ТАФОВУТИ ИСЛОҲОТИ ТИБ ДАР ТОҶИКИСТОНУ АРМАНИСТОН

536

Мамлакати мо аз Арманистон дар бахши ислоҳоти тиббӣ чиро метавонад омӯзад ва чиро сарфи назар намояд?

18 август зодрӯзи Абӯалӣ Ибни Синост, ки дар Тоҷикистон онро ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад.

Сомонаи.khoma.tj/datajournalism/ ҳамаи Ворисони Сино – табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатии комил, комёбиҳои беназир, саодати рӯзгорро таманно менамояд.

Зимнан, мо тасмим гирифтем вобаста ба ин сана як бори дигар ба фаъолият, мушкилот ва ислоҳоте, ки Тоҷикистон дар соҳаи тиб анҷом медиҳад, рӯ биёрем ва муваффақияту паҳлуҳои норӯшану ҳалталаби онро баррасӣ намоем.

Барои муқоиса гирифтани Арманистон – кишваре, ки аз рӯи чанд нишондод бо мо ҳаммонанд аст, бовар дорем барои равшанӣ андохтани мавзӯъҳои зиёде кӯмак хоҳад кард…

  Аз моҳи марти соли равон дар пойтахти Арманистон –  шаҳри Ереван системаи  электронӣ дар бахши тандурустӣ ба кор даромад. Акнун шаҳрвандон имкон доранд, ки  барои қабули духтур аз хона худро ба навбат гузоранд. «МИР 24» иттилоъ медиҳад, беш аз 400 муассисаи тиббӣ аллакай ба ин шеваи кор ҳамроҳ шудаанд.

“Шабакаи баста”-и маълумотҳои Тоҷикистон

Гуфта мешавад таърихи беморӣ,  таъиноти табиб ва эмкунӣ дар як  сервер ҷамъоварӣ шуда, системаи мазкур дорухонаҳоро низ фаро мегирад. Ҳамин тавр, доруҳое, ки аз ҷониби духтурон таъин мегарданд, дар утоқи электронии бемор ҳифз шуда, барои гирифтани доруворӣ танҳо нишон додани шиноснома кофист.

Тибқи маълумоти расмӣ ҳукумати Арманистон барои ин иқдом  тақрибан 400 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

(Манбаъ: goo.gl/91Mi3R).

Масъулини бахши тандурустии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки дар ин самт онҳо то андозае комёб шудаанд. Аз ҷумла, шабакаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардид, тамоми муассисаҳои тиббии мамлакатро ба тариқи онлайн бо ҳам пайваст мекунад. Ин шабака шабонарӯз фаъол буда, дар он асосан ҳисоботҳои гуногун оид ба бемориҳои мухталиф ҷамъоварӣ мегардад. Вале ба фарқ аз Арманистон дар мо системаи мазкур пӯшида буда, ба ғайр гуруҳи маҳдуди мутахассисон ва табибон дигарон ба он дастрасӣ надоранд.

КИШВАРҲОИ БА ҲАМ НАЗДИКУ АЗ ҲАМ ДУР

Ба гуфтаи коршиносон Арманистон дар қиёс бо дигар давлатҳои пасошӯравӣ кишвари  начандон бузург бошад ҳам, аммо тавонистааст дар соҳаи тандурустӣ  ба комёбиҳои хубе ноил гардад.  Вазорати тандурустии ин кишвар бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ислоҳот гузаронида, бисёр тағйиротҳои ҷиддӣ ворид намуд.

Яке аз дастовардҳои бузурги ин кишвар таҷдиди сохтори беморхона, дармонгоҳ, марказҳои саломатӣ дар деҳот ва шаҳрҳо мебошад. Дар замина, аксари  муассисаҳои тиббӣ  аз нав сохта шуданд ва ё дар заминаи муассисаҳои мавҷуда азнавсозӣ гардиданд.

Беморхонаҳо, дармонгоҳҳо ва   марказҳои саломатии нав дар тамоми минтақаҳо пурра бо таҳҳизоти муосири ба меёрҳои байналмилалӣ мувофиқ муҷаҳҳаз буда, ин имкон медиҳад, ки сокинони минтақаҳои дурдаст  аз кӯмаки босифати тиббӣ дар маҳалҳои худ баҳраманд гарданд.   Барномаҳои зиёди  иҷтимоӣ барои дастгирии табақаҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ шуданд.

Аз ҷумла,  “Барномаи дастгирии модар”, ки аз соли  2016  дар Арманистон амалӣ мегардад. Дар доираи ин барнома модарони хонашин аз ҷониби давлат  кӯмаки ройгони  моддӣ мегиранд.   Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат масъалаҳои иҷтимоии Арманистон дар соли 2016 барои ин барнома  3,9 млрд драм (беш аз $8,2 млн ) ҷудо шуда, 30 ҳазор модарон аз чунин кӯмакҳо бархӯрдор шудаанд.

Дар доираи барномаи мазкур модарони оянда пас аз ҳафтаи 22-юми ҳомиладорӣ соҳиби сертификате мегарданд, ки  арзиши он 200 доллар аст. Ин сертификат ба онҳо имкон медиҳад, ки аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла хидматрасониҳои ройгони тиббӣ бархӯрдор бошанд.

ПАҲЛУҲОИ МУСБАТУ МАНФИИ ИСЛОҲОТИ ТОҶИКИСТОН

Масъулини Тоҷикистон ҳарчанд мегӯянд ислоҳоти зиёде дар бахши тандурустӣ сурат гирифта, барномаҳои  мухталиф таҳия ва амалӣ мешавад, аммо аз Арманистон хеле тафовут дорад.

Зимни суҳбат бо мо сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ С. Сайфуддинов қайд намуд, дар соҳаи тандурустӣ бештар аз 50 барномаҳои миллӣ ва  соҳавӣ  мавҷуд аст.  Аз ҷумла, барномаҳо барои рушди тибби оилавӣ, рушди кӯмаки тиббию санитарӣ, камхунӣ, солимии репродуктивӣ, сил ва ғайра:

  • Албатта ҳар як барнома мақсаду вазифаҳо дорад. Ҷиҳатҳои манфӣ ҳам пеш меоянд.  Мисол, маблағгузорӣ нокифоя аст, баъзе нишондиҳандаҳо возеҳ нестанд, аз ин рӯ аниқ нест, ки онҳо ба чӣ натиҷа расидаанд.  Лекин дар маҷмӯъ, ҳар як барнома нақшаи муайяни татбиқ дорад.  Дар нақшаи татбиқи мушаххас индикаторҳое ҳастанд, ки  нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза  корҳо хуб аст ва ба чӣ натиҷа ноил шуданд,- мегӯяд Сайфуддинов.

  Ба гуфтаи таҳлилгарон танҳо бо таҳияи ин ё он қарору барнома мушкилоти соҳаи тандурустӣ ҳал намегардад. Ҳамчунин бояд омилҳои дигар, ки барои пешравии соҳа монеа эҷод мекунанд, ҷиддӣ баррасӣ шуда, барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

ШАБОҲАТҲОИ МУШКИЛОТ ДАР АРМАНИСТОНУ ТОҶИКИСТОН

Тавре коршиносон қайд мекунанд, дар сохтори тандурустии Арманистон низ мушкилот  кам нест ва ба мушкилоти сохтори тандурустии Тоҷикистон шабоҳат дорад.

 Коршиносон барои рушди соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯянд бояд барномаҳои миллию соҳавӣ ба таври ҷиддӣ такмил дода шаванд ва чанд нуктаи муҳим низ мавриди назар қарор гирад. Аз ҷумла:

  1. Бояд мушаххас нишон дода шавад, ки барои амалишавии ин ё он қарор ё барнома чӣ қадар маблағ лозим аст ва онро аз куҷо бояд гирифт? Саҳми  Ҳукумати Тоҷикистон  ва  созмонҳои байналмилалӣ низ бояд аниқ нишон дода шавад.
  2. Ҳамчунин  бояд  мушаххас гардад, ки ба кадом гуруҳи беморон чӣ гуна кӯмак (ройгон, имтиёзнок) расонида мешавад? Чӣ миқдор  ва дар кадом муҳлат? Инчунин номгӯи дорувориҳо ва хидмарасониҳои ройгон низ бояд мушаххас нишон дода шавад.
  3. Ҳар як ду сол як маротиба мувофиқи имконият аудити молиявӣ ва сифатӣ гузаронида шуда, самаранокии ин ё он барномаи миллӣ ва соҳавӣ санҷида шавад ва хулосаҳои мутахассисону коршиносони соҳа мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирад.
  4. Инчунин  хуб мешуд, ки  бо истифода аз  таҷрибаи Арманистон барои гуруҳи мушаххаси беморон  (гирифтори бемориҳои саратон, ишемияи дил, диабети қанд, сил, ВНМО ва ғ.), инчунин барои модарони оянда қабл ва баъд аз таваллуд сертификат дода шавад. То шахсони бемор ва занони ҳомила тавонанд дар вақти зарурӣ бо истифода аз ин  сертификат  дар дилхоҳ беморхона кӯмаки ройгони тиббӣ ва  доруворӣ гиранд.
  5. Аз ҳама муҳим, беҳтар мебуд, агар системаи электронии хидматрасонии тиббӣ барои аҳолӣ зудтар ҷорӣ гардад ва он шояд то андозае барои ҳалли мушкилоти мардум мусоидат кунад.
  6. Ғайр аз ин, тамоми нархномаҳо ва номгӯи имтиёзҳо  ба таври мушаххас дар сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷой дода шавад ва навбатдории шабонарӯзии онлайнӣ ташкил гардад, то ҳар шахси дилхоҳ тавонад ба суолҳои худ посухи фаврӣ гирад.

Атохон Ғаниев