Таъсири COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон

489

Бемории ҳамагири COVID-19 ё коронавируси нав ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсири амиқ гузошт, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ҳарчанд бархе коршиносон таъсири молиявии COVID-19-ро ба иқтисоди ҷумҳурии мо чандон назаррас намедонанд.

Бар асоси таҳлили коршиносони Бонки Осиёии Рушд тавсеаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар ду соли оянда аз 5,5 дарсад то 5 дарсад мерасад. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони ватанӣ рушди иқтисодиётро дар соли 2020 ба 7,8 дарсад пешбинӣ карда буданд.

Иқтисоддони тоҷик Абдухолиқ Каҷкулоев бар ин назар аст, дар пайи буҳрони вобаста ба COVID-19, ҳаҷми ММД-и ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 1,5% коҳиш ёфтааст, ки он ҳатто аз буҳрони молиявии соли 2008 дида мудҳиштар мебошад.

Качкулов Абдухолик – номзади илмҳои иқтисоди,устоди ДДК

Буҳрони молиявие, ки бар асари ҳамагир шудани коронавируси нав ба миён омад, ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии  Тоҷикистон ҳам таъсири бевосита ва ғайримустақими худро  расондааст. Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2020 дар сатҳи 7,8 дарсад пешбинӣ шуда буд, аммо дар пайи хуруҷи коронавирус он ба сатҳи 4,7 дарсад поин омад. Дар ҳамин ҳол, иқтисоддон Каҷкулоев таъкид мекунад, “ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид,  ки бинобар сабаби устувор будани сиёсати пешгирифтаи молиявӣ ва  дастгирии ташкилотҳои байналмилалии донорӣ мувозинати нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро нигоҳ дорад. Вале мутаассифона,  дар 6 моҳи соли 2020 коҳиши ҳаҷми истеҳсолоти воқеӣ, камшавии  интиқоли маблағҳо ва тадриҷан паст шудани сатҳи беқурбшавии асъори миллӣ ба мушоҳида мерасад”.

Бархе коршиносон мегӯянд, зарбаи аслии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирони кории тоҷик расид. Ба таъкиди онҳо, иқтисодёти кишвар ба интиқоли пули муҳоҷирон вобастагӣ дорад. Тибқи маълумотҳои Бонки милии Тоҷикистон дар давраи пандемия ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз моҳи январ то декабр  9 дарсад коҳиш ёфт, ки бешак таъсири чашмгире дар иқтисоди кишвар дорад. Дар ҳамин ҳол Бонки марказии Руссия ҳаҷми интиқоли пулро аз Федератсияи Руссия ба Тоҷикистон аз шахсони алоҳида таввасути шабакаҳои пулфиристӣ  1млрд.224млн доллар интиқол доданд,ки дар қиёс нисбати соли гузашта 37 дарсад кам аст.

Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2019 муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба кишвар 2,7 миллиард доллар интиқол доданд. Ин дар ҳолест, ки бино ба пешбиниҳои қабл аз пандемия мебоист дар соли 2020 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон марзи 3 миллиард долларро убур мекард.

Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки пас аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Русия шуғли муҳоҷирон наздики ду баробар кам мешавад. Тибқи таҳқиқоти Институти иҷтимоию сиёсӣ ва таҳқиқотии Академияи илмҳои Русия (ISPI RAS), тақрибан 60% муҳоҷирон бе сарчашмаи маблағ монданд, ки аз ин теъдод 25% аллакай ҷойҳои кории худро аз даст додаанд ва боқимонда ба муддати номуайян ба карантин рафтаанд. Моҳи марти соли 2020, дар аввали мавсими муҳоҷират, парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия қатъ гардид. Бино ба омори  Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар давраи аз 18 март (ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои тарки кишвар) то 1 июли соли 2020, зиёда аз 200 ҳазор нафар натавонистанд ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кишварро тарк намоянд. 

Зулфиқор Сафарзода, устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки коронавируси нав ба иқтисодиёти кишвар аз бисёр ҷиҳат таъсири худро расонид. Ӯ мегӯяд, тибқи маълумотҳои Бонки Ҷаҳонӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои худ дар соли 2020 дар саросари ҷаҳон 20% коҳиш хоҳад ёфт. Зулфиқор Саидзода вобаста ба вазъияти ҳаҷми содирот ва воридот дар кишвар чунин изҳори назар кард:

 

Сафарзода Зулфикорк – устоди риштаи иқтисодии ДДК

Ҳамагир шудани COVID-19 на танҳо ба интиқоли маблағҳои пулӣ, балки ба дигар самтҳои иқтисод, монанди низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузорӣ, сиёсати андозиву фискалӣ ҳам таъсири манфӣ расонд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 ва дастгирии аҳолӣ аз якуми апрел то 31 декабри соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон меъёри захиравии ҳатмии қарзро коҳиш дод. Ҳамзамон  аз якуми майи соли 2020 ин муассисаи молиявӣ барои дастгирии соҳибкорон фоизи тахфифро аз 12,75% ба 11,75% поин бурд.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи кишвар бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.

Тибқи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ роҳҳои  пешгирӣ  аз  чунин  буҳрони  хусусияти глобалӣ  дошта  мавҷуд буда, кишварҳо бояд  усулҳо  ва  роҳҳои  паст  кардани  таъсири  манфии онро ба иқтисодиёт  пешбин намоянд. Ба назари онҳо барои баромадан аз ин буҳрон давлат интишор  ва  мавриди  гирдгардиш  қарор гирифтани вомбарг  (як намуди коѓази қиматнок),ки дар мубориза бар зидди таъсири паҳншавии пандемия ва таъсири манфии он ба иқтисодиёт айни  ҳол  муҳим  ва  саривақтӣ  мебошад. Ҳамзамон давлатҳои тарақӣ кардаи ҷаҳон   барои дасгири кардани ширкатҳои ватанӣ ва  чорабиниҳо бар зидди  COVID-19 ва бартараф намудани оқибатҳои манфии он аз ҳисоби буҷети давлатиашон маблағҳои зиёд ҷудо мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба  пешгирии таъсири ба амал омадани таваккалҳоро ба иқтисоди миллӣ  дар натиҷаи буҳрони молиявии  COVID-19 коркард ва тасдиқ  кардааст. Нақшаи зиддибуҳронии мазкур ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ, беҳдошти низоми хизматрасониҳои бонкӣ,  истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, иҷрои саривақтии  уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, рушди  истеҳсолот ва захираҳои  намудҳои асосии маҳсулоти хӯрокӣ ва молҳои ниёзи аввали мардумро дар бар мегирад.

 

Низомиддин Комилов

 

Манбаъ: http://nizominfo.blogspot.com/

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.