Буҷаи миёнамуддати давлатӣ барои солҳои 2019- 2021 дар маҳфили журналистикаи иқтисодии “Тавозун” муҳокима шуд

0
821

11 октябри соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ “Тавозун” дар мавзӯи “Марҳилаи якуми ташаккулёбии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”  баргузор шуд.

Дар он бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, рӯзноманигорон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод марҳилаи аввали ташаккулёбии буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021 ва таҷрибаи банақшагирии стратегӣ ва рушди он дар Тоҷикистон баррасӣ ва муҳокима гардид.

Дар рафти маҳфил саволу ҷавоб ва муҳокимаҳо дар атрофи мавзӯҳои вобаста ба маблағҳои ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ равонашудаи бюджети миёнамуҳлати давлатӣ, фоизи маблағҳои бюджетии ғайримақсаднок истифодашуда дар соли ҷорӣ, воридшавии маблағҳои сармоягузорӣ ба бюджет, ба инобат гирифтани масоили баландашии музди меҳнат дар ҷараёни банақшагирии бюджетӣ, кам будани маълумот дар сомонаҳои мақомоти дахлдор оид ба бюджет ва дигар масоили мубрами идораи молияи давлатӣ суръат гирифт.

Мақсад аз баргузории маҳфили “Тавозун” бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли  буҷети миёнамуддати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мебошад.

Маълум аст, ки дастрасии саривақтии маълумоту ҳуҷҷатҳои буҷетӣ имкон медиҳад, ки аз ҷониби қонунгузор ва ҷомеа сифати қарорҳои қабулшавандаи буҷетӣ таҳти назорат бошанд, шаффофияти кор ва масъулияти ҳокимияти иҷроия барои таҳияву амалишавии буҷа баланд шуда, барои назорати хароҷоти мақсадноки маблағҳои давлатӣ замина пайдо гардад.

Ба ҷамъомад намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, журналистон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод иштирок карданд.

Хотиррасон мешавем, ки маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» www.khoma.tj, дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

 

Далее по теме здесь