Дар бораи мо

1014

Фаъолияти мо аз чӣ иборат аст?

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” соли 2003 бо мақсади мусоидат ба рушди касбии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” – ин ташкилоти ғайриҳукуматӣ, ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ ва худидоракунанда мебошад.

Ҳайати ТҶ “Хома” дар самти таҳия, татбиқ ва идоракунии лоиҳаҳои рушди ВАО, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони ВАО, семинарҳои минтақавӣ, мизҳои мудаввар, озмунҳо барои рӯзноманигорон, таҳқиқот, сафарҳои омӯзишӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои мубрами соҳа кор мебаранд. Ташкилот дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва дастгирии ВАО корҳои назаррас анҷом медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои амалинамудаи ТҶ “Хома” наздики 1000 рӯзноманигор ширкат варзида, беш аз 60 коршиноси ватанӣ ва хориҷӣ аз ВАО ва дигар соҳаҳо ба ҳайси тренер ва машваратчӣ дарс гуфтаанд.

Баҳори соли 2010 ТҶ “Хома” аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома (лицензия) ба даст овард. Дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» як маркази оммавӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи ВАО амал мекунад. Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин узви Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти ТҶ “Хома” дар якчанд самт амалӣ мегардад.

Самти омӯзиш

Дар миёни лоиҳаҳои муваффақона ба итмомрасидаи ташкилоти мо се лоиҳаи бузург мавҷуданд. Яке аз онҳо лоиҳаи «Маркази рушди таълими рӯзноманигорӣ» (2013-2014) аст, ки ҳамчун як платформаи алтернативии таълимӣ барои ВАО хидмат мекунад. Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” онро бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ намуд.

Ҳадафи асосии лоиҳа ҳалли мушкили норасоии кадр дар соҳаи васоити ахбори оммаи дохилӣ буда, дар доираи лоиҳа омӯзиши 4 гурӯҳи рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳаи телевизион аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ гардид.

Давоми 8 моҳ иштирокчиёни лоиҳа омӯзиш дида, тӯли ин муддат барояшон корҳои мустақилона дода мешуд ва фосилавӣ роҳнамоӣ мегардиданд.  Дар доираи лоиҳа 60 рӯзноманигори васоити ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, инчунин тарроҳон, кормандони студияи телевизионӣ омӯзонида шуданд.

Тамоми тренингҳо дар доираи ин лоиҳа бо машқҳои амалӣ ва омода кардани як қатор корҳо анҷом шуданд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа, иштирокчиён беш аз 25 сужа ва гузоришҳои телевизионӣ омода намуда, 10 лоиҳаи графикӣ, 2 барномаи омӯзишӣ дар студияи телевизион таҳия карданд.

Ин лоиҳа беҳамто буда, дар таърихи телевизиони тоҷик бори аввал  амалӣ шуд. Дар байни рассомон ва тарроҳони графикӣ як ҳавзаи тарроҳони телевизион ба вуҷуд омаданд, ки ширкатҳои телевизионии кишвар ба онҳо ниёз доштанд.

Лоиҳаи дуввум “Таъсиси пойгоҳи миллӣ барои медиа-тренерон” буд, ки ба эҷоди пойгоҳи омӯзишӣ ҳамчун шакли алтернативии таълим мусоидат кард.

Лоиҳа солҳои 2011-2012 бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мактаби олии журналистикаи назди Мактаби олии иқтисодии Русия ва Мактаби олии журналистикаи Молдова амалӣ карда шуд. Он барои ҳавасмандгардонӣ ва рушди соҳаи ВАО дар Тоҷикистон тавассути ташкили як ҳавзи медиа-тренерон дар тамоми соҳаҳо: радио, ТВ, ВАО-и чопӣ ва журналистикаи ҳамгироишуда нигаронида шуд, 14 иштирокчии лоиҳа натанҳо дар кори муштарак бо аудиторияи калонсол, балки зиёда аз 10 модулҳои омӯзиширо таҳия карданд, ки дар гурӯҳҳои фокусӣ дар васоити ахбори оммаи шарикон санҷида шудаанд. Дар доираи лоиҳа, ду тренинги таълимӣ бо роҳнамоии фосилавӣ ва кори мустақилонаи медиатренерони оянда гузаронида шуданд.

Лоиҳаи сеюм-ин як лоиҳаи азим дар самти журналистикаи иқтисодӣ мебошад, ки тӯли солҳои 2009-2010 бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи сармоягузорӣ барои Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи байналмилалии ташкилоти Интернюс Европа барои “Боло бурдани касбият ва нуфузи иҷтимоӣ, ассотсиатсияҳои миёнарави тиҷорати Тоҷикистон” рӯйи кор омад.

Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа ду мактаби журналистикаи иқтисодӣ, ду конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва ВАО, як қатор тренингҳо оид ба рушди маркетинг ва менеҷменти муассири ВАО барои менеҷерони ВАО-и ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор гардиданд. Барои намояндагони васоити ахбори омма ва сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон сафаре ба Фаронса барои шиносоӣ бо кор дар соҳаи истифодаи ТИК ташкил карда шуд. Барои тадбиқи лоиҳа мутахассисони ботаҷрибаи ВАО аз Британияи Кабир, Русия, Молдова ва Тоҷикистон даъват гардида буданд.

Дар тамоми давраи лоиҳа намояндагони зиёда аз 40 васоити ахбори оммаи кишвар ҷалб шуда, дар доираи лоиҳа зиёда аз 80 маводи касби журналистӣ оид ба мавзӯҳои иқтисодӣ омода карда шуд.

Сафарҳои омӯзишӣ

Тақрибан ҳамасола ҳадди аққал се нафар аз мақомоти ғайриҳукуматӣ ва давлатӣ дар сафарҳои омӯзишӣ дар мавзӯҳои вобаста ба ВАО ширкат мекунанд.

Сафари омӯзишӣ ба Булғористон оид ба тақсим ва танзими басомадҳои телевизионӣ ва радио – 2008.

Сафари омӯзишӣ ба Украина оид ба таҷрибаи ташкили ассотсиатсияҳои ВАО – феврали соли 2009.

Сафари омӯзишӣ ба Эстония ва Булғористон оид ба дастрасии иттилоот ва ВАО – июли соли 2009.

Сафари омӯзишӣ ба Литва оид ба дастрасии иттилоот – сентябри 2010.

Сафари омӯзишӣ ба Фаронса барои намояндагони васоити ахбори омма ва сохторҳои тиҷорати Тоҷикистон барои шиносоӣ бо кор дар соҳаи истифодаи ТИК – июни соли 2010.

Сафари омӯзишӣ “Гузариш ба пахши рақамӣ. Таҷрибаи Латвия”- майи 2011.

Дастгирии ҳуқуқӣ

Дар доираи лоиҳаҳои ҳуқуқии ТҶ “Хома” қонунгузории амалкунанда таҳлил гардида, машварати ҳуқуқӣ пешниҳод мешавад. Барои рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи ВАО мизҳои мудаввар ва конфронсҳо ташкил мегардад.

Яке аз чунин лоиҳаҳои ҳуқуқӣ “Таъсири ВАО дар шароити қонунгузории маҳдудкунанда” мебошад, ки оғози амалишавии он ноябри соли 2006 буд.

Аз моҳи октябри соли 2009  лоиҳа бо дастгирии молиявии USAID кори худро идома дод. Ҳадафҳои асосии лоиҳа беҳтарсозии меъёрҳои қонун дар соҳаи ВАО, густариши қобилияти васоити ахбори омма дар заминаи қонунгузории маҳдудкунанда ва беҳтар кардани дастрасии васоити ахбори омма ба санадҳои  соҳаи ВАО буданд. Дар доираи лоиҳа масъалаҳои мубрами соҳаи ВАО дар конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо муҳокима гардид.

    Ташкилоти ғайридавлатии “Хома” тӯли солҳои дароз фаъолона мавзӯи ғайриҷиноӣ кардани тӯҳмату таҳқирро ба миён гузоштааст. Дар натиҷаи корҳои васеъмиқёс оид ба ғайриҷиноӣ кардани тӯҳмату таҳқир моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноятӣ ба категорияи ҳуқуқвайронкунии гражданӣ гузаронида шуд.

10 марти соли 2011 дар мулоқот бо рӯзноманигорон ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки моддаҳои 135 (тӯҳмат), 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси гражданӣ гузарад, ки тибқи он журналистонро барои тӯҳмат ва таҳқир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин аст.

Дар он чорабинӣ директори иҷроияи ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова аз ҷониби Президенти кишвар бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

 ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ

Ток-шоуи телевизионии “Тавозун”

Бо шарофати лоиҳаи байналмилалии ташкилоти “Интернюс Европа” “Такмили касбият ва таъсири ҷамъиятии ассотсиатсияҳои миёнаравии тоҷирони Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар телевизиони тоҷик ток-шоуи “Тавозун” (Balance) ҳамчун як қисми барномаи сармоягузорӣ барои Осиёи Марказӣ ба миён омад. “Тавозун” барномаи иқтисодӣ дар ТВ Сафина бо фарогирии қариб 90% пешниҳод гардид ва тавассути муҳокимаи мушкилоти ҷорӣ ва мураккаби иқтисодии кишвар аудиторияи худро ба даст овард. Барандаи барнома директори иҷроияи ТҶ “Хома”, рӯзноманигори ботаҷриба Шаҳло Акобирова буд.

Ҳадафҳои асосии ток-шоу-и “Тавозун” баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи ислоҳоти муҳими иқтисодӣ, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайванданд ва ба роҳ мондани робитаи байни ВАО ва ҷомеаи соҳибкорӣ барои табодули беҳтари иттилоот буд.

Дувоздаҳ мавзӯи ток-шоу-и “Тавозун” ба масъалаҳои ҷории иқтисодии Тоҷикистон бахшида шудааст ва барои муҳокимаи онҳо беш аз 100 коршинос ва мутахассиси соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бизнес ва созмонҳои байналмилалӣ даъват карда шуданд.

Барномаи таҳлилии телевизионии “Инсон ва Иқлим”

Бо дастгирии “Act Central Asia” ва ТҶ «Хома» дар шабакаи телевизионии Ҷаҳоннамо барномаи таҳлилии «Инсон ва Иқлим» пахш гардид. 12 барномаи 20-дақиқаӣ ба дар бораи манбаҳои барқароршавандаи энергия, шӯразании замин бинобар тағирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба шароити нав дар шароити тағирёбии иқлим ва дигар мушкилоти экологии марбут ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон бахшида шуда буданд.