Тренерони соҳаи қонугузории ВАО омода мегарданд

0
593

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои баланд бардоштани савияи касбии ҳуқуқшиносони соҳа ВАО  аз 1 то 3 апрели соли равон тренинги серӯзаро доир намуд.

Ҳадаф аз тренинг омодасозии тренерони соҳаи қонугузории ВАО  аст то халои мавҷуда дар ин самт пур гардад.

Дар раванди омӯзиш  иштирокчиён бобати чи будани тренинг, муоширати ғайрикаломӣ, иртиботи каломӣ, табақабандии равишҳои таълимӣ, модулсозӣ донишҳои хешро мукаммал намуданд.

Боиси қайд аст, ки иштирокчиёни тренинги “Усулҳои омӯзиши калонсолон” аз миёни хатмкунандагони  Мактаби ҳуқуқи ВАО-и ТҶ “Хома” интихоб гардидаанд. 

Шахсоне, ки трененги навбатиро (рӯзҳои 1 то 3 апрели соли 2021) гузаштанд, минбаъд метавонанд ба ҳайси тренер ва коршиносони ҳуқуқи ВАО ба рӯзноманигорон ва навақаламон нозукуҳои қонунгузории соҳаи ВАО-ро омӯзонанд.

Ёдовар мешавем, ки ба иштирокчиёни тренинги “Усулҳои омӯзиши калонсолон” дар охири давраи омӯзишӣ гувоҳнома супурда шуд