Озмуни кушода барои гузарондани таҳлили имкониятҳои рушди бозори дуюмдараҷаи қарзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

221

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои гузарондани таҳлили имкониятҳои рушди бозори дуюмдараҷаи қарзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кушода эълон менамояд.
Барои иштирок дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъие, ки дар гузарондани таҳлили ҳуқуқӣ ва иқтисодии бахши молия таҷриба доранд, даъват карда мешаванд.

Шахсони ҳавасманд метавонанд бо лоиҳаи вазифаи техникӣ ба забони англисӣ, ки дар сомонаи ташкилотамон (www.osiaf.tj) ҷойгир шудааст, шинос шаванд.

Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

• мактуби ҳавасмандӣ;
• буҷети гузарондани таҳлил;
• тавсияномаҳо;
• ҳуҷҷатҳои оинномавии ташкилот (барои шахсони ҳуқуқӣ).

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 20 сентябри соли 2017 , то соати 17:00.

Ҳуҷҷатҳоро бояд ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории «Вефа», ва ё тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.“>osiaf@osiaf.tj
равон кард. Телефон барои тамос: (992 47) 441-07 47, (992 37) 227 55 58

Дархостҳое, ки бо вайронкунии шартҳои озмун тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди муҳлати муқарраршуда ворид шудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.