Таҳқиқи сабабҳои ҳуқуқи ва маънавии ба ҷавобгарии суди ҷалб гардидани ВАО дар Тоҷикистон, Усмонов И.К.

0
868

Таҳқиқи сабабњои ҳуқуқӣ ва маънавии ба ҷавобгарии судӣ ҷалб гардидани ВАО дар Тоҷикистон ВАО ва одоби оддии ҷомеа

Масъалаи одоби Воситањои ахбори омма ин масъалаи њаќиќат аст. Беодоб њаќиќатро гуфта наметавонад. Њатто агар мавзўи мавриди бањс воќеият бошад, њатто агар њаќоиќу арќоми дар он истифодашаванда дар амал шуда бошанд, тарзи баёни беодобона ба нигоранда имкони гуфтани њаќиќатро намедињад ва он чи ў менависад, дар худ танњо бањс, кина, бадбиниро дошта метавонад ва маќсади асл ногуфта мемонад ё дар зери ѓубори ин олудагињо нопадид мегардад.

Барои њамин њам масъалаи одоб масъалаи принсипиалии фаъолияти ВАО аст.

Воќеан назарияи чоруми матбуот – назарияи масъулияти иљтимої, ки соли 1948 дар ВАО-и ИМА ба миён омад, мањз њамин масъалаи одоб аст. Назарияи озодигарої (либертарианї) воситањои ахборро ба њолате оварда буд, ки фањшгўї, дурўѓгўї, тўњмат ва бадахлоќї ба њаддї нињої расид, љомеа эътироз кард ва калисо соли 1942 мањз барои тањќиќи њамин чиз маблаѓи калоне људо кард ва тўли 4-6 сол гурўњи калони олимон вазъияти бўњронии ВАО-ро омўхта, ба хулосае омаданд, ки матбуоти тамоман озод ва масъулияте дар назди љомеа надошта, мамлакатро хароб мекунад, бояд ВАО масъулияти иљтимої дошта бошад. Он ваќт онњо барои танзими масъулияти иљтимої ќабули Кодекси ахлоќро пешнињод карданд: њар идораи матбуот, чанд идораи њамсони ВАО, ВАО-и як шањр ё вилоят, ВАО-и миллї – вобаста ба имкониятњои мављуда бояд одобномаи худро дошта бошанд ва дар ин мавзўњои барои нашр номувофиќ зикр шаванд. Њар нигоранда, муњаррир ва ношир барои вайрон кардани ин одоб дар назди виљдони худ бояд масъулият дошта бошад. Кодекси одоб худтанзимкунии кор аст, на танзим бо дасти беруна, на танзим аз љониби њукумат, суд ё василаи дигаре.

Гумон мекунам, ки бо њамин самт равон шавем, хидмати хубе ба љомеа, ба худ ва миллати худ карда метавонем.

Албатта, ба одоби воситањои ахбори омма бархўрди маќомњои расмї таъсир мерасонад: бархўрди нарм ВАО-ро нармтар ва гармтар мекунад, бархўрди ноандешона боиси сахтгўињо шуда метавонад. Масалан, он чиро мисол орем, ки ба сари се нашрияи мо «Озодагон», «Азия плюс» ва «Фараж» аввали сол омада буд. Оё матолиби чопкардаи онњо кирои ин корро мекард, ки чунон валвала барангехта шавад? Ин гуна мисолро бисёр шуморидан мумкин аст. Ва чунин мисолњо бо як чизи муњим далолат медињанд: сухани ВАО ба љомеаи мо асар дорад, онро иќрор мекунанд ё не, ба он аксуламал мекунанд ё не, ба он љавоб медињанд ё не. Сухани гуфта шуда бетаъсир ё беасар намеравад. Њатто хурдтарин чиз нишоне мегузорад, нашри очерк ё маќолаи тањлилие дар хусуси як шахсияти фаъоли сиёсї, мусоњибае бо касе ки сухани гуфтанї дорад, таъриф ё танќиди бењадди касе, ки ба он сазовор нест, нодида гирифтани кори хубе ва амсоли ин. Ин таъсир метавонад хислати инфиродї дошта бошад ё љамъиятї.

Аммо воситањои ахбори мо худ чунин таъсирро эњсос намекунанд, чизи бештаре мехоњанд, ки хостаи онњо бо назарияи масъулияти иљтимої ва либертарианї њељ иртибот надорад, балки вай давоми назарияи коммунистии њизбї аст. Масалан, рўзномањо бо номњои шабењи «инњо аз мо ќарздоранд» рўйхати муассисањоеро чоп мекунанд, ки онњо ба танќидашон љавоб надодаанд. Пурсида мешавад, чаро онњо ба танќиди матбуот бояд љавоб дињанд? Он муассисањо институтњои њукуматї ё корхонањои шахсии фалонињо мебошанд, нашрияњои шахсии Акбаралї Сатторов, Шарифљон Њамдамов, Хуршеди Атовулло, Сайёфи Мизроб, Умед Бобохонов, Саймиддин Дўстов, Зафари Сўфї ва дигарњо бар онњо чи тасаллут доранд, ки бо навиштањои, халќї карда гўем, «росту дурўѓи» онњо бояд љавоб дињанд. Ин љавобро аз он муассисањо не, аз амали маќомњои суд нигарон шудан лозим аст. Агар ВАО рукни чоруми љомеа бошад (бигузор, ки давлат нест), пас навиштаи ВАО бояд ба суд мавод дињад, то онро тафтиш ва њал кунад ва агар навиштаи ВАО, перомуни судњо бошад, пас он ба маќоми таъинкунандаи суд мавод дињад, то он ќазоват карда тавонад. Ман таъсири суханро дар ин мебинам. Он рўйхати «ќарздорон», ки ВАО месозад, ба системаи матбуоти њизбии шўравї мувофиќ меояд, зеро дар он љомеа њизби коммунист соњиби њама чиз буд; давлат, њукумат, суд, матбуот, корхона ва молу мулк. Вай матбуоташро барои танзими сиёсаташ чун силоњ истифода мебурд.

Мо-ку имрўз худро ќудрат медонем на силоњ. Пас бояд аз диду фањми ќудрат амал кунем.

Баъзан ВАО-и мо худро ба сатњи почта поён мефароранд. Почтае, ки як мактубро аз як кас ба каси дигар мерасонад. Албатта мактуби ин «почта»-ро дигарњо њам хонда метавонанд. Ман мактубњои кушода «Ба…»-ро дар назар дорам. Сару њисоби чунин мактубњо гум шуда ин жанр- «мактуби эпистолярї» обрўяшро рехтааст. Мактуби «духтарам ба ту мегўям, келинам шунав» беасар шудааст. Мактубро имрўз ба њама менависанд, њама менависад. Њар њафта матбуоти тољик «мактуби саркушод» дорад. Дар ин мактубњо њатто талоши як авлод њам «хислати љамъиятї» касб карда истодааст ва чунин мактубњо ќадри сухани матбуотро мерезонанд. Тасаввур кунед, ки таќрибан њаррўз нависеду њељ асар надошта бошад, то чанд чунин навиштањоро хонандаи бегона мехонад. Мактуб – мурољиат даркор аст, аммо вай бояд маводи сахт љиддї, маводи дардноки ба љомеа муфид, маводи тањлилшуда дошта бошад, мисле ки он се рўзнома аввали сол чоп карданд. Агар ин хел тањлил бошад, маќомњо аз паси он мешаванд ва њаќќу ноњаќашро ошкор мекунанд.

Дар ВАО-и имрўзаи мо тањќиќњо ва хулосањои ѓайриилмї, суханњои барнокашида зиёданд ва мо бояд рўи ин чиз андеша кунем. Мехоњам чанд мисолро ёд оварам. Баъзе «донишмандоне» дорем, ки барои аробаи шикастаи худро пеш бурдан аз номи одамони бузург истифода мекунанд ва онњоро «њаммуаллиф» гирифта, чизњое менависанд, ки таърихи мо дар онњо нодуруст инъикос меёбад. Аз љумла маќолањо – бањсе пайдо шуд, ки Сталин моњи апрели соли 1942 бо устод Садриддин Айнї сўњбати як ба як доштааст ва чї гуфтанњо ва шуниданњо дар он буд. Шоњидони баобрўе пайдо шуданд, ки «ин хел мулоќот буд» гуфтанд. Аммо чизи расмї он аст, ки Сталин дар Рўзњои адабиёт ва санъати тољик – дар Москва намояндагони барљастаи њайъатро дар якљоягї ба сўњбат хоста табрик кардааст. Ин матлаб њамон ваќт чоп шуд, инро иштирокчиёни он мулоќот борњо гуфтанд. Аммо на худи устод Айнї, ки баъди он мулоќот 12 соли дигар дар њаёт буданд, на устод Бобољон Ѓафуров-роњбари њайат, ки боз 35 соли дигар зистанд, устодон Мирзо Турсунзода, Абулќосим Лоњутї, Муњаммадљон Ќосимов ва њељ каси дигар нанавиштааст, нагуфтааст, ки чунин мулоќоти хоса низ воќеъ шудааст. Муњаќќиќони имрўза китоби кадом як муаллифи номаълуми он њам, тољикношиноси русро ёфта, аз рўи он ќазоват кардан мехоњанд. Агар он масъала воќеияте медошт, худи устод Садриддин Айнї имконият доштанд дар ин хусус борњо менавиштанд ва ифтихор буд навиштани моњияти ин мулоќот. Аммо чунин накарданд. Агар он мулоќот махфї буд, кадом як майзадае аз он огоњї намедошт, ки навиштаи вай боиси валвалаву тахмингўињои муњаќќиќони имрўза шавад. Агар љое ишорае барои ин мулоќот њаст, пас аввал бойгонињои дахлдорро дидану омўхтан ва сипас навиштан лозим аст. Устод Садриддин Айнї чунон бузург ва чунон хизмати бузурге кардааст, ки ба чунин «суханњои сохта» дар њаёташ эњтиёљ надорад.

Ин гуна маќола фаќат шубња меоварад, рањгум мезанонад ва таърихро тањриф мекунад.

Ин гуна њаќиќатгўиву афсонасозї дар бораи Иљлосияи XVI Шўрои олї, дар бораи Сангаку Файзалї, Ризвону Лангарї, Нуралича ва дигарњо низ аз њадди эътидол гузашт. Њар кас њар чи мехоњад менависад. Њатто њамагуна одоби касбї ва њуќуќии журналистро вайрон карда њукм мекунанд, фалониаш хоин аст, фалониаш ќањрамон. Журналист мавод пешнињод мекунад, њукм намекунад. Гунањкору бегуноњро фаќат суд муайян менамояд. Дар маќолањои перомуни Ризвон маълум мешавад, ки фаќат вай љинояткор буд, дигар тамоми силоњдорони оппозитсия бегуноњ буданд. Дигаре Сангакро гунањкори ягонаи силоњдорони фронти халќї медонад. Ин гуна навиштањоро мехонаму нуќтаи зерини «Санади њамдигарбахшї» ба хотир меоянд: «Ѓазаби худо ва лаънати халќ ба ононе бод ки аз паси ќасдгирї ва таъќибу озори њам барои аъмоле мешаванд, ки дар солњои муќовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон мањкум ба љазоянд.

Мо суиистифода аз имконоти расонањои омма ва даъвати ошкоро бо нияти халал расондан ба раванди оштии миллї, иттињоми њамдигар дар њузури љамоат, аз гузашта ба бадї ёд оварданро мањкум менамоем». (с. 494).

Њамкасбони азиз. Чаро инро ёд овардам. Зеро њанўз дар љомеаи мо хунталабњо, хунсернашудањо, ќасосхоњњо њастанд. Нашавад, ки онњо аз соддагї, ноогоњї ва баъзан худхоњиву њатто аз тангдастии мо истифода бурда, њунари моро, истеъдоди моро ба манфиаташон истифода баранд.

Ваќте ба муносибати дањсолагии Иљлосияи XVI Шўрои олї китоб менавиштем, ман архиви Шўрои олиро вараќ задам ва матбуоти он солњоро низ хондам. Дар онњо дањяки он гапњое нест, ки имрўз аз таърихнависе мехонам. Чунин таърихи Тољикистони охири асри XX-ро дар асарњои таърихнависони Россияи елцинї дидаам. Намедонам мо аз онњо мегирем ё ба онњо пайравї мекунем. Ба наздикї дар бораи иљрокунандаи вазифаи Прокурори генералї дар моњњои IX-XI-и соли 1992 лавњае хондам. Агар ба муаллиф бовар кунем, барои ин кас халќи тољик њайкал газоштанаш даркор. Аммо ман аз љумла шоњиди воќеањои он замонам ва медонам, ки дар ин «њаќиќати» матбуоти мо чи андоза фиреби назар аст. Ман он шахсро ном набурдам, зеро чун мутахассис сазовори эњтиром аст. Аммо дар маќола сухан аз мутахассис не, аз сиёсат аст.

Ва боз як муаллифи таърихнависе, ки ба фикрам на таърихи илмї, балки таърихи чойхонагии худашро менависад. Ба наздикї дар як маќолааш хондам, ки гўё дар ЉБВ аз Тољикистон аз 300 њазор њам зиёдтар тољикистонї иштирок кард, бештар аз 200 њазор нафари он дар љанг њалок шудааст. Пештар мегуфтем, ки 60-65 њазор тољикистонї дар љанг кушта ё аз захми гирифтааш фавт шуд.

Дар китобе, ки соли 2010 дар Маскав бо номи «Победа – одна на всех» баромадааст ва муаллифони ќисмати Тољикистон номзади илми фалсафа Х. Шарифов ва раиси шўрои ветеранњои ЉТ Р.Ќудратов мебошанд, аз љумла чунин омадааст: «Таджикский народ наряду с другими народами бывшего Советского Союза внёс весомый вклад в историческую Победу в Великой Отечественной войне 1941-1945 гг. В годы войны более 260 тыс. человек, каждый шестой житель республики, были призваны в ряды Вооружённых Сил СССР. 92 тыс. из них отдали свою жизнь за свободу нашей общей Родины. За проявленный героизм 54 посланца Таджикистана были удостоены высокого звания Героя Советского Союза, 15 человек стали кавалерами трёх орденов Славы, более 50 тыс человек были награждены боевыми орденами и медалями». (С. 434)

Мо хонандаи тољикро чаро ба гумроњї барем? Мо барои хонандаи тољик факти санљиданашуда медињем ва дар натиља рост будани онро ба ѓайр аз ду-се каси тољикистонї њељ каси дигар фањмидан намехоњад, ба њоли мо механдад.

Ба ин «илм» ва љасорати дигар нигоњ кунед. Њамон муаллиф як сањифаи љарида тањќиќоте дорад, пур аз худфиребињо. Ба ин порчааш нигаред, ки «Худфиребї тарсуист» номида шудааст:

«Боре њам суруди (гимн)-и ЉШСТ-ро маросими мутантан нашунидаам. Дар гимни СССР мехондем «Чун дасти рус мадад намуд…», ки ишора аз бузургї ва нерўмандии бародари калон буд. Мо њиљ гоњ баробару бародар набудем, агар будем «хурди хона будем, ки хуки хона» будан бењтар мебуд. Дар варзиш ва њунар нописандимон мекарданд. Агар чанд тане соњибљоиза шудаанд, ба хотири офаридани накши доњї, инќилобчиёни матин ва истеъдоди нотакрорашон мисли М.Турсунзода, шудаанд.

Номи Тољик ба њукми тасодуф набошад, дар китобу мавод, хоса ёдовар нашудааст. Солњои 30-юм унвони ин халќ умуман зикр наёфта, дар солњои пасин бузургони «миллати советї» С.Айнї ва М.Турсунзода 1 бор ёд шудаанд. Њар ќадар хешро сифат кардем худфиребї ва тасаллои њамватанон буд, на бештар».

Ин порча љавонони 18-20 соларо, ки аз замони таваллудашон гимни мо дигар аст, нафаќат фиреб медињад, балки мисли муаллиф бесавод мекунад. Зеро мисрае, ки ў гимни СССР гуфтааст, мисраи гимни Республикаи Советии Социалистии Тољикистон аст. Пас ў дурўѓ мегўяд, ки Гимни љумњурии моро дар маросим намехонданд. Биёед барои фањм кардани њаќиќат як бандии ин Гимнњоро иќтибос мекунем.

Гимни СССР

Озод Иттифоқи республикаҳоро Бипайваст бо њам љовид руси кабир Абад зинда бод Иттифоќи советї Ба азми халоиќ шуда муќтадир! Гимни Тоҷикистон Чу дасти рус мадад намуд Бародарии халќи совет устувор шуд Ситораи њаёти мо шарорабор шуд Гузаштањои пурифтихори мо Ба љилва омаданду дар диёри мо диёри мо Мустаќил давлати тољикон барќарор шуд.

 Ман аз њамкасбони азиз хоњиш мекунам, ба назар гиранд, ки имрўз «олимон», «тољикон», «миллатпарварон» ва «ватандўстони» сохта зиёд шудаанд. Шумо ки бевосита ба нашр сарукор доред, эњтиёт кунед, то фардо ваќте њама чиз ба љояш омад, шуморо бо гила ёд наоранд.

Чизи дигари боиси мулоњиза ин бархўрд нисбати њамзамононамон аст. Хеле афсўс, ки перомуни њамдигар бад, хело беодобона навиштан, бо истифодаи сухани чопї раќиби худро зери по кардан идома дорад. Ман ба матолибе, ки перомуни АИ нашр шуданд, диќќат љалб кардан мехоњам. Ифодаи Љўрабек Назриев, ки «аслан Илолов аз тамаллуќу хушунат низ дар канор нест» гўён шубња мекунад, хушоянд нест, аммо љавоби дувуми Ёр Муњаммад нисбати Љ.Назриев њамагуна њадди одобро мешиканад. Њатто аз иќтибос кардан хиљолат мекашам. Наход имкони бедашном танќид кардан набошад? Шўрои одоби журналистон дар ин радиф маќолањои ду нафар олим – устоду шогирд, журналист ва мунаќќидро њам баррасї карда сахтгўиро, тањќирро мањкум кард ва ба нашрияњо тавсия намуд, ки њадди имком аз чунин кор худдорї намоянд. Мутаассифона дар њамин ќолаб як маќолаи нињоят беодобонае рољеъ ба Њуринисо Ализода низ ба табъ расондааст. Агар њамдигарро њаќорат кунем, аз бегонагон чи гила.

Талхгўї як василаи таваљљўњро ба нашрияи худ љалб кардан шудааст. Вагарна чунин сарлавњањо шояд пайдо намешуданд: «Сари Боќиевро хешовандонаш хўрданд», «Писари сархўри додош», «Исфарагињои сархўр», «Хиёнати хуљандї», «Њам ѓариву њам пешхезї», «Да пошли вы в ж…»

Гоње њам мо, матбуотчиён худамон намунањое месозему баъд худамон атрофи он њангомањо мекунем. Як мисол: моњи апрел сурати яке аз иштирокчиёни олимпиадаи донандагони забони русї дар аксари рўзномањои мустаќил њам чоп шуд. Вай яке аз шашнафар аст, ки медали тилло гирифтаанд. Барои журналистон фаќат ў маъќул афтод, ё фаќат ў сабаби таваљљўњ ва гап-гап шуд. Њамин оё инсофи журналистон аст? Бо ин роњ мо кадом равандро пайгирї кардан мехоњем ва чаро чунин бояд кунем? Мо худамон ба пеш меандозем, худамон месозему мебофем ва баъд механдем. Ин хел њам мешавад, ки сухани нагуфтаи одамонро «иќтибос» мекунем ва баъд ба њолашон механдем, некї мекунем гуфта, хизмати хирсона мекунем ва дар мавриди охирї Азим Иброњим оид ба баъзе намоишњои телевизион хеле воќеї гуфтааст, таърифњои бељоашро, шакли номаќбули таблиѓашро фањмондааст.

Мехоњам барои дарки амиќи намунасозии матбуоти мустаќил як мисол гирам

Дар таблиѓи ВАО-и имиљи зан, идентификатсияи он бештар ба ин унсурњо такя мекунад:

– зан нигањбони анъанањои миллї

– зан такягоњи дину имон

– зан њољиву намозхон

– зан хидматгори хона, кадбону

– зан модар

– зан шахси бечораву нотавонманде

– зан ѓуломи истењсолоти кишоварзї, ки таќрибан пуле надорад

– зан талошгари пули муфт

– зан хуронандаи оила

– зан мардикор-муњољири мењнатї

– зан њамсари дувуму чандуми дигар

– зан ѓуломи танфурўш

– зан ноќили маводи мухаддир

– зан савдогари майдафурўш

– зан ороиши хона

– зан молпараст

Дар ин намунањо зан сиёсатмадор, зан љузъи фаъол ва муборизи љомеа, зан-журналист, муаллима ќариб ки нест.

Ба як масъалаи дигар таваљљўњро љалб мекунам ва ин масъаларо шартан «рўњияи гадої» номгузорї менамоем.

Хеле бад аст, ки ин рўњия дар тамоми ВАО-и тољик ба он ё ин шакл таборуз карда истодааст. Як шоир ба як роњбар бавоситаи рўзнома мурољиат намуда хона дењ ё маро аз шањр бирон гуфт, намедонам ўро кї дар шањр побаста карда бошад. Намедонам ў хона гирифт ё не, шоири дигаре талабгори хона шуд. Барои хона гирифтани як шоири дигар як гурўњи зиёиён дархост навиштанд. Магар ин рўњияи гадоиву маддоњї нест?

Ва ё њам дар рўзномае хондам: ман модари 8 фарзандам. Дар хобгоње зиндагї мекунам. Маро аз хобгоњ пеш кардан мехоњанд. Чї ман њаќќи дар хобгоњ зиндагї кардан надорам? Рўњи редаксия њимояи бечоразан аст.

Аммо донишљў, коргар, хизматчие, ки хобгоњ барои ў сохта шудааст, чаро бояд аз љои ќонуниаш монаду ин «модари бепушту паноњ» онро гирад. Дар чунин њолатњо мактуби расидаро чашм пўшида љой кардан бењтар бошад, ё санљидан: ин модар чї њаќќе ба ин хобгоњ дорад, агар дорад њимоя бояд кард. Агар аз љое ба воситае ба он омадаасту акнун муќим ва соњиб шудан мехоњад ва чун ќонун ба вай ин имконро намедињад дасти гадої ба шевае, ки гуфта шуд, дароз мекунад, ошкору мањкум кардан лозим будагист.

Таблиѓи матбуотии хатнасурњо низ ба ман хушоянд нест. Чи тавр мешавад, ки бегонањо, хориљињо омада фарзандони моро хатнасур мекунанд? Ман дар ин боб андешаи дигархелтаре дорам. Шарт аст, кўдаконро сур (тўй) кардан? Он кофї нест, ки бевалвалаю бемаърака дасташонро њалол кунанд? Он ваќт њељ зарурате ба репортажњои матбуотї ва дастнигарии оилањо ба кўмаки саховатмандро боќї намемонд.