Ёрии ҳуқуқи ройгон: кӣ аз он бархӯрдор аст?

0
757

Ахиран Маҷлиси намояндагон, палатаи поёни парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»- ро қабул намуд. Бояд гуфт, лоиҳаи ин қонун аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд.

Абдуманнон Холиқзода, муовини якуми вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии ин қонун ба вакилон гуфт, чанд зарурат боиси  таҳияи қонуни мазкур гардид, аз ҷумла, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ.

Барои мисол, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (23 марти соли 1976 қабул шудааст) дувоздаҳуми декабри соли 1966  мавриди амал қарор гирифта, Тоҷикистон ба ин санади байналмилалии оид ба ҳуқуқи инсон 13 ноябри соли 1998 ҳамроҳ гардид ва 4 апрели соли 1999 он дар ҷумҳурӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуд.

Тибқи меъёрҳои санади байналмилалӣ, ҳар давлати иштирокчии он уҳдадор мешавад ба ҳар шахсе, ки ҳуқуқ ва озодии дар ҳамин паймон эътирофшавандаи ӯ вайрон шудааст, воситаи пурсамари ҳифзи ҳуқуқро таъмин намояд. Ҳамчунин, уҳдадор аст, дар ҳолате ки онро манфиатҳои адолати судӣ талаб мекунад, шахсро ройгон бо ҳимоягар таъмин намояд.

Ба қавли Абдуманнон Холиқзода, муовини якуми вазири адлия, омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ҷорӣ намудани низоми пурсамари ёрии ҳуқуқӣ басо мушкил ва пурхарҷ буда, омодагии зиёдеро талаб мекунад. Аз ин рӯ, иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон марҳида ба марҳила ба роҳ монда шуда, консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон таҳия гардид, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ шуда буд.

Дар зимн, Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иттилоъ медиҳад, ки қонуни «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мукаммал гардонидани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва ихтисоснок ба аҳолӣ, ҷиҳати иҷрои банди 11-и Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ гардидааст, таҳия шуд.

Таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра, бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.

Бахтовар Сафарзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мегӯяд, ҳадаф аз қабули қонун таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки принсипи асосии давлати ҳуқуқӣ ба шумор меравад, равона гардидааст.

Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, қабули қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»  роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ муайян намуда, онро боз ҳам тақвият мебахшад

Қабули қонуни мазкур саргардонии шаҳрвандонро ба зинаҳои гуногуни шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла болоии он, аз байн бурда, шиддатнокии муроҷиатҳоро вобаста оид ба норозигиҳо дар мақомот ниҳоят паст мекунад. Он, ҳамчунин, ҳимояи аввалиндараҷаи мурофиавӣ ва ё ёрии ҳуқуқии сифатнокро таъмин менамояд.

Тибқи талаботи қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имкони пардохти чунин хизматрасониро надошта, гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад, пардохти хизматрасонии ҳимоятгар аз ҳисоби давлат пардохт мегардад.

Инчунин гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки  падару модараш гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд, давлат пардохти хизматрасонии ҳимоятгарро ба зимма мегирад.