ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҶАЛБИ САРМОЯИ ЧИН НАЗАР БА КИШВАРҲОИ МИНТАҚА ПЕШСАФ АСТ

0
820

Беш аз 50 кишвар дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, ки аксари онро сармояи Чин ташкил медиҳад. Ин нуқтаро Ҳаким Исмоилзод, масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имрӯз, 24 октябр дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ “Тавозун”, ки ба мавзӯи “Зарфият ва мушкилоти фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ихтисос дошт, зикр кард.

Дар маҳфил ҳамчунин намояндагони парлумони мамлакат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Палатаи савдо ва саноати ҶТ, намояндагон аз сафоратхонаҳои Афғонистону Русия, коршиносон дар самти идораи молияи давлатӣ ва журналистон иштирок карда, оид ба имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ дар мамлакат, мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳали онҳо, иқдомоти суратгирифта аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар ин самт маълумоти васеъ пешниҳод карданд.

Ҳаким Исмоилзод, рақами дақиқро дар мавриди фисади сармоягузорони Чин қайд накард, вале гуфт, аз соли 2014 то инҷониб 1,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон сармояи мустаъқими хориҷӣ ҷалб шудааст. Дар ин ҷода, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳо пешсаф будааст:

  • Албатта сармоягузории ин ё он мамлакат ба Тоҷикистон, аз мо вобастагӣ надорад. Тоҷикистон сармоягузорони хориҷиро низ маҳдуд намекунад, ҳар кишваре мехоҳад, метавонад сармоягузорӣ кунад. Таври маълум, раванди воридоти сармояи Чин танҳо ба кишвари мо не, ба кулли мамолики дунё дар ҳоли афзоиш аст.

Мавзӯи сармоягузории Чин дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо миёни хабарнигорон ва намояндаҳои дигар вазорату кумитаҳо баҳси гармеро ба миён овард.

Нуралӣ Давлат

Журналисти шинохта Нуралӣ Давлат гуфт таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки фаъол будани Чин дар бисёр кишварҳо истиқлолияти онҳоро осебпазир кардааст:

  • Чин ҳар ҷое меравад, барои соҳиб шудани захираҳои табиӣ талош мекунад. Ба таври мисол, бештари кишварҳои Африко ҳоло дар қарзҳои Чин ғӯта задаанду наметавонанд қарзи худро баргардонанд.

Яке аз мавзӯҳои муҳиму баҳсбарангези дигари маҳфил, қатъ шудани фаъолияти соҳибкории ҳазорон субъектҳо буд. Тибқи маълумоти ахири паҳнгашта 260 000 субекти соҳибкорӣ дар маҳдудаи имсол фаъолияти худро қатъ намудаанд. Тақрибан ҳамин миқдори дигар соли гузашта ҳам буд. Сабаби ин ҳолатро намояндаҳои вазорату кумитаҳои ҳузурдошта дар маҳфил ба  чанд омил вобасат донистанд, вале таъкид карданд, ки бархе субъектҳои барҳамхӯрда танҳо шакли худро иваз кардаанд, яъне аз як субъекти хурд ба субъекти бузурги соҳибкорӣ табдил ёфтанд. Сабабҳои дигар ба гуфтаи онҳо надоштани нақшаи мушаххаси тиҷоратии сармоягузорону соҳибкорон, баланд будани сатҳи андозбандӣ ва чанде дигар ба ҳисоб меравад ва ҳукумат барои ҳалли онҳо талош дорад

Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (www.khoma.tj), дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.