Инъикоси дурусти масоили ҳассосро меомӯзем

0
2428

Рӯзи дуюм аст, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими муқобилият ба ифротгароӣ ва хабарҳои бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ” донишу малакаи худро дар инъикоси масоили ҳассос ва амнияти рақамию ҷисмонӣ ғанӣ гардонида, ҳамзамон роҳҳои ҳамкорӣ бо коршиносон, рӯзноманигорон ва блогерҳо, истифодаи самараноки манбаҳои иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоиро аз худ менамоянд.

Имрӯз тренер ва коршиноси ВАО Нуриддин Қаршибоев ба иштирокчиён дар бораи шабакаҳои муоширати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, моҳияти васоити ахбори иҷтимоӣ, истифодаи муфиди шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории фаъолони шаҳрвандӣ дар самти ҳалли масъалаҳои ҳассос, мушкилиҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми ҳалли мавзӯъҳои ҳассос, имкониятҳои қолабҳои чандрасонаӣ дар инъикоси масоили ҳассос, хусусиятҳои фазои иттилоотии имрӯза ва дигар паҳлуҳои ин масъалаҳо суҳбат намуданд.

Коршиноси масоили динӣ Саидаҳмад Қаландаров дар хусуси амнияти иттилоотӣ, мафҳумҳои радикализм, экстремизм ва терроризм, муҳиммияти фазои иттилоотӣ дар марҳилаи кунунӣ, моҳияти исломи сиёсӣ ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот доданд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Internews татбиқ мекунад.