Баланд бардоштани самаранокии таблиғоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

0
2602

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии Сафорати Амрико ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон соли 2013 тренинги “Баланд бардоштани самаранокии таблиғи иҷтимоӣ” -ро баргузор кард.

Дар асоси озмун аз байни 24 довталаб 15 рӯзноманигор, наворбардор ва муҳаррир аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб карда шуданд.

Пас аз гирифтани дониши назариявӣ, иштирокчиёни тренинг ба коркарди сенарияҳои роликҳои иҷтимоӣ пардохтанд. Мавзӯҳо пас аз муайян кардани мушкилоти мубрами иҷтимоии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Иштирокчиён дар бораи фарҳанги муносибат дар нақлиёт, оила, хизматрасонӣ, масъалаҳои мураккаби гендерӣ, тандурустӣ, рушд ва тарбияи кӯдакон, инчунин дар бораи беиттилоии аҳолӣ дар бораи гузариш ба пахши рақамӣ нақл карданд.

Дар таҳияи видеоҳо мавзӯҳои бетафовутӣ, фасодкорӣ, қабилапарастӣ, маърифати паст, солимии кӯдакон ва гузариш ба пахши рақамӣ мавқеи махсус доштанд.

Директори ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова дар доираи тренинг иштирокчиёнро бо масъалаҳои гузариш ба пахши рақамӣ ва зарурати роликҳои иҷтимоӣ ошно намуд, ки ҷомеа маълумоти кофӣ аз ин раванди муҳимро надоранд.

Се гурӯҳи эҷодӣ дар доираи тренинг фаъолона қаҳрамонҳоро барои банаворгирӣ интихоб, чи гуна амалӣ намудани идеяи худро барномарезӣ карда, барномаҳои лозимаи графикиро барои худ пайдо карданд.

Тамоми раванди эҷодӣ ва техникиро сартренер, роҳбари лоиҳаи интернетии “реклама.ру”, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Гюзелла Николайишвили ва Директори эҷодии Ташхисгоҳи таблиғоти иҷтимоӣ, устоди курси “Асосҳои таҳрир” дар Мактаби олии иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, инчунин дар Донишкадаи олии кино ба номи С.А.Герасимова Георгий Молодцов (тавассути вебинарҳо). мушоҳида ва роҳнамоӣ мекарданд.

Омӯзиш иборат аз чигунагии ҷобаҷогузории кадрҳои видеоии оянда, наворбардорӣ, таҳрири наворҳо, ҷустуҷӯи шиорҳо ва омода намудани муаррифии асарҳои офаридашуда буд. Иштирокчиён инчунин дар бораи таърихи таблиғоти иҷтимоӣ маълумот пайдо карда, тафовути он аз тиҷорат ва сиёсатро дарк намуданд. Бо дидани баъзе видеоҳои беҳтарини иҷтимоии ҷаҳонӣ дар бораи технологияҳои эҷод дар самти таблиғ маълумоти бештар аз худ карданд.

Дар натиҷа, иштирокчиёни тренинг 7 видеои иҷтимоӣ омода карданд. Дар раванди воқеӣ, барои сохтани видеои хуби иҷтимоӣ аз як то ду моҳ лозим аст. Зеро, ин кор талошҳои зиёди эҷодӣ ва техникӣ, инчунин муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Мо гуфта метавонем, ки иштирокчиёни тренинг дар як муддати кӯтоҳ видеоҳои иҷтимоӣ офариданд ва донишу малакаеро, ки одатан якчанд сол метавон аз бар кард, дар муддати кутоҳ аз худ карданд.

Рекламаи иҷтимоӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Дар асоси матлабҳои таҳиякардаи иштирокчиён, ки дар давоми тренинг эҷод шуд, гуфта метавонем, ки дар мамлакати мо нерӯи кофии мутахассисоне, ки аз ин намуди муассири алоқа манфиатдоранд, мавҷуд аст.

Рекламаи иҷтимоӣ усули ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти мубрам ва арзишҳои ахлоқӣ мебошад. Ин чизест, ки ҳар яки моро дар бораи мушкилоти нашъамандӣ, ифлосшавии муҳити зист, ҷинояткорӣ, бераҳмӣ ва ё чунин арзишҳо, ба монанди муҳаббат ба ҳамсоя, фидокорӣ, меҳрубонӣ, некӯаҳволии оила, ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ғайра водор мекунад. Ба ибораи дигар, маҳз таблиғи иҷтимоӣ ба мо кӯмак мекунад, ё дурусттараш, моро ба мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва оддии инсонӣ ташвиқ мекунад.

Манбаи пайдоиши рекламаи иҷтимоӣ ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки пур аз зиддиятҳост.

Аксарияти аҳолии кишвар иттилоотро асосан тавассути телевизион (қисман Интернет, инчунин радио ва рӯзномаҳо) мегиранд ва ташаккул додани хислат ва афкори бинанда тавассути таблиғи иҷтимоӣ хеле осонтар аст. Дар асоси он, аҳамияти таблиғоти иҷтимоиро аз ҳад зиёд баҳо додан душвор аст.