Нишастҳои матбуотӣ ва мушкилҳои мавҷуда

45

Мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, таҳти № АП-1677 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ» мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои кишвар ӯҳдадор гардида буданд, ки ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ доир намуда, дар назди намояндагони васоити ахбори умум дар бораи фаъолияти идораву сохторҳои давлатӣ ҳисобот диҳанд. Баргузории нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ то моҳи сентябри соли 2011 идома ёфта, мутобиқи тағйироте, ки 15 сентябри соли 2011 ба ҳамин фармон ворид гардид, роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба ВАО на ҳар семоҳа, балки дар шаш моҳ як маротиба бояд доир ба натиҷаи фаъолияти корхонаву идораҳои худ ҳисобот пешниҳод кунанд.

Журналистон то куҷо аз ин имконият пурсамар истифода мекунанд? Оё потенсиали зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо барои ба даст овардани маълумоти зарурӣ аз шахсони аввали сохторҳои давлатӣ дар нишастҳои матбуотӣ кифоят мекунад. То куҷо роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҳавасманд ҳастанд, ки иттилоъ тавассути ВАО ба ҷомеа дастрас бошад. Оё нишастҳои матбуотӣ василае  барои дастрасӣ ба иттилоот ҳастанд ё не?

Бо ин мақсад нимсолаи якуми соли 2020 раванди 5 нишасти матбуотии сохторҳои муҳими давлатӣ (Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи андоз) аз ҷониби мо наворбардорӣ ва таҳлил шуд.

Мушоҳидаи мо дар нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи андоз нишон дод, ки то ҳол мушкилиҳои қаблӣ бартараф нашудаанд. Аз қабили пешниҳоди саволҳои умумӣ, дархостҳои бемаврид, сарфи вақти зиёд барои пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби роҳбарони бархе сохторҳо ва амсоли инҳо…

Намунаи саволу дархости рӯзноманигорон дар нишастҳои матбуотӣ: (Савол ба муовини раиси Хадамоти алоқа: Оё раиси хадамот дар барканории раиси шаҳри Кӯлоб саҳме дошт ё не?)

(Савол ба раиси Суди Олӣ: Як пешниҳод дорам дар робита ба таҷовузи ноболиғон. Хуб мешуд, ки ҳамаи ин нафаронро ҳабси якумра менамуданд. Шумо хуб медонед, таҷрибаи хуб доред, шоҳид ҳам ҳастед. Аксарияти онҳое ки бо ҳамин ҷиноят маҳкум мешаванд, баъди  18-20 сол ба озодӣ мебароянд, зиндагии ҳамон кӯдакон як ҳаёт месӯзад. Барои ҳамин хуб аст, ки як умр дар зиндон монанд, шояд мидқори ҳамин ҷиноят камтар шавад.)

(Савол ба вазири тандурустӣ: Чи хеле ки ба мо маълум аст, рӯзҳои охир бемории коронавирус хеле кам шудааст. Маълум мешавад, ки Шумо дар пастшавии сатҳи беморӣ қариб муваффақ шуда истодаед. Кадом омилҳоро истифода кардед, ки нисбат ба давлатҳои ҳамсоя кам аст. Риояи мардум. Тавсияи мутахассис ё чизи дигар?)

(Савол ба раиси Кумитаи андоз: Шумо ҳамчун корманди собиқадори андоз мегуфтед, ки ҳарчанд имтиёзҳо ба кишоварзон, паррвандапарварон медиҳем,   вале норозӣ мешаванд, ки ин хел мекунанду андозро зиёд мегиранд. Барои чи Кумитаи андозро дӯст намедоранд, чи бояд кард, ки Шуморо дӯст доранд?)

Намояндагони расонаҳои байналмиллалӣ дар нишастҳои матбуотӣ фаъол буда, бо саволҳои мушаххасу марбут ба соҳа ҳозир мешаванд. Вале на ҳама намояндагони расонаҳои маҳаллӣ саволҳои саҳеҳу мушаххас пешниҳод менамоянд. Дар мизи гирде, ки (11 сентябр) натиҷаи нишастҳои матбуотӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва натиҷаи назарпурсӣ оид ба фаъолияти котибони матбуотӣ арзёбӣ гардид, бархе намояндагони дафтарҳои матбуотӣ низ таъкид карданд, ки намояндагони расонаҳои байналмиллалӣ аз нишастҳои матбуотӣ дуруст истифода мекунанд, хеле фаъол ҳастанд. Аммо пешниҳоди саволҳои такрорӣ ё умумӣ аз ҷониби намояндагони расонаҳои  маҳаллӣ ба мушоҳида мерасанд.

Вақте аз ҷониби хабарнигор саволи умумӣ пешниҳод мешавад, ҳатман посӯхҳои ҳамсон ё умумиро аз ҷониби мансабдор метавон шунид.

 Ҷавоб ба савол

(Вазири тандурустӣ: …Фикр мекунам он шаҳрванд нодуруст фаҳмидааст гуфтаҳои табибро. Мумкин аст, ки дар вақти ташриф овардан ба хонаи бемор шакли сабуки беморӣ будааст аз ин хотир дар беморхона бистарӣ нагардидааст. Тавсияи Вазорати тандурустӣ ба тамоми табибони марказҳои саломатӣ ин аст, ки шакли сабуки беморӣ ё инки гумонбарони ин беморӣ дар шароити хона назорат ва табобат карда шавад.  Мақсади асосии Вазорати тандурустӣ барои шабонарӯзӣ фаъолият кардани марказҳои саломатӣ ҳам дар ҳамин аст, ки беморон ҳамарӯза аз ҷониби табибон назорат карда шаванд.)

(Муовини сардори Хадамоти алоқа: Шумо ҳақ нестед! Хадамоти алоқа ва Кумитаи телевизион ва радио барои мактабҳо таҳсили фосилавӣ амалӣ карданд. Системаи мобилӣ, интернети собитӣ рушд кардааст. Ин вобаста аз омӯзгор ва худи Вазорати маориф аст.Сифати интернет хуб аст, баъзе вақт қатъ мешавад. Ин маънои онро надорад, ки дар мо чизе нест. Ба хотири поён овардани қимати интернет моро зарур аст, ки низомеро татбиқ намоем, ки барои мо зарур аст. Кишварро ба кишвар тарзанзитӣ табдил диҳем, ҳатман  ин масъалла ҳал мешавад…)

Бо пеш омадани мушкил ё навгоние дар ин ё он сохтор, бешак, ниҳоди марбута дар маркази таваҷҷуҳи журналистон қарор гирифта, саволҳо низ меафзояд. Масъулинро зарур аст, ки паҳлуҳои ин масъалла дар мадди назар бошад ва шароит фароҳам оварда шавад, ки журналистон ба суолҳои хеш посух дарёфт намоянд. Дар ғайри сурат, беэътимодӣ ва дигар шакку шубҳаҳо меафзояд.  

Бо эътирофии  вуҷуди вируси COVID 19 дар Тоҷикистон, дар авҷи сироятёбӣ аз вазифа сабукдӯш шудани вазири тандурустӣ, муовинонаш (http://prezident.tj/node/22899) ва таъини роҳбарияти нав дар ин вазорат (http://prezident.tj/node/22901) иштироки рӯзноманигорон дар ин нишаст густурда буд. Нишасти матуботии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июли соли равон аз соати 11 то 12:12 (давоми як соату 12 дақиқа) дар толори Маркази санитарию эпидемиологӣ доир гардид.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 32 дақиқа аз фаъолияти шашмоҳаи сохторе, ки тоза роҳбариашро ба дӯш гирифта буд,  маълумот дод.

Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ 13 нафар тавонистанд савол диҳанд. Аммо чандин нафар муваффақ нашуданд, ки саволҳои худро пешниҳод намоянд. Бо вуҷуди онки нишасти матбуотӣ дар толори сохтори зертобеи ин вазорат доир шуд ва дар вақти нисфирӯзӣ доир гардид ва имкони посӯх додан ба саволи дигар рӯзноманигорон буд, вале журналистон дар назди микрафонҳои роҳрави толор буданд, вазир тарки толор кард.

Агарчи дар ҳеҷ санаде гуфта нашудааст, ки нишастҳои матбуотӣ бояд як соат идома ёбад. Аммо аксари ниҳодҳо кушиш мекунанд, ки дар давоми як соат нишасти матбуотиро  ҷамъбаст намоянд.

Таҳлили суолҳои матраҳшуда  дар 5 нишасти матбуотӣ қабл аз ҳама  нишон медиҳад, ки таҷрибаи алҳол маъмули намояндагони расонаҳои ҷаҳонӣ ба кор бурда намешавад,  яъне, бо назардошти  вақти ками ҷудошуда мувофиқа  намекунанд, ки барои рушан шудани масълаҳои муҳим, кӣ ва бо кадом  тартиб саволҳо бояд  пешниҳод гардад. Саволи муҳимтарини рузноманигорӣ  “Барои чӣ?” ва  “ …онро шарҳ диҳед”  кам ба назар мерасад.

Номи ниҳод Саволҳои касбӣ Саволҳои умумӣ Саволҳо берун мавзӯъ Ҳамагӣ
Хадамоти алоқа 7 5 2 14
Прокуратураи генералӣ 13 7 2 22
Вазорати тандурустӣ 10 9 5 24
Кумитаи андоз 14 6 2 22
Суди олӣ 12 3 2 19
Ҳамагӣ 56 32 13 101