Дастрасии маълумоти боэътимод муҳим аст!

0
569

5 майи соли равон ба муносибати Рӯзи озодии ҷаҳонии матбуот ҳамоише дар шаҳри Душанбе доир шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNHCR, ЮНЕСКО ва ТҶ “Хома” ташкил гардид.

Ҳадаф  аз таҷлили ин сана муҳокимаи масоили марбут ба озодии матбуот, озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба қобилияти ВАО, паҳнкунии иттиллоти саҳеҳ ва мусоидат ба иттилоот ба хотири ҷомеа унвон шуд.

Дар чорабинӣ намояндаи парлумони Тоҷикистон, сохторҳои СММ, ВАО-и миллию минтақавӣ, ҳуқуқшиносони соҳаи матбуот, коршиносон, муассисони расонаҳо ва хабарнигорон ширкат карданд.

Сезин Синанолу, ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон

Дар оғози чорабинӣ хонум Сезин Синанолу, ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон оид ба аҳамият ва зурарати озодии матбуот таъкид намуда, нақши онро  дар рушди кишварҳо зарур шумурд: “Дар асри 21, ки давраи иттилоотӣ ва рақамисозӣ аст, дастрасии пурра ва бехатар ба ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои дониши дастаҷамъӣ ва фароҳам овардани шукуфоии муштарак муҳим аст. Ғайр аз он, пандемияи COVID-19 муҳим будани дастрасиро ба маълумоти боэътимод барои наҷоти ҳаёт нишон дод. Биёед ҳамкориро баҳри баланд бардоштани дастрасии ВАО ба маълумоти дақиқ бо мақсади таъмини ҳуқуқи ҳар як фард ба гирифтани иттилоот вусъат бахшем.”,- таъкид намуд хонум Сезин Синанолу.

Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ

Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ  низ изҳор дошт, ки озодии матбуот ба демократияи плюралистӣ мусоидат менамояд ва изҳори қаноатмандӣ намуд, ки матбуоти тоҷик, тадриҷан рушду такомул меёбад.

Ба иттилои ӯ, то аввали моҳи январи соли 2021 376 рӯзнома,  245 маҷалла, 319 матбаа, 71 нашриёт, 11 агентии  иттиллоотӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ин рақамҳо мутаносибан 26,8 фоиз муассисаҳои давлатӣ ва 73,2 фоиз муассисаҳои хусусию ҷамъиятиро ташкил медиҳанд.

Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи ТҶ “Хома”

Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи ТҶ “Хома” зимни суханронии хеш аз бӯҳрони марбут ба COVID-19 ёдовар шуд, ки таъхир дар расонаӣ намудани пайдоиши ин вирус аз ҷониби мақомоти давлатӣ як қатор мушкилии дигарро ба бор овард. Бинобар набудани иттилои расмӣ, ВАО маълумоти заруриро натавонист ба аҳолӣ дастрас намояд. Инчунин тавонмандии рӯзноманигорон дар ин раванд нокофӣ буд, воситаҳои визуализатсия барои беҳтар нишон додани вазъ қонеъкунанда набуд. Ҳамчунин бояд пешниҳоди маҳсулоти медиавӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо сурат мегирифт,  то аҳолӣ ба воҳимаю тарс дода нашаванд.

“Фаъолони шаҳрвандӣ, блогерҳо, модераторони гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоотро идора мекарданд. Аммо аксари онҳо нафароне буданд, ки табиати иттилоотро намедонистанд ва аз таъсири маҳсулоти иттилоотӣ ба ҳолати равонии одамон ва субот дар тамоми ҷомеа бохабар набуданд”, – илова кард Ш. Акобирова.

Криста Пиккат, намояндаи Юнеско дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  дар бораи сатҳи озодии баён дар ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои минтақа, чи гуна сараманок намудани кори матбуот, аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ, мушкилиҳои журналистон, вуҷуд надоштани механзими мониторинги таҳдид ба журналистон дар мақомоти давлатӣ изҳори назар кард.

Суҳроб Шоев, намоянда аз Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон

Суҳроб Шоев, намоянда аз Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бошад гуфт, ки воқеияти замони COVID-19 бори дигар то кадом сатҳ муҳим будани ин озодиро собит намуд.

Ба қавли вай, ҳимояи дастрасӣ ба иттилоот, озодии баён дар радифи дигар ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ қисми таркибии чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии СММ мебошанд. Бинобар ин, ӯ дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар низоми ҳифзи ҳуқуқи СММ таъкид дошта, иҷрои ин уҳдадориҳоро аз ҷониби Тоҷикистон зарур шумурд. “Механизми сеюми СММ, ки ба ҶТ тавсияҳои марбут ба озодии баёнро додааст, шарҳи универсалии даврӣ мебошад. Мувофиқи ин механизм, ки нисбатан нав аст, давлатҳо дар давоми ҳар 4,5 сол ба Шӯрои ҳуқуқи инсон дар хусуси иҷрои уҳдадориҳои худ гузориш медиҳанд. Дар даври дуюм соли 2016 хеле давлатҳои аъзо, аз ҷумла Словакия, Швейтсария, Франтсия, Литва ва дигарон ба ҶТ вобаста ба вазъи озодии баён тавсияҳо дода буданд. Аз ҷумла, таъмини озодии баён мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ, бе қарори суд масдуд накардани дастрасӣ ба интернет ва ғайра. Барои иҷрои тавсияҳо ҳукумати кишвар Нақшаи миллии амалҳоро барои солҳои 2016-2020 қабул намуда буд. Мутаассифона, тибқи таҳлили намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадбирҳое, ки барои иҷрои тавсияҳо дар бахши озодии баён андешида шудаанд, кофи нестанд.”,- гуфт С. Шоев

Умед Бобохонов, муссиси гуруҳи расонаҳои Азия Плюс

Умед Бобохонов, муссиси гуруҳи расонаҳои Азия Плюс нигаронӣ намуд, чӣ гуна дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз метавон шуд, вақте масъулин иттилоъ пешниҳод намекунанд. Бобоханов дар бораи талошҳои рӯзноманигорони тоҷик барои инъикоси рӯйдодҳои муҳими кишвар сухан гуфта, қайд кард, ки баъди ҳаводиси Ворӯх бо чи мушкилӣ иттилоъ ба даст меомад.  Роҳбари расонаҳои Азия-Плюс мисол овард, ки рӯзноманигорони нашрияаш рӯйдодҳои марзро чи гуна инъикос карданд.
“Вақте муноқиша сар шуд, мо фавран гурӯҳи кории шабонарӯзӣ ташкил кардем, ки иттилоотро ҷамъоварӣ намуда, ба се забон (тоҷикӣ, руссӣ, англисӣ) паҳн карданд – дар ҳама платформаҳо, ки шумораи умумии онҳо зиёда аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.”
Ниҳоят, беш аз 100 расонаи хориҷӣ дар маводи худ иттилооти Asia-Plus -ро иқтибос намуданд.
Бобоханов дар бораи ҳамкориҳои муассири ВАО ва ҳукумат дар солҳои 2000-ум ва дар гузаштаи наздик мисол оварда, ёдовар шуд, ки “Президенти кишвар дар ҷараёни охирин сафари худ ба Ворух ба журналистони мустақил иҷозат дод, ки ӯро дар сафар ҳамроҳӣ кунанд. Хабарнигороне, ки ба он ҷо рафтанд, қайд карданд, ки фазо то чӣ андоза озод аст, ба онҳо иҷозат дода шуд то бо дилхоҳ нафар суҳбат кунанд.  Дар натиҷаи инъикоси васеи ташриф, ҳазор ҳазор одамон дар бораи мушкилоти Ворух маълумот пайдо карданд », – изҳор дошт У.Бобахонов. Дар интиҳои суханронии худ ӯ изҳори умедворӣ кард, ки шарикии мақомот ва рӯзноманигорон барқарор хоҳад шуд.

Иззатманд Саломов, коршиноси соҳаи ВАО

Иззатманд Саломов, коршиноси соҳаи ВАО дар мавриди сатҳи омодагии ВАО дар давраи пандемия,  чи гуна беҳтар намудани заминаи ҳуқуқӣ, сабабу омилҳое, ки ба истеҳсоли контенти миллӣ монеа эҷод менамоянд, суҳбат намуд.

Дар қисмати охири чорабинӣ коршиносони соҳаи ВАО ва рӯзноманигорон – Раҷаби Мирзо, Нуриддин Қаршибоев, Суҳроби Зиё, Набӣ Юсупов, Ҳуриносо Ализода, Хилватшоҳи Маҳмуд ва чандин тани дигар пешниҳоду дархостҳои хешро ироа карданд.

Дар охир пешниҳод гардид, ки қатъномае аз натиҷаи ин ҳамоиш таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад то ба беҳтар гардидани ҳамкории ҷомеаи журналистӣ бо мақомоти давлатӣ, рушди озодии баён, дастрасии бештари иттилоот, бекор кардани маҳдудиятҳои қонун, поён бурдани қимати интернет, рушди контенти миллӣ ва ғайра мусоидат намояд.