Интихоботи президентӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар аст.

0
2329

Интихоботи президентӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар аст. Натиҷаи ин интихобот роҳи минбаъдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, нақшаҳои рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии иҷтимоии аҳолиро муайян мекунад. Аз ин рӯ, диққати шаҳрвандони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин чорабинӣ ҷалб гашта,инъикоси ҷараёни тамоми маъракаи интихобот ба зиммаи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма (минбаъд ВАО ) гузошта мешавад.

Азбаски мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзҳо  дар арафаи интихоботи навбатии президентии кишвар қарор дорем,  дар доираи  қонунгузории амалкунандаи ҶТ  донистани чигунагии инъикоси ин маъракаи муҳимро барои рӯзноманигорон ва намояндаҳои ВАО, шарт ва зарур мешуморем . Дар поен мо кӯшиш хоҳем кард, ки ба саволҳои маъмулии оид ба ин  мавзӯъ посух гӯем.

Саволу – ҷавоб

Кӣ метавонад ба президентӣ номзад шавад?Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни конститутсионии Ҷ Т «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзад бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:- номзад на камтар аз 30 сола бошад- танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад-маълумоти олӣ- донистани забони давлатӣ – ҳадди аққал 10 соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ зиндагӣ кардааст. 

“Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намоян­дагони Маҷлисҳои вакилони  халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳуриро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад”.

“Номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад”. “Ба мансаби Президент шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд ва он мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун бардошта ё ботил карда нашудааст, ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд”.

“Худпешбарӣ” дар қонунгузории ҶТ пешбинӣ нашудааст.

Рӯзноманигорон ва ВАО чӣ гуна метавонанд фаъолияти комиссияҳои интихоботиро инъикос кунанд?Журналистон ва намояндагони ВАО метавонанд фаъолияти худро тибқи моддаҳои 28, 29, 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма” амалӣ кунанд. Тибқи моддаи 28, журналист ҳуқуқ дорад;

— ахборро ҷустуҷў, дастрас, таҳрир  ва интишор намояд;

— вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад;

— ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;

— бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;

— зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;

— аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад;

— иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд;

— барои ройгон дастрас намудани  иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;

— аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ў, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;

— оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугў кунад.

Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 29 ҳамин қонун рӯзноманигорро ӯҳдадор мекунад, ки;

— оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рўи нишондодҳои он амал намояд;

— саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;

— пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;

— хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

— иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

— ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;

— ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ўро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;

— воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади   дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурўғ, маълумотҳои тўҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

Моддаи 30. Аккредитатсия журналистони воситаҳои ахбори омма

  1. Воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, метавонанд намояндагони худро дар онҳо ҳамчун журналист аккредитатсия намоянд.
  2. Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ин мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо иштирок намояд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарурӣ онҳоро нусхабардорӣ намояд.

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ чист, ВАО бояд чӣ гуна маводи ташвиқотии номзадҳоро нашр кунанд? “Ташвиқоти  интихоботӣ фаъолиятест, ки дар давоми маъракаи интихоботӣ гузаронида мешавад ва ҳадафаш ҳавасмандкунӣ ё ҳавасманд кардани интихобкунандагон барои овоздиҳӣ ба тарафдории номзад, номзадҳо ё зидди ӯ ё зидди ҳамаи номзадҳо мебошад.”Тибқи Қонуни Конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамаи номзадҳо бояд фаъолияти худро кушода ва ошкоро анҷом диҳанд.Ташвиқоти  пешазинтихоботӣ аз лаҳзаи сабти номи номзад дар КМИ оғоз меёбад.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷунбишҳои оммавӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба тарафдорӣ ё зидди ҳар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқот бурданро кафолат медиҳад”.

Ташвиқот дар рӯзи интихобот манъ аст.

“Ҳамаи қарорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент дар давоми ҳафт рўз аз лаҳзаи  қабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд”.

Ҳама номзадҳо ҳуқуқи баробари истифодаи воситаҳои ахбори оммаро бо мақсадҳои ташвиқотии худ, аз ҷумла вақти ройгони эфирро доранд, ки давомнокии он мувофиқи қонун пешбинӣ мешавад.

Ҳангоми интишори мавод дар бораи интихобот, намояндагони ВАО бояд бетараф бошанд, ба ин ё он номзад бартарӣ надиҳанд.

Чӣ гуна рӯзноманигор  метавонад раванди овоздиҳиро аз қитъаҳои интихоботӣ инъикос кунад?

Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ҳуқуқи иштирок дар вақти овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ ва инъикоси ин чорабиниро доранд. Ба рӯзноманигор манъ аст:- ба интихобкунандагон додани бюллетенҳои овоздиҳӣ ;- бо дархости интихобкунанда пас аз гирифтани бюллетен имзо гузоштан;- бюллетени интихоботро бо дархости интихобкунанда пур кардан;- иҷрои ҳама гуна амалҳое, ки ба махфияти овоз халал мерасонанд;- ташвиқ кардан. Рӯзноманигор чӣ гуна метавонад рафти ҳисобкунии овозҳоро пас аз овоздиҳӣ инъикос кунад?Овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ аз соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, соати 20:00 ба итмом мерасад.

“Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихоботӣ оиди ҳар номзад алоҳида-алоҳида  сурат мегирад”.

Натиҷаҳои пешакии интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дар давоми 24 соат пас аз ба охир расидани интихобот тавассути ВАО эълон мекунад. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии ҶТ, пас аз тасдиқи КМИ, дар матбуот на дертар аз 10 рӯз пас аз ба охир расидани интихобот интишор карда мешаванд. Чӣ бояд кард, агар шумо бо сабаби фаъолияти касбии худ ба таҳдид ё фишор дучор гаштед?Рӯзноманигор ва фаъолияти ӯ аз ҷониби қонун ҳифз карда мешаванд.Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.Дар Кодекси ҷиноятии ҶТ барои ҳимояи журналистон моддаи алоҳидае пешбинӣ шудааст, ки дар он омадааст:Моддаи 162. “  Монеъ  шудан  ба  фаъолияти қонунии касбии журналистон 1)  Дар  ҳар  шакле, ки набошад монеъ  шудан ба фаъолияти қонунии  касбии журналист, ҳамчунин  маҷбур намудани  ў  барои  паҳн кардан  ё  рад  намудани пахши иттилоот, ки бо  таҳдиди  зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар  таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро  ниҳон  дорад,  алоқаманд аст, ҳамчунин  бо  роҳи  таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,‐ бо  ҷарима ба андозаи аз панҷсад то  ҳаштсад  нишондиҳанда  барои  ҳисобҳо ё бо  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 2 )Ҳамин кирдор, агар: а) бо зўроварӣ; б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк; в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,‐ бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан  аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба  мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”.Агар шумо бо сабаби фаъолияти касбии худ ба таҳдид ё фишор дучор шудед, шумо метавонед ҳамаи далелҳои ҳуқуқвайронкуниро ҷамъ карда, озодона ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунед.

Ҳуқуқшинос: Хуршед Қурбоншоев