Тренинг барои фаъолсозии блог

209

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои фаъолсозии блогҳои муаллифӣ рӯзҳои 23-25 сентябри соли 2020 тренинг доир намуд.

Дар доираи барномаи омӯзишӣ, директори оҷонсии “Subzee” Сайрам Нодиршоева ба иштирокчиён кӯмак намуд то блогҳои худро барои истифодабарандагон соддаву мувофиқ созанд ва хадамоти онлайниро ба роҳ монанд.

Дар доираи корҳои амалӣ, иштирокчиён якҷо бо тренерон кор бо “Crello” ва “Canve”-ро омӯхта, саҳифаи худро дар бунсозаи (платформа)-и Tilda эҷод карданд.

Машғулиятҳои алоҳида барои шарҳи воситаҳои асосии таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба роҳ мондани рекламаи мақсаднок гузаронида шуд.

Тренер Ранжет Ятимов ба иштирокчиён  маълумоти муҷозот барои нашри маълумоти носанҷида ва бардурӯғ дар бораи Covid-19 масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба дахолатнопазирӣ, сирри оила, маълумоти шахсӣ ва ғайраро пешниҳод кард.

Медиа-тренер Худоёр Бархонов дар мавзӯи бехатар истифода намудани телефонҳои мобилӣ ба иштирокчиёни тренинг иттилоъ дод.

Омӯзиш дар доираи лоиҳаи “Рушди журналистикаи мустақил ва касбӣ тавассути технологияҳои нави медиавӣ” гузаронида мешавад, ки онро Сафорати Амрико дастгирӣ мекунад.

Ҳадафи лоиҳа аз он иборат аст, ки рӯзноманигорони ботаҷриба ва ҷавон аз худ кардани технологияҳои нави ВАО, омӯхтани тамоюлҳои муосир, омӯхтани тарзи наворбардорӣ, таҳриру такмили муҳтаво бо истифода аз воситаҳои муосири техникиро аз бар намоянд.