Таваҷҷуҳ! Эълони озмун!

1927

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои рӯзноманигорону блогерони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва Душанбеву навоҳии тобеи марказ баҳри ширкат дар мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот дар доираи лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” озмун эълон менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад.

Мақсади омӯзиш, расонидани донишҳои касбӣ оид ба инъикоси дурусти масоили низоъбарангез ва ҳамзамон паст кардани шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиёни машғулиятҳо бояд донишҳоеро аз худ кунанд, ки барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд. Дар доираи барномаи таълимии мактаб ба иштирокчиён бехатарии рақамӣ ва ҷисмонӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо коршиносон оид ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, роҳҳои дастрасӣ ба иттилоот ва меъёрҳои ахлоқии журналистиро меомӯзонанд.
Омӯзиш дар барномаи таълимӣ пурра ройгон аст.

Танҳо он иштирокчиёне, ки пурра даври омӯзиширо мегузаранд (2 тренингро), имкон пайдо мекунанд дар озмуни грантӣ иштирок карда, барои сохтани матлаб соҳиби грант шаванд.

Барои иштирок дар барномаи омӯзишӣ хоҳишмандон бояд линки/ссылка як матлабашонро оид ба инъикоси низоъ, ҳамчунин эссе дар мавзӯи “Барои чӣ ман иштирокамро дар ин барнома зарур меҳисобам?” ва маълумотномаашонро (CV) ба нишонии lolamerganova8(at)gmail.com равон кунанд.
Нафарони интихобшуда тариқи почтаи электронӣ ва инчунин телефон оид ба санаҳои баргузории омӯзишҳо дар Душанбе ва Хуҷанд хабардор карда мешаванд.
Телефон барои тамос 227-34-78, 98-526-84-20.
Муҳлати қабули дархостҳо то соати 17.00 12 июли соли 2020.

ВНИМАНИЕ! КОНКУРС!

Общественная организация “Хома” объявляет конкурс среди журналистов и блогеров Хатлонской и Согдийской областей, ГБАО, Душанбе и районов республиканского подчинения на участие в Медиашколе миростроительства и коммуникаций в рамках проекта «Усиление устойчивости к радикализации и дезинформации в Центральной Азии», финансируемого Европейским Союзом и реализуемого Internews.

Цель обучения – дать профессиональные знания для правильного освещения конфликтов, не усиливая напряженность. Участники медиашколы должны получить знания, которые будут способствовать устранению конфликта ненасильственным путем. В рамках учебной программы участники освоят цифровую и физическую безопасность, правильное использование социальных сетей, поддержку сотрудничества с экспертами противодействия насильственному экстремизму (ПНЭ), доступ к информации и нормы журналистской этики в освещении данных вопросов.
Обучение в программе полностью бесплатное.

Только участники прошедшие полный курс обучения (2 тренинга), будут иметь возможность принять участие в грантовом конкурсе и стать обладателями грантовой поддержки для создания своего материала.
Для того, чтобы стать участником медиашколы, необходимо прислать ссылку на один свой материал по освещению конфликта, эссе на тему “Почему я считаю необходимым своё участие в данной программе?” и резюме (CV) на электронный адрес lolamerganova8(at)gmail.com.

Телефон для справок 227-34-78, 98-526-84-20.
Срок принятия заявок до 17.00 часов 12 июля 2020 года.