Зарурияти ҳуқуқии ба танзим даровардани дастрасӣ ба иттилооти судӣ.

305

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояхои  умумии дастрасӣ ба иттилоотро кафолат додааст. Тибқи  қонунгузории амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи дастрас ва интишор намудани ахборро дорад,  мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ новобаста аз шакли моликият, тартиби ташкил, инчунин шахсони мансабдор вазифадоранд ба шаҳрвандон иттилооти талабкардаашонро дастрас намояд.

Дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”  аз  санаи 18- уми июни соли 2008 мафҳуми “иттилоот”  шарҳ дода шудааст,  ки дар асоси он иттилоот ин маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо  ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзур гардидаашон, мебошад. Мафҳуми «ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» бошад дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба итилоот», шарҳ дода шудааст, ки дар асоси он ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ин ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷўстуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст овардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд – мақомот ва ташкилотҳо), шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд.

Зимнан бояд қайд намуд, ки дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”  ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дастрас намудани иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо пешбинӣ нашудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар бораи фаъолияти судҳо, тартиби амалии ошкоро гузаронадани мурофиаҳои судӣ, дар бораи санаду карорҳои дахлдори судҳо, ки бевосита хусусияти муҳими ҷамъиятӣ доранд ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон маҳдуд аст.

Ошкоро будани муҳокимаи судӣ, саривақт ва холисона иттилоотонидани ҷомеа дар бораи фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ  ва яке аз воситаҳои нигоҳдошти  боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ буда, иҷрои вазифаҳои мурофиаи судиро барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  таъмин менамояд.

Яке  аз усулҳои таъмин намудани дастрасии рўзноманигорон  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ба иттилооти судӣ,  ба  шахсоне, ки дар маҷлиси ошкорои суд ҳузур доранд, новобаста аз шахси иштирокчии мурофиа будан ё  набудани онҳо, кафолат додани  ҳуқуқи сабти рафти муҳокимаи суд бо тартиб ва шакли дар қонунгузорӣ пешбинишуда  ва имконияти ҳуқуқии шинос намудани онҳо бо санадҳои судӣ мебошад. Бинобар ин ба судҳо зарур  аст,  ки  ба  ҳамаи  шахсони  дар  маҷлиси ошкорои судӣ ҳузурдошта ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барои  ба  амал  баровардани  чунин  ҳуқуқ  шароитҳои баробар  фароҳам  оваранд.

Иштироки  намояндагони воситаҳои ахбори омма дар муҳокимаи ошкорои судӣ бо мақсади гирифтани маълумот нисбат ба парванда  яке аз тарзҳои ҷустуҷўй ва ба даст овардани иттилоот мебошад, ба ворид шудани онҳо ба толори маҷлиси судӣ монеагӣ эҷод кардан бо асосҳои мансубияти касбӣ, мавҷуд набудани аккредитатсия ва ё асосҳои дигаре, ки бо қонун пешбинӣ нашудааст, манъ аст.

Иттилооти судӣ чунин намуди иттилооте мебошад, ки  ба гуруҳи иттилооте дохил карда шудааст, ки маҳдуд карда намешавад ва чунин иттилоот бояд, ки озодона дастраси аҳли ҷомеа, аз ҷумла рўзноманигорон бошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде, ки як қатор судҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо сомонаи расмии худро дошта бошанд ҳам, вале дар  сомонаи бисёри онҳо иттилооти зарурӣ оиди фаъолияти судӣ ҷой дода нашудааст, ки ин ҳолат   метавонад принсипҳои дастрасӣ ба иттилоот,  ҳуқуқи дастраси ба итилооти шахс ва ошкор будани мурофиаи судӣ халалдор кунад.

Огоҳонидани аҳли ҷомеаи гражданӣ, махсусан рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси суд дар марҳилаҳои гуногуни судӣ, ошкоро эълон кардани санадҳои судӣ, имконияти озодона шинос шудани рўзноманигорон бо  санадҳои судӣ, таъсис додани сомонаи Интернетӣ бо ҷой додани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамуда дар сомонаҳои расмии судҳо  талаботҳои муҳими дастраси ба иттилооти судӣ мебошанд.

Ҳарчанд, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи  судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ  ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” аз  санаи 29 сентябри соли 2014 таҳти  №6  қабул гардида бошад ҳам, аммо қарори номбурда ҳамаи масъалаҳои марбут ба дастраси ба иттилооти судиро ба танзим надаровардааст. Конунхои амадкунандаи  Чумхурии Точикистон ғояхои  умумии дастраси ба иттилоотро кафолат додаанд, аммо оид ба дастраси ба иттилооти судӣ ягон санади қонунгузории алоҳида  то инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  амал намекунад. Таҷрибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил нишон медиҳад, ки дар қисме аз ин давлатҳо қонуни алоҳида оиди дастраси ба иттилооти судӣ қабул гардидааст. Чунончи, дар Федератсияи Россия аз санаи 22-уми декабри соли 2008 инҷониб Конуни федерали «Оид ба таъмини дастраси ба иттилоот вобаста ба фаъолияти судҳо дар ФР» амал менамояд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъмини дастраси ба иттилооти судиро конун «Дар бораи иттилоот» ки 16 ноября 2015 кабул шуда буд ба танзим медарорад. Конуни мазкур бо меъерҳои алоҳида дар масалаи тариқи шифоҳи, хатӣ ва электрони барои гирифтан маълумот оид ба фаъолияти судҳо имконият медиҳад. Инчунин дар  Ҷумҳурии Қирғизистон як лоиҳаи қонун “Дар бораи дастрасии маълумоти судӣ” таҳияи шуда истодааст, ки дар он масъалаҳои дастраси ба итилооти судӣ танзим мешаванд.  Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон як қатор қонунҳои марбут ба дастраси ба иттилоот амал менамоянд,  аз ҷумла  қонунҳо оид ба “Кафолат ва озодии дастрасии маълумот”, “Дар бораи принсип ва кафолатҳои озодии маълумот” ва «Дар бораи ошкор будани идора ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ» ки 5 маи 2014 сол кабул шуда буд. Қонуни мазкур дар моддаи 17 кафолат медиҳад ба воситаҳои ахбори омма барои дастраси кардани иттилоот аз макомотҳои давлатӣ инчунин аз мақомотҳои судӣ оид ба фаъолияти онҳо. Макомотҳои давлатӣ дар асоси қонуни мазкур ӯҳдадоранд ба воситаи ахбори омма маълумоти заруриро саривакт таъмин намоянд.

Ба назари мо, масъалаҳои марбут ба дастраси ба иттилооти судиро дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намудан зарур аст.  Бо назардошти асосҳои дар боло овардашуда, ба мақомоти ташаббуси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавсия   медиҳем, ки дар атрофи масъалаи  таҳия намудани қонуни алоҳида оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти судӣ ташабус нишон диҳанд ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи гражданӣ  лоиҳаи қонуни номбурдаро таҳия намуда, барои қабул ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Ба назари мо, фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои дастрасии рӯзноманигорон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шаҳрвандон  ба иттилооти судӣ,  амали гардонидани ҳуқуқи  онҳо ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилооти судӣ ва ба даст овардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти судҳо  яке аз кафолатҳои конститутсионии таъмин намудани озодии матбуот ва ҳуқуки озодона дастраси намудани иттилоот мебошад.

Муаллифон: