Соҳибкорӣ “симои занона” мегирад?

672

Дар ҳамин ҳол, коршинсон мегӯянд, дар минтақаи Кӯлоби вилояти  Хатлон, соҳибкорзанон аксар вақт ба мушкили дастрасӣ ба қарзҳо ва фоизи баланди онҳо рӯбарӯ мегарданд.

Нақши занҳо дар бахши соҳибкорӣ сол то сол пурранг мешавад. Аммо ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд, ки асоситарини онҳо — имкониятҳои маҳдуди дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ, молиявӣ, омӯзиш, роҳ наёфтан ба бозор, номукаммалии базаи ҳуқуқӣ, инчунин “стартап”-ҳо мебошанд.

Вусъати соҳибкории занон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тавсеаи соҳибкории занон иқдомҳои муайяне роҳандозӣ кардааст. Пешниҳоди “грант” ба соҳибкорзанон ва пурзӯр намудани тадбирҳо барои тақвияти баробарии гендерӣ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбанд.

Муборак Сафарова — таҳлилгар

Аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ чанд лоиҳа амалӣ гардид, ки ҳадафи онҳо рушди соҳибкорӣ миёни занон буд. Тавассути гузаронидани бизнес-курсҳо, давраҳои омӯзишӣ ва озмунҳо барои занон имкони дарёфти корро фароҳам меоранд. Аммо ҷиҳати иштироки боз ҳам фаъолтари зан дар ҳаёти иқтисодии кишвар як қатор корҳоро бояд ба сомон расонд, то саҳми зану мард дар ин самт баробар гардад. Мавриди тазаккур аст, тайи солҳои охир теъдоди занҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ рӯ овардаанд, дар ҳоли афзош мебошад.

 
Сарчашма: Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ
 

Дар минтақаи Кӯлоб бархе бонувони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, барои бо кор таъмин кардани занҳо иқдомҳоеро роҳандозӣ кунанд. Яке аз онҳо Гулсун Иброҳимова аст, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Ӯ бештар ба занҳои хонашин ва занҳое, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, тамаркуз мекунад.

 

Дар минтақаи Кӯлоб теъдоди занҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ангуштшумор нест, аммо баъзе мушкилиҳо, монанди гаронии андоз, сатҳи пасти дониши молиявӣ, набудани малакаи соҳибкорӣ, фишорҳо аз ҷониби бархе мақомот, дарёфт накардани сармоя, баланд будани меъёри қарзҳои бонкӣ, роҳи онҳоро барои муваффақ шудан душвор мекунанд.

Барои дастрасии занон ба сарчашмаҳои иқтисодӣ аз 2 ноябри соли 2015 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии рушди фаъолияти занони соҳибкор барои солҳои 2016-2020” қабул гардид. Маблағи грантҳои президентии баро занони соҳибкори ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷудогардида дар самтҳои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллии мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ва ғайраҳо равона гардида аст.

Сарчашма: Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ

Таҳлилгарон яке аз омили асосии рушди соҳибкории хурду миёнаро аз ҳисоби занон пешниҳоди қарзҳои хурди фоизашон пасттар аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ медонанд. Мавҷуда Ҳасанова, сардори дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба мо изҳор дошт, ки давоми моҳҳои январ-октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба 7 милиарду 585 миллион сомонӣ баробар аст. “Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6% зиёд мебошад”,-афзуд ӯ. Ба таъкиди Мавҷуда Ҳасанова, дар даҳмоҳаи соли 2020 аз ҳаҷми умумии қарзҳои хурди додашуда аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ 33,7%-и он ба занон рост омада, як миллиарду 647,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаришуда 3,3% зиёд мебошад.

Сарчашма: Сомонаи расмии БМТ (www.nbt.tj)   
 
Дар ҳамин ҳол, коршинсон мегӯянд, дар минтақаи Кӯлоби вилояти  Хатлон, соҳибкорзанон аксар вақт ба мушкили дастрасӣ ба қарзҳо ва фоизи баланди онҳо рӯбарӯ мегарданд.

Хоматзода Баҳром — Коршиноси масоили иқтисодӣ

Бархе соҳибназарон бар инанд, афзоиши теъдоди соҳибкорзанон агар аз яктараф барои таъмини зиндагии хонаводаи худи онҳо мусоидат кунад, аз дигар тараф сабаби ба кор таъмин шудани чандин нафар мегардад.

Ҳамин тариқ, рушди соҳибкории занон шароит фароҳам меоварад, ки имкониятҳои зеҳнӣ, қобилияти кориву роҳбарии занон дуруст  истифода гарданд, нобаробарии гендерӣ то андозае аз байн бардошта шавад ва сатҳи бекориву камбизоатӣ коҳиш ёбад. Барои рушди соҳа эҷоди фазои мусоиди соҳибкорӣ, коҳиш додани бори гарони андозҳо,  мақсаднок истифода бурдани буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ хеле муҳим мебошад.

 

Низомиддин Комилов

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.