ҲОКИМИЯТИ АРҚОМ

1147

ё журналистикаи иқтисодӣ чӣ маъно дорад, оё он воқеан ҳам “хастакунанда” аст? Ва чаро дар замони муосир ба он бояд  авлавият дод?

Агар дар таърих аз асри 20 ба сифати “асри иттилову ахбор” ёд оваранд, садсолаи нав ин маъноро боз ҳам возеҳтар намуд. Дигар маълум аст, ки дар дунёи иттилоотиву коммуникатсионӣ бе ахбору маълумоти дақиқу дастрас як қадам гузоштан имкон надорад. Маънидоде низ пайдо гашт, ки иттилоъро акнун танҳо маҳсулот донистан иштибоҳ аст, чун он акнун мол ҳам ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд: иттилоъ –ин асъори (валюта) демократия аст.

  Дар ҳамин замина, Воситаҳои ахбори омма (ВАО) як рукни бисёр муҳими ҷомеаи демократист ва дар ҳар мамлакати пешрафта ба рушди он таваҷҷуҳи хос сурат мегирад. Дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ барои рушди журналистикаи миллӣ талошу кӯмакҳое анҷом меёбанд. Вале бояд иқрор гашт, ки аксарияти ин кӯмакҳо, аз ҷумла машғулиятҳои ихтисосӣ, бештар дар мавриди демократия ва ташаккули махсусиятҳои касбист. Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки ба ҳамкасбони мо мафҳумҳои иқтисодӣ ва “тарҷумаи” онҳо бо забони барои мардуми одӣ фаҳмо омӯзонида шаванд. Гӯё ҳамагӣ ба ин андеша розӣ шудаанд, ки иқтисоду молия ин кори шахсии ҳар нафар аст ва ӯ худаш бояд ҳисобу китоби пул, мавқеъ пайдо кардан дар шароити иқтисоди бозоргониро омӯзад.

Оё ин гуна мавқеъгирӣ, агар онро ҳамагӣ пазируфтаем,  воқеан ҳам дуруст аст?

Фикр намекунем…

Албатта ба қатори вазифаҳои давлат дохил намешавад, ки ҳар шаҳрвандро дар алоҳидагӣ дорову сарватманд намояд. Одамон худашон бояд сатҳи зиндагиашонро муайян созанд, даромаду хароҷоти худро ба нақша гиранд. Ба таври дигар, зиндагии иҷтимоии ҳар кас дар дасти худи ӯст.

Дар навбати худ, феълан журналистикаи иқтисодӣ ва журналистони иқтисоддон дар тамоми дунё ба ҷузъи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Зеро маҳз онҳо метавонанд ба аудиторияи худ маълумот, арқом ва мафҳуму арзишҳои иқтисодиву молиявиро, ки дар зиндагии иҷтимоии одамон нақши муҳим доранд, саривақт бирасонанд. Аммо дар сурати аз ҷониби худи журналистон ба дурустӣ ҳазм нашудани ин маълумот, мушкил андар мушкилро ба вуҷуд меорад.

Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷаҳони муосир ба рушди журналистикаи иқтисодӣ на танҳо имкон фароҳам меоранд, балки барои пайдоиши шеваву махсусиятҳои касбии онҳо талош мекунанд. Журналистикаи иқтисодӣ, дар натиҷа, ба чандин қисматҳои алоҳида ҷудо шуда, моҳияти худро аёнтар мегардонад. Айни замон ин қисмати журналистикаи умумӣ ба навъҳои “журналистикаи буҷетӣ”, “журналистикаи корпоративӣ”, “журналистикаи тиҷоратӣ”, “журналистикаи молиявӣ” ва дигарон ҷудо гашта, ҳар кадом самти худро амиқтар ба баррасӣ мегирад. Ҳамчунин шеваҳои пешниҳоди матолибашон дар қолабҳои муосир барои аудитория фаҳмотару хонданитар мешавад.

Як таваҷҷуҳи сарсарӣ на танҳо ба кишварҳои пешрафта, ҳатто ба мамолики ҳамсояву наздики мо кифоят мекунад, ки бубинем дар онҳо журналистикаи иқтисодӣ чӣ гуна рушд ёфтааст. Дар Русия, Украина, Гурҷистон, Қазоқистону Қирғизистон ва чанде дигар, аллакай чандин шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, нашрияҳои касбӣ, сомонаҳои интернетӣ пайдо шудаанд, ки фаъолияташон бештар ба бозтобу инъикоси масоили иқтисодӣ равона гардидааст.

Мутаассифона, бо сабабҳои маълуму номаълум, дар Тоҷикистон ба ин тамоили рушдёбандаи сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи лозим сурат нагирифт. Журналистикаи иқтисодии мо дар шакли асаргузор рушд накард

Барои пайдо кардани таърихи журналистикаи иқтисодии замони истиқлоли Тоҷикистон линки зеринро пахш намоед

Дар замина, Ташкилоти ҷамътиятии “Хома” аз соли 2009 ба омӯзиш ва баррасии журналистикаи иқтисодӣ оғоз намуд. Андактар, сар аз соли 2016, барои амиқтар шудани бахш таваҷҷуҳи худро ба “журналистикаи буҷетӣ” равона намуд. (Иқдомҳои “Хома”дар ин росто аз линки зерин қобили дарёфтанд).

ЧАРО МО МАҲЗ БА “ЖУРНАЛИСТИКАИ БУҶЕТӢ” ТАВАҶҶУҲ КАРДЕМ?

 Журналистикаи буҷетӣ барои Тоҷикистон мафҳуми нисбатан нав ба ҳисоб меравад. Баррасии амиқи масоили вобаста ба буҷа танҳо мантиқ, талабот ва зарурати ватании аудиторияи кишвари мо нест. Он ҳамчунин ба омилҳои беруна рабт мегирад, чун институтҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои умумиҷаҳонӣ ҳам талаб мекунанд, то шаффофияти буҷети давлатӣ таъмин гардад.

Дар навбати худ барои фаҳмиши шаффофияти буҷет баъзе масъалаҳо ба миён меоянд, ки муҳимтаринаш дуруст дарк нашудани фаҳмиши буҷетист. Аз ҷумла, на ҳамаи шаҳрвандон байни молияи давлат ва буҷети ҳаррӯзаи оилавиву шахсиашон фарқ мегузоранд.

Маълум аст, ки таваҷҷуҳи нисбатан фаҳмидаи мавзӯъҳои вобаста ба шаффофияти буҷетиро аввал намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигарон зоҳир намуданд. Оҳиста –оҳиста ба ин ҷараён мардум низ майл пайдо кард.

Бояд инро ҳам иқрор гашт, ки танҳо мақомоти давлатиро дар мавриди ношаффоф будани буҷети давлатӣ муқассир донистан дуруст нест. Аз як ҷониб, агар мушкил ба фаҳмиши дуруст надоштани шаҳрвандон ба масоили буҷетӣ иртибот гирад, аз сӯи дигар масъалаи равонӣ (психологӣ) ҳам ҷо дошт, чун чандин даҳсола дар замони шӯравӣ онҳо эътиқодманд гашта буданд, ки “буҷет ин пули ҳукумат аст ва он метавонад комилан махфӣ бошад”.

Ин гуна фаҳмиш акнун ниёз ба ислоҳ дорад. Шаҳрвандон бояд донанд, ки маблағҳои буҷа маҳз ҳамон андозҳоеанд, ки онҳо ба давлат пардохт мекунанд ва ҳукуматдорон ин пулҳоро барои беҳбуду рифоҳи мардум масраф менамоянд.

Ин корро бошад, танҳо журналистоне анҷом дода метавонанд, ки худашон мафҳуму хусусиятҳои буҷетро амиқан ҳазм карда метавонанд.