Ҳуқуқ ва уҳдадории журналист

0
2734

“Ҳар нафар мехоҳад хабаре ба ӯ расонида шавад, ки холисонаву ҳақиқӣ бошад ва ба диди (ҷаҳонбинӣ)-и ӯ комилан мувофиқат намояд”.

(Гилберт Честертон, рӯзноманигор ва нависандаи англис)

Аксар вақт рӯзноманигорон ба мо муроҷиат менамоянд, ки  ҳуқуқҳои марбут ба фаъолияти касбиашон вайрон мегардад. Аммо на ҳама рӯзноманигорон дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ, ки қонунгузорӣ мушаххас намудааст, огаҳӣ доранд.

Бо пайдоиши вируси COVID-19 аксари рӯзноманигорон наметавонанд иттилооти қобили эътимодро ба даст оранд то ӯҳдадориии хешро анҷом дода, ҷомеаро огоҳ созанд. Ҳолатҳое буданд, ки ВАО  барои вайрон кардани меъёрҳои касбию ахлоқӣ айбдор карда мешуд, вале на барои онки журналистон ҳуқуқҳои худро намедонанд, балки бо эҳтимоли зиёд соҳибони иттилоот худ намедонанд, ки ҷустуҷӯ, дастрас, коркард ва паҳнсозии иттилоот ҳуқуқ ва ӯҳдадории аслии рӯзноманигорон буда, онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Айни ҳол бояд ВАО хотиррасон намояд, ки фаъолияти қонунии рӯзноманигор  дар ҷустуҷӯ, дарёфт, омода ва паҳни иттилоот бидуни фошсозии сир, поймолсозии шаъну шараф, эътибори корӣ ва дахл накардан ба ҳаёти шахсӣ асос ёфтааст.

 Дигарон бояд донанд, ки ҳангоми пешниҳоди шаҳодатномаи расмӣ рӯзноманигор ҳуқуқ дорад ба ҷойҳои ҷамъиятӣ равад, дар маҷлисҳои кушоди судӣ ширкат варзад, аксу видео бардорад, бо шахсони мансабдор мусоҳиба намояд ва дар биноҳои давлатӣ ҳузур пайдо кунад. Истилоҳи “ҷамъиятӣ” дар Кодекси гражданӣ ба маънои “давлатист” ва агар бино аз давлат бошад, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он моликияти халқ маҳсуб мешавад (албата тибқи қонунгузорӣ манъ набошад).

Дар ин матлаб мо дақиқан шарҳ медиҳем, ки журналистон дорои кадом ҳуқуқҳо ҳастанд ва дар чаҳорчуби фаъолияти касбӣ дорои кадом уҳдадорӣ мебошанд.

Ҳуқуқҳои журналистон аз моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар он гуфта шудааст:

“Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.”

Ва инчунин ӯҳдадориҳое, ки дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас шудааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.”

ВАО ва рӯзноманигорон дорои қонунҳои соҳавӣ буда, фаъолияти ВАО тибқи ин қонунҳо аз таъсис то барҳамдиҳӣ танзим мешавад. Аз ҷумла  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”. Қонунҳои номбаршуда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои рӯзноманигоронро ба таври равшан мушаххас намудаанд.

Аммо қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ниёз ба таҳрири нав дорад. Зеро имрӯз телевизиони мо ба пахши рақамӣ мегузарад ва дар ин соҳа бозингарони нав пайдо мешаванд, вале ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои бозингарони нав дар қонуни амалкунанда номушаххас аст. Аз ин рӯ, ВАО ва рӯзноманигорон бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” такя намоянд, зеро, ин қонун соли 2013 қабул шуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои журналистон дар ин қонун возеҳ ифода ёфтааст. Масалан,

Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои журналист

  1. Журналист ҳуқуқ дорад:

— ахборро ҷустуҷў, дастрас, таҳрир  ва интишор намояд;

— вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад;

— ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;

— бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;

— зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;

— аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад;

— иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд;

— барои ройгон дастрас намудани  иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;

— аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ў, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;

— оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугў кунад.

Моддаи 29. Ўҳдадориҳои журналист

Журналист ўҳдадор аст:

— оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рўи нишондодҳои он амал намояд;

— саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;

— пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;

— хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

— иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

— ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;

— ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ўро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;

— воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади   дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурўғ, маълумотҳои тўҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

Рӯзноманигорон инчунин метавонанд аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонун истифода баранд (моддаи 28, қисми 2). Масалан:

ҳуқуқи ошкор накардани манбаи иттилоъ (моддаи 27);

– воситаҳои ахбори омма эҷодиёти муаллифонро бо риояи ҳуқуқи муаллифӣ истифода карда метавонанд. (моддаи 25, сархати 1);

-пас аз дастрас намудани аккредитатсия (парвона) дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо иштирок намояд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарурӣ онҳоро нусхабардорӣ намояд (моддаи 30 сархати2).

Ба рӯзноманигорон тавсия медиҳем, ки зимни фаъолияти касбӣ бо худ шаҳодатномаи корӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз ҷойи кор  дошта бошед. Дар ҳолати ҳузур дар ҷойҳои серодам камзули бо навиштаи “PRESSА” ба бар намуданро фаромӯш накунед, либос ва пойафзоли бароҳат бипӯшед, дар воситаи нақлиёти хидматӣ номи расонаро часпонед ва албатта дар вазъияти кунунӣ зимни инъикоси беморхонаҳое, ки  гирифторони вируси COVID-19-ро табобат менамоянд, либоси махсуси муҳофиҳатӣ ба бар намоед.

Дар қонунгузорӣ метавон ба ибораи “ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун манъ кардааст” рӯ ба рӯ шуд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» чунин маҳдудиятҳо ҷой доранд, ки ВАО ва рӯзноманигорон ҳақ надоранд аз чаҳорчубаи он берун шаванд.

Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зўрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст (моддаи 6);

-Бе нишон додани маълумоти воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маҳсули онҳо манъ аст (моддаи 16 сархати 2);

маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намудан манъ аст (моддаи 26 сархати 2);

дар хабар натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор додан мумкин нест (моддаи 26 сархати 3);

бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кардан мумкин нест, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад (моддаи 26 сархати 4).

Табиист, ки дар сурати риоя накардани меъёрҳои қонун, ВАО ё рӯзноманигорро метавонанд тибқи кодекси гражданӣ ё маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашанд, ҳатто то ҷавобгарии ҷиноятӣ (вобаста аз категорияи ҷиноят).

Аммо дар вазъияти мавҷуда васоити ахбори оммаи тоҷик ва рӯзноманигорон ба хотири ҳифзи худ аз эҳтиёт кор мегиранд.

Дар матлаби навбатӣ, мо мекӯшем шуморо дар бораи он маҳдудият ва мамнӯъиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ВАО ва рӯзноманигорон пешбинӣ кардаанд, сухан бигӯем. Ҳушёр ва эҳтиёткор бошед. Ба фаъолияти пурмаҳсул орзумандем!

Ранжет Ятимов ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома”