“ҚИШЛОҚИ ТИЛОӢ” ВОҚЕИЯТ АСТ, Ё ҲАМОНО АФСОНА БОҚӢ МЕМОНАД?

896

ДЕКАБР – МОҲИ ҶАМЪБАСТ ВА МУАММОҲО

Мирзо Салимпур, иқтисодчӣ ва шореҳи масоили иқтисодӣ

Моҳи декабр моҳи охирини сол аст ва ба ин далел бештар як моҳи ҷамъбастҳост. Ва, албатта, моҳе нақша кашиданҳо барои соли оянда ва ҳатто солҳои оянда.

Муаммои дигари моҳи декабр, албатта, маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат аст ва дар пиромуни он боз ҳам ҳамон суол матраҳ аст, ки оё раҳбарони пурнуфузи Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук Нусратулло Давлатзода ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки ду соли охир нақшаи пур кардани буҷаи давлатро иҷро карда натавонист, имсол мақомҳои худро ҳифз хоҳанд кард ё на? Як сол пеш ҳарду ҷони худро дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат бо як ҳушдори навбатии раисиҷумҳур халос карданд, вале вазъияти ҳарду назар ба як соли пеш фарқ мекунад. Дар поёни моҳи ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат барои роҳ додан ба воридоти гӯшти мурғи пастсифат се мансабдори баландпоя – раҳбарони «Тоҷикстандарт» ва ду Хадамоти байторӣ ва санитариро аз мақом барканор кард ва ба Нусратуллоҳ Давлатзода ва Абдуфаттоҳи Ғоиб “бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хидматиашон” расман танбеҳ дод. Ба таври бесобиқа дар сомонаи расмии Президент нашр шудани матни танбеҳи ин ду мансабдори бонуфуз нишон медиҳад, ки мавқеи онҳо дар муқоиса бо як ё ду соли пеш дигар ончунон қавиву маҳкам нест, ки тасаввур мешуд.

Албатта, мақомот дар ҷамъбасти сол аз муваффақиятҳо хоҳанд гуфт, аз ҷумла аз ин ки сатҳи таваррумро дар чорчӯби нақша, яъне 7 дарсад нигоҳ доштанд, рушди кишвар низ тибқи нақшае ки буд, 6 дарсад таъмин шуд. Ҳарчанд ин 6 дарсад рушд бештар ҳосили коҳиши қурби пули миллист, ки аз аввали сол боз 13 дарсади дигар қурбашро аз даст дод ва як доллар дар соли 2017 дуруст як сомониву 5 дирам гаронтар шуд.

Ҳамин тавр, моҳи декабр нуқтаи авҷи аз Русия ба Тоҷикистон сарозер шудани лашкари бузурги мардикорони тоҷик аст, ки пулҳои дар тӯли сол дар мусофират бо ҳазор хориву азоб ва бо нӯги сӯзан ҷамъкардаи худро тин-тин бармешумуранд, то дар Ватан тибқи муодилаи “як рӯз бошу хурӯс бош!” бо панҷшоха дар чанд рӯз ё чанд ҳафта ба бодаш бидиҳанду боз аз сари баҳор пушти сарашонро хорида, азми он мулки ғурбат кунанд. Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки даромади мардикорони тоҷик дар Русия як каме хубтар шудааст, вале фақат як каме ва на ҳадде ки ҷайби онҳо мисли 4 ё 5 соли пеш тобу тавони чунин ба сӯзан ҷамъ кардану ба панҷшоха чошиданашро дошта бошад. Ҳадди ақал то рӯзҳои беҳтаре, ки ҳама дар орзуяш ҳастем.

Зимнан, моҳи декабри имсола ҳадди ақал дар тасвири мақомот, Тоҷикистонро роҳии соле мекунад, ки соли орзуҳову нақшаҳои хеле азим ва соли иҷрои ваъдаҳои баланд аст. Аз ҷумла дар ҳамин соли ояндаи 2018, тибқи ваъдаи мақомот бояд ду чархаи нирӯгоҳи Роғун ба кор андохта шавад. Дар ҳамин соли 2018 дар Тоҷикистон ба бунёди як корхонаи дигари алюминсозии аз бузургтарин корхонаи саноатиаш – ТАЛКО – ҳам бузургтар оғоз кунанд. Дар ҳамин соли 2018, боз ҳам тибқи ваъдаи мақомот, бӯҳрони бонкҳои Тоҷикистон бояд билохира ба поён бирасад…

Яъне ин моҳи декабр охирин моҳи нафақат соли 2017, балки охирин моҳи як даврони дар воқеъ сахту мушкилу ноумедиҳо дар таърихи навини Тоҷикистон бояд бошад ва аз пушти ин декабр бояд марҳалаи наву беҳтар ва умедворкунандае барои мову кишвари мо шурӯъ шавад.

Баъди рафтани ин декабр, яъне соли дигар хоҳем дид, ки ин қиссаи “Қишлоқи тилоӣ”, ки солҳо боз мешунавем, ин дафъа ҷомаи воқеият ба бар мекунад ваё ҳамон як афсона боқӣ хоҳад монд…