Рӯзноманигорони Суғд журналистикаи ҳассосро меомӯзанд

0
2181

Дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд омӯзиши серӯзаи амалӣ дар мавзӯи “Муносибат ба мавзӯҳои ҳассос ва низоъбарангез зимни инъикоси муноқишаҳои байниқавмӣ ва динӣ” оғоз шуд. Дар он 12 нафар журналситон аз ВАО-и шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят иштирок менамоянд. Таи се рӯз аз ҷониби тренерони ВАО Нуриддин Қаршибоев ва Ҷамшед Марупов ба иштирокчиён оид ба фаҳмиши низоъ, сабабу оқибатҳои он, инъкоси масоили низоъбарангез дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кор бо манбаҳои иттилоотӣ, нақши расонаҳо дар танзиму аз байн бурдани низоъ маълумоти васеъ пешниҳод мегардад.

Коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён ба иштирокдорон доир ба истифодаи манбаҳои иттилоотӣ ва кор бо коршиносони масоили динӣ, моҳияти исломи сиёсӣ ва ташкилотҳои террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ, омилҳои нав дар самти бехатарӣ, мафҳумҳои радикализм, экстремизм ва терроризм маълумот дода, ҳамзамон хатогиҳоеро, ки журналистон зимни инъикоси мавзӯҳои хассос ба онҳо роҳ медиҳанд, баррасӣ хоҳад кард.

Иштирокчиён масоили бехатарии шахсӣ ва рақамии журналистро ҳангоми инъикоси мавзӯҳои хассос омӯхта, инчунин қолабҳои матолиби чандрасонаиро барои беҳтар намудани сифати матлабҳояшон аз худ менамоянд.

Интизор меравад, ки пас аз омӯзиш журналистон қоидаҳои ҳирфавии таҳияшуда ва меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, оянда матлабҳои касбии рӯзноманигорӣ месозанд ва дар онҳо беғаразӣ, дақиқият ва масъулиятпазирӣ мушоҳида хоҳад шуд.

Шарҳ: Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ”-ро амалӣ менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад. Лоиҳа дар заминаи барномаи қаблии “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна” роҳандозӣ гардида, барои дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, ки ба тақвиятбахшии устувории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ нисбат ба ифротагароӣ ва маълумоти бардурӯғ мусоидат мекунанд, равона шудааст.