо, бузургону алломањо, илму фарњангњо, удабову уламо ва ѓайрањо аз њар як адабиёт, мавод, ахбор, маъхаз ва сарчашмаи њам дурусту воќеии илмї, њам ќалбакию ривоятї, њам афсонавию асотирї ва њам бофтаву сохта ва агиографї (анбиёномавї) ва апокрифї фаровон истифода мебаранд. Дар ин њолат дар баробари росту њаќ овардани маводу далел, бурњону шањодат ва њуљљатњо баъзан ба тањрифоти ѓайриилмиву беасос ва нодурусти онњо дучор омадан мумкин аст. Лекин дар ин масъала гоњо беэътиної, гоњо ё дониста ва ё надониста ба сирќоту асардуздї роњ додани ягон-ягон аз муаллифони маќолањо, репортажњо, очеркњоро мушоњида кардан мумкин аст. Чунин муаллифон баъзан аз китобњо, рисолањо, асарњои тадќиќотї ва мероси илмии дигар муњаќќиќон ё истифода мебаранд, ё рўйбардор мекунанд, ё иќтибос меоранд, вале дар њељ љой на номи муаллифи аз асараш истифода бурда ва на номи асару сањифаи онро ба хотир намеоранд, номи дигар асарњо, рисолањо, маъхазњо, сарчашмањо, бойгонњо, сањифаву вараќи аз дигарон рўйбардоркардаашро бо ному насаби муаллифон ва амсоли онњо ба забон намегиранд. Чунончи дар рўзномањо, њафтаномањо, маљаллањо, шабакањои телевизиону радио ва њатто ќисман олимони ќалбакї, хасакї, пуфакї ва камќобилият бо маводњо дар бораи саромадони адабиёт ва шуарову удабо, оњангсозон, мусиќидонон, меъморону рассомони форс-тољик ва тољики се-чор садсолаи охир дучор омадан мумкин аст, ки худи онњо ба ин амали нопок ва хато роњ додаанд. Онњо маводњои нашршуда, шунавондашуда ва тамошо гардидаро аз асару рисолањои кадом як олим ва пажўњишгари њаќиќиву асили дигар рўйбардор карда, дар њељ љой номи њам асар ва њам муаллифи он асарро њатто ба нўги забон намегиранд. ?ол он ки одобу ахлоќ ва этикаи журналистї таќозо менамоянд, ки њар касе майдатарин маводу сарчашма ва адабиёту маъхаз ва њатто иќтибосеро аз дигар забон ба тољикї тарљима карда гирифта бошад, бояд бањри обрўву эњтиром ва эътибори њам муаллифи он асар ва њам бештар худи муаллифи он маќола, репортаж, очерки публитсистї ва дигар жанрњои журналистика, ба забон гирад.

Он рўзноманигорон ва кормандони расонањои давлатї, давлативу хусусї, корпоративї ва хусусї, ки њам аќли фитриву модарзодї ва њам аќли касбиву њунарї, аз он љумла аќли эљодї доранд, њам дар баробари тарбияи баланди љисмониву ахлоќї боз дорои тарбияи олии фикрї мебошанд, њам соњиби маданияти волои интеллектуаливу зењнии аълодараља ва њам хиради барљаста ва дигар хислат ва хосияту сифатњои хайру неки инсониро аз бар намуда бошанд, ба сањву хатоњои эљодии дар боло ќайд кардаи муњаррири сатрњои фавќ ё роњ намедињанд ва ё хеле кам роњ медињанд ва дар роњи ислоњи онњо њамаи истеъдод ва ќобилияти эљодии хешро сарф менамоянд.

21—30 апрели соли 2009.  Соҳиб Табаров