Грантҳои президентӣ: Аз “А” то “Я”

541

Аз соли 2006 то 2017 чӣ қадар маблағ барои грантҳои президентии ба занони соҳибкор ихтисосёфта  масраф  гардид ва онҳо чӣ тавр тақсимбандӣ шуданд?

4 июли соли 2006 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ» содир гардид. 14 миллиону 300 ҳазор сомонӣ барои амалигардонии ин қарор таи солҳои 2006 – 2017 ихтисос дода шуд.

Ба маълумоти Ҷавоҳир Акобирова, сардори шӯъбаи рушди оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор соли 2006 – 150 ҳазор сомонӣ буд ва солҳои баъдӣ ба 1 миллион сомонӣ расонида шуданд. Солҳои 2014 – 2018 бошад ҳаҷми онҳо ба 2 миллион сомонӣ баробар гашту ҳар сол 80 зани соҳибкор соҳиби ин маблағҳои грантӣ мегарданд.

“Аз грантҳо на танҳо ғолибон манфиат мебинанд…” Ҷавоҳир Акобирова мегӯяд, тибқи маълумоти барои онҳо дастрас доираи фаъолияти соҳибкории занон, ки бо гранти президентӣ кор мекунанд, хеле васеъ буда, анқариб дар тамоми бахшҳо самаранок кор мекунанд. “Тавассути ин грантҳо дигар занон низ ба касбомӯзӣ машғул шуда, саҳми муносиб дар самти ба шуғл фаро гирифтани занони бекор мегузоранд” мегӯяд хонум Акобирова. Ӯ, хосатан, аз амалигардонии лоиҳаҳо дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ном бурд, ки ба қавлаш хеле муваффақона фаъолият доранд.

Дар намудори боло шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ оварда шудааст, ки ҳаҷми умумии гирандагони буҷет аз соли 2006 то соли 2017 муайян аст.

“Гранти президентӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дода шавад” Шамъигул Аминова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед”, ки яке аввалин гирандагони гранти президентӣ дар соли 2006 аст, самаранокии ин иқдоми ҳукуматро тавсиф намуда, дар ин доира бархе пешниҳодоти мушаххас ҳам дорад: -Барои ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” ин аввалин грант барои шуруъи фаъолият буд ва мо аз он самаранок истифода намудем. Пешниҳод доштам, ки аз ин пас ҳам иқдоми дастгирии ташкилоти ҷамъиятиро барои гирифтани грант идома медоданд. Чунки маҳз ташкилотҳои ҷамъиятӣ корҳои сазоворро дар самти маърифаткунонии занон анҷом медиҳанд. Воқеан, мушкилоти занон дар кишвар хеле зиёд аст, аз ҷумла, камсаводӣ, ҷаҳонбинии заиф, мушкилоти иҷтимоӣ, нарасидани маблағ барои идома додани таҳсилоти олӣ ва дигарон. Дар баробари ин, занон бисёрии ҳолатҳо бори гарони зиндагиро ба уҳда доранд. Бешак, дастгирии занони соҳибкор хуб аст, аммо дар самти баланд бардоштани маърифати тиббӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ватандӯстӣ, пешгирии ифротгароӣ, ҷилавгирӣ аз хушунати оилавӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои хуберо роҳандозӣ карда метавонанд. Бахусус, грантҳои презедентӣ дар баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои навтаъсис нақши калидӣ бозида метавонад. 2 млн сомонӣ гранти президентӣ дар соли 2017 Барои соли 2017 гранти президентӣ 2 млн сомониро ташкил додааст, ки дар намудори зер фоизи гирандагони ин грант вобаста ба минтаҳо нишон дода шудааст.

Акнун занони собиқ маҳбусшуда низ грант мегиранд Ба иттилои хонум Акобирова, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳо квотаи худро доранд ва як нафар аз ин шаҳру ноҳияҳо соҳиби грант мешаванд. Боқимондаи грантҳо барои навоварӣ дар ин ё он соҳа масраф мегарданд. Яке аз афзалиятҳо, тибқи қарори ҳукумат, ин фаро гирифтани он заноне мебошанд, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, ё дар оилаашон узви маъюб доранд. Ҳамчунин се соли охир занони собиқ маҳбусшуда низ дастгирӣ меёбанд, ки дар натиҷа онҳо соҳиби шуғл шуда, саҳми худро барои пешбурди зиндагӣ мегузоранд.

80 лоиҳаи ғолиб аз байни 415 муддаӣ 2 ноябри соли 2015 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №645 “Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020 бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ” ба тасвиб расид ва дар ин замина озмун эълон гардид. Дар заминаи озмуни эълонгардида 415 лоиҳа аз ҷониби соҳибкорзанон ва занони хонанишин ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ворид гардид, ки аз тарафи Комиссияи грантӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа 80 лоиҳаи беҳтарин бо назардошти мақсаднокиашон тибқи қоидаҳои қарори мазкур ғолиб омаданд. Дар намудори (графикаи) зерин шумораи лоиҳаҳо вобаста ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ оварда шудааст:

Раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо низ грант медиҳанд Гуфта мешавад иқдоми Президенти Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ ҷонибдорӣ ёфта, ба ғайр аз грантҳои президентӣ дар шаҳру вилоятҳо низ барои занони соҳибкор гранти раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо таъсис ёфт. Аз ҷумла, раиси вилояти Суғд шурӯъ аз соли 2013 то инҷониб 1 млн 105 ҳазор сомонӣ, раиси шаҳри Хуҷанд аз соли 2014 то имрӯз 220 ҳазор сомонӣ ҷудо намудаанд. Раиси вилояти Хатлон ва раисони ноҳияҳои Ёвон, Муъминобод, Балҷувон аз соли 2016 ҳамасола ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, раиси вилояти Хатлон 500 ҳазор сомонӣ, раиси шаҳри Ёвон 160 ҳазор сомонӣ, раиси ноҳияи Мӯъминобод 156 ҳазор сомонӣ ва раиси ноҳияи Балҷувон 20 ҳазор сомонӣ ҷудо менамоянд.

Муаллиф: Аҳлиддин Салимов