МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ БЕҲТАР Ё ВАУЧЕРӢ?

1411

Роҳҳое вуҷуд доранд, ки дар Тоҷикистон пул “аз паси хонанда” равад

Дар Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз соли 2010 пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузаштанд ва 1 январи соли 2016 ба таври таҷрибавӣ маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ низ оғоз ёфт.

Маблағгузории сарикасӣ чӣ афзалият дошт ва чаро дар Тоҷикистон ин низоми маблағгузориро интихоб намуданд?

–     Аввалан,ин низом самаранокии харҷи маблағҳои буҷети давлатиро таъмин мекунад, дуюм- ҳавасмандии муассисаҳои таълимиро ба вуҷуд меорад, сеюм- фарогирии таълимгирандаро ба таҳсил беҳтар мекунад, – мегӯяд номзади илмҳои педагогӣ, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Нурулло Оқилзода.

Бар илова, ба гуфтаи ҷаноби Оқилзода, ин низоми маблағгузорӣ масъулияти чандҷонибаро ба вуҷуд меорад ва муассисаи таълимӣ, падару модар, ҳукумат масъулияти худро зимни ҷудо намудани маблағ ба сари ҳар як хонанда ва ҷалб намудани миқдори зиёди хонандаҳо ба муассисаҳои таълимӣ эҳсос мекунанд.

“МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТ БА МЕЪЁРҲОИ ИЛОВАГИИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ЗАРУРАТ ДОРАНД!”

Меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ чӣ гуна муайян мешавад?

Тавре мудири шуъбаи илм, маориф ва фарҳанги Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Ахмедов дар мусоҳиба бо хабарнигори “Омӯзгор” қайд намудааст: “ ҳамасола бо замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои молиявӣ» меъёрҳо аз рӯи типпи мактабҳо барои як хонанда ва як мактаб, коэффисиентҳои махсус тасдиқ гардида ва бо тартиби талаботҳои «Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» буҷети муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян карда мешаванд” (манбаъ: http://www.omuzgor-news.tj/?p=6473).

Нурулло Оқилзода зимни суҳбат бо мо шарҳ дод, ки ҳисоби миёнаи маблағгузорӣ ба сари ҳар як хонанда атрофи 1600 сомонӣ рост меояд, вале ин нишондод дар баъзе минтақаҳо то 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Оқилзода дар аксари мактабҳо то 97,8 фоизи сметаи хароҷот танҳо барои пардохти маош сарф мешавад.

“Пас агар агар сметаи муассисаи таълимӣ 100 ҳазор сомонӣ бошад, ҳамагӣ 2,8 ё 3 ҳазор сомонӣ барои хароҷотҳои дигар боқӣ мемонад. Ҳол он ки муассисаи таълимӣ шояд 1000 нафар ё камтар таълимгиранда дорад. Албатта ин нокифоя аст.   Барои ҳамин мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва шояд барои муассисаҳои таълимии деҳоти дурдаст меъёрҳои иловагии маблағгузорӣ вобаста кунем,-гуфт Оқилзода.

“ВАҚТЕ ХОНАНДА ДАР ИНТИХОБИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ МУСТАҚИЛ БОШАД”

Вакили Маҷлиси намояндагон Оқилзода Нурулло таҷрибаи Гурҷистонро мисол овард, ки ин кишвар низоми ваучерии маблағгузории соҳаи маорифро ба роҳ мондаву натиҷаҳои хубро соҳиб шудаанд:

– Яъне ҳар як оила аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои фарзандаш ваучер, яъне як ҳаҷми муайяни маблағ барои як соли таҳсил мегирад, ки он аз рӯи намудҳои мактаб, зинаҳои таҳсилот ва ғайра муқаррар карда шудааст. Таълимгиранда ва падару модари ӯ дар интихоби муассисаҳои таълимӣ мустақил ҳастанд, яъне хонанда ба муассисаҳои таълимӣ меояд, агар раванди таълим ё низоми таълим маъқул нашавад, ӯ метавонад ваучерашро талаб карда, ҳамроҳи худаш ба муассисаҳои таълимии дигар равад”.

Аммо номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Қодиров Шодибег мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон низоми ваучерҳо ҷорӣ карда нашудааст, хонанда агар дар давоми сол аз як муассиса ба муассисаи дигар равад, пас ӯ дар он ҷо амалан «бепул» таҳсил мекунад:

-Масалан, агар 10 нафар хонандагони муассисаи таълимии раќами 1 моҳи марти соли 2017 ба муассиссаи таълимии рақами 2 гузаранд, пас онҳо то 1 январи соли 2019 (12 моҳ) дар муассисаи таълимии рақами 2 бепул таҳсил менамоянд ва маблағро барои онҳо муассисаи рақами 1 мегирад. Гузашта аз ин, миқдори хонандагони муассисаи таълимии 1 дар 1 январи соли 2017 метавонад 1030 нафар ва дар моҳи сентябр 1130 нафар бошад. Муассисса танҳо барои 1030 нафар маблағ мегирад.

Ба гуфти ӯ, азбаски принсипи «аз паси хонанда рафтани маблағ» риоя намешавад, дар ин сурат аз лиҳози молиявӣ муассисае бурд мекунад, ки аз он хонандагон рафтаанд, на муассисае, ки хонанда қабул кардааст.

“ВАҚТЕ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ МУСТАҚИЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ НАДОРАД”

Шодибек Қодиров мегӯяд, муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар ташкили буҷет ягон мустақилияти иқтисодӣ надоранд. Зеро “маблағҳо аз ҷониби шӯъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо дар шакли пакети умумӣ муайян шуда, ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод карда мешаванд”.

Аммо, ба гуфти ӯ, тақсимоти пакети умумӣ пурра аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳо сурат мегирад:

“Вале бо ин роҳбари муассисаи таълимӣ наметавонад мустақилона хароҷотро аз як модда ба моддаи дигар гузаронад ва ин танҳо бо иҷозати шӯъбаҳои молия бо гузаштани якчанд тартибот (пешниҳоди мактубу тавзеҳотҳо ва ғайра) сурат мегирад.

“ВАҚТЕ МАКТАБҲО АЗ ИҚТИДОР БЕШТАР ТАЛАБА ДОРАНД”

Шодибег Қодиров моҳияти рақобатро шарҳ дода қайд намуд,   ки дар асоси низоми маблағгузории сарикасӣ муассисаи таълимие, ки шумораи бештари хонандагонро ба таҳсил фаро мегирад, бояд миқдори бештари маблағҳои буҷетиро соҳиб шавад.

Аммо ба гуфти ӯ дар аксари муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рақобат барои ҷалби хонандаи бештар вуҷуд надорад.

Зеро:

–  Дар шаҳрҳо муассисаҳои таълимӣ хонандагонро мувофиқи принсипи «хизматрасонӣ ба минтақаи муайян» қабул менамоянд;

–    Дар аксари деҳот шумораи муассисаҳои таълимӣ   маҳдуданд ва имконияти васеи интихоб барои хонандагон вуҷуд надорад.

      –    Аксари муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз иқтидори нақшавиашон бештар хонанда доранд ва 81,5% мактабҳо дар ду баст ва 2,6 % дар се баст фаъолият мекунанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Нурулло Оқилзода низ қайд кард, ки дар низоми маблағгузории сарикасӣ миёни муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот тафовут вуҷуд дорад:

– Муассисаҳои таълимие ки дар шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, бартарии зиёд доранд. Яъне гуруҳбандии синфҳо хубтар аст, меъёри талаботии таълимгирандагон таъмин аст, аз ин рӯ барои муассисаи таълимӣ имкон фароҳам меояд, ки маблағҳоро сарфакорона ва нафақат барои музди меҳнат, балки самтҳои дигар истифода барад. Лекин дар муассисаҳои деҳоти дурадаст, ки шумораи хонандагон дар синфҳо камтар аст, мушкилот ба вуҷуд меояд.

“ВАҚТЕ АКСАРИ МАБЛАҒҲО БАРОИ ПАРДОХТИ МАОШ МАСРАФ МЕШАВАНД”

Дар посух ба саволи мо, ки “Барои такмили низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ чӣ кор бояд кард?”

Вакили парлумон Нурулло Оқилзода гуфт, ин масъаларо якҷоя бо мутахассисони Вазорати молия ва Вазорати маориф омӯхта истодаанд.

“Онҳо низ аз он нуктаҳое ки мо гуфтем, дар ташвиш ҳастанд. Дар ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар кардани маблағгузорӣ мебошанд”-изҳор намуд вакил.

Дар маҷмӯъ таҳлили вазъи мабалғгузории сарикасӣ дар соҳаи маориф нишон медиҳад, ки мутаассифона аксари маблағҳо танҳо барои пардохти музди меҳнат сарф мегарданд. Ва барои пӯшонидани хароҷотҳои дигар, аз ҷумла маблағи барқу об, сӯзишворӣ ва ғайра ҳиссаи хеле кам боқӣ мемонад. Яъне ҳанӯз сухан кардан дар бораи таъмиру сохтмони мактабҳо, харидани компютеру тахтаҳои электронӣ ва дигар ашёи зарурии муосири мактабӣ барвақт аст. Табиист, ки дар ин ҳолат пардохти баъзе хароҷоти мактаб ба дӯши падару модарон меафтад. Чун вазъи молиявӣ ва сатҳи дарсдиҳӣ дар аксари мактабҳо аз ҳам тафовут надорад, дар ин ҳолат на хонанда ба мактаби дигар меравад ва на пул аз “паси” ӯ.

Пас оё вақти он нарасидааст, ки дар бораи низоми дигари маблағгузорӣ, аз ҷумла ваучерӣ андеша кунем? Зеро низоми маблағгузории ваучерӣ имкон медиҳад, ки аксари монеаҳои расмиятчигӣ ва элементҳои фасод аз байн рафта, волидон ва хонанда бевосита худашон мактаби дилхоҳро интихоб кунанд. Ҳарчанд он шояд низоми маблағгузории идеалӣ набошад, вале ба ҳар сурат, бартарияти худро на танҳо дар Гурҷистон, балки чанд кишвари дигар низ нишон додааст.

Атохон Ғаниев