Оммавияти нармафзорҳои пардохтӣ ба рушди пардохтҳои ғайрнақдӣ мусоидат карданд

237

Дар чанд соли ахир ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ҷорӣ гардид. Ин яке аз вижагиҳои қобили мулоҳиза дар самти баҳрабардорӣ аз ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.
Аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, ки айни замон як қатор ташкилотҳои қарзии ватанӣ технологияҳои муосири пардохтиро татбиқ намуда, ба муштариёни худ имконияти осону қулай ва ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро пешниҳод намуда истодаанд. Дар ин самт, ташкилотҳои қарзӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкиро, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, Интернет-бонкинг, бонкдории мобилӣ, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электронӣ бомуваффақият татбиқ намудаанд.
Инчунин аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ чораҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла пешниҳоди “Cash back”, яъне баргардонидаи маблағи муайян ба муштарӣ дар мавриди пардохти ғайринақдӣ, аксияҳои бурднок, бонусҳо, пешниҳоди фоиз ба бақияи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ ва дигар чораҳои ҳавасмандгардонӣ татбиқ гардида истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешидашудаи ташкилотҳои қарзӣ барои афзоиш ёфтани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва зиёдшавии ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда истодаанд.

Инчунин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд. Ба санаи 30 сентябри соли 2020 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 4 602 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 962 адад (2,8 маротиба) зиёд будааст.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, қабули пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ роҳандозӣ шуда истодаанд, аз ҷумла:

  • хизматрасониҳо дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасонии нотариалӣ;

  •  пардохти боҷи давлатӣ;

  •  пардохтҳои патентӣ;

  •  хизматрасониҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (беш аз 60 намуд);

  • пардохти хизматрасониҳои тиббӣ (беш аз 70 адад муассисаҳои тандурустӣ);

  • пардохти маблағи раводиди электронӣ;

  •  пардохтҳои гумрукӣ;

  • барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ;

  • хизматрасонии иёргирӣ;

  • пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ тавассути низоми биллингӣ;

  • пардохти маблағҳои андозсупорандагон аз объектҳои ғайриманқул;

  • андози замин;

  • воситаҳои нақлиёт, пардохти андозҳои маҳаллӣ;

Аз Наврӯз Қурбонзода, мутахассиси соҳаи бонкӣ дар мавриди аҳамият ва зарурати бонкдории фосилавӣ суол намудем, ки чунин гуфт: “Бонкдории фосилавӣ ҷудо мешавад ба смс-бонкинг, бонкдории мобилӣ ва интернет-бонкинг. Инҳо миёни ҳам алоқамандии зич доранд ва ҳар яке барои соҳаҳои гуногун таъин гардидааст. Дар аввал вақте бонкҳо дар давраи гузариш ба хизматрасониҳои фосилавӣ қадам ниҳоданд, аз смс-бонкинг шурӯъ карданд. Баъдан аз шахсони ҳуқуқӣ то ба шахсони воқеӣ интернет-бонкинг дастрас шуд ва рӯз то рӯз бонкдории мобилӣ тараққӣ карда истодааст”

Тафовути аслиии ин низом аз низоми анъанавӣ дар он аст, ки вақт ва маблағи ҳар мизоҷро бо тадриҷ сарфа мекунад ва бисёр амалиётҳое, ки тариқи ташриф ба бонк анҷом мешуд, айни ҳол онҳо метавонанд бо пахши чанд тугмаи телефони мобилии хеш амалиёти бонкиро анҷом диҳанд.
Бонкдории мобилӣ барои ҳамаи онҳое, ки телефони ҳамроҳ доранд ва телефони онҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст аст, дастрас мебошад.
Интернет-бонкинг хизматрасонии бонкиест, ки ба мизоҷи бонк дастрасӣ ба суратҳисобу амалиётҳоро дар ҳар вақт тариқи шабакаи интернет имконпазир мегардонад.

Наврӯз Қурбонзода

Дар мавриди дигари имкониятҳои интернет-бонкинг Наврӯз Қурбонзода чунин мегӯяд:
-Таъиноти интернет-бонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ буда, онҳо метавонанд тариқи он суратҳисоби хешро идора намоянд.
Хизматрасонӣ ба мизоҷи воқеӣ ва ҳуқуқӣ тафовут дошта, шахси воқеӣ барои суратҳисоби хеш худ масъул аст, вале дар шахси ҳуқуқӣ сармусоҳиб ва шахси аввал муваззаф ҳастанд. Барои шахси воқеӣ калиди махсус дода мешавад ва ҳамаи маълумотҳо тариқи барномаҳои махсус рамзӣ мегардад. Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд, тариқи интернет-бонкинг амалиёти гуногун, аз қабили гузаронидани маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар ва пардохтҳоро фосилавӣ анҷом диҳанд.
Бояд гуфт, ҳамёни электронӣ хидмати онлайнист, ки ба шахс имкон медиҳад то амалиёти электронӣ анҷом диҳад; тавассути компютер ё смартфон молу ашё харидорӣ намояд. Инчунин имкон ҳаст, ки ҳисоби бонкиро ба ҳамёни электронӣ пайваст созад.

Хушбахтона, ҳамёнҳои электронӣ дар кишварҳои Осиёӣ низ торафт бештар истифода мешаванд. MasterCard як назарпурсиеро анҷом дода, маълум намуд, ки 45%-и корбарон дар Чин, 36,7% дар Ҳиндустон ва 23,3% дар Сингапур аз ҳамёнҳои электронӣ истифода мекунанд.
Айни ҳол ҳамёнҳои электронии PayCash, WebMoney, QIWI,SmartPay, ExpressPay “Тезпардохт” ва чандин адади дигардар Тоҷикистон қобили дастрас аст.
Чанде қабл БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамёни электронии “Тезпардохт”-ро роҳандозӣ намуд. Ҳамёни электронии мазкур ба истифодабарандагон барои амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз қабили пардохти хизматрасонии интернет, алоқаи мобилии операторони дохилӣ ва хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пардохти хизматрасонии телефону интернет, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, муайян кардани бақияи қарздорӣ аз пардохти маблағи барқу об, интиқоли маблағ тавасути аз як ҳамён ба ҳамёни дигар ва ғайраҳо ба таври ройгону бемузд имконият фароҳам меорад.

Спитамен Бонк аз 1 январи соли 2020, комиссия ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi тавассути барномаи SpitamenPay-ро барҳам дод ва барои ин амалиёт ҳеҷ гуна маблағ намеситонад.Бинобар пураҳамият будани пардохтҳои ғайринақдӣ ширкатҳои мобилӣ замимаҳои хешро пешниҳод намуданд, ки насбу берунорӣ ройгон буда, тариқи телефони мобилӣ метавон даҳҳо амалиётро дар ҳама шароит анҷом дод.

Дар муқоиса нисбат ба нуҳ моҳи соли 2019 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 1 124 134 ё 5,8 маротиба баробар афзудааст.

Муҳиба Холиқназарова

Муҳиба Холиқназарова, намояндаи ширкати «Вавилон Мобайл» дар мавриди аҳамияти замимаи «MyBabilon», ки чанде қабл мавриди истифода қарор гирифт, мегӯяд: “Дар оянда муштариёни «Вавилон Мобайл» метавонанд бо насби замимаи «MyBabilon» дар телефони худ якчанд вазифаҳоро аз хона набаромада иҷро кунанд. Нахуст онҳо метавонанд, бе муроҷиат намудан ба маркази иттилоотии ширкат ҳамаи хизматрасониҳои худро идора кунанд, маблағҳои худро назорат намоянд, тарофаҳояшонро тағйир диҳанд. Пардохти хизматрасониҳои мобилӣ, телевизион ва интернет, ҳама гуна пардохтҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ, пардохти қарзҳо, молҳо аз мағозаҳо ва бисёр чизҳои дигарро бо ҳамёни электронии «MyBabilon» иҷро намоянд”. 

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии замимаи «ТезСум» барои пардохтҳои ғайринақдӣ ва интиқоли маблағҳо чанде қабл хабар дод ва аз он тавсиф кард, барномаи ройгони мобилии Тсеll буда, муҷаввизи Аввалин Бонки Молиявии Хурдро дорад, ки тариқи он пардохтани ҳисобҳо, аз ҷумла, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва ТВ, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ имкон дорад. Ба ғайр аз ин, имкон ҳаст, ки корти бонкиро ба барнома пайваст карда, тавассути системаи пардохтҳои бонкии “Корти Миллӣ” ҳама гуна пардохтҳоро мустақиман аз корт анҷом дод.
Муомилоти мол тавассути QR- рамз бошад ба тадриҷ маъмул мешавад. QR-рамз аз чоркунҷаҳои сиёҳ иборат аст, ки дар заминаи сафед ҷойгир карда шуда, онҳоро дастгоҳҳои коркарди тасвир, ба монанди камера хонда метавонад.
Музаффари Рустам, як истифодабаранди фаъоли QR-рамз мегӯяд, барояш истифода аз ин васила қулаю мусоид аст:
Дар хариди либос ва хӯрок аз он истифода мекунам. Тариқи телефони ҳамроҳ ин кор амалӣ мегардад. Барои ман гардонидани пули нақд ва корт дигар лозим нест. Бар замми ин, зимни харид ба ман кешбек дода мешавад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳудудии андоз мактуби дастурӣ ирсол намудааст, ки дар он гуфта мешавад, ки пардохти электронии маблағи        хариди молу маҳсулот тавассути QR-рамз муомилоти ғайринақдӣ буда, дар мавриди аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҳалли фаъолият анҷом додани пардохтҳо истифодаи терминалҳои электронии қабули кортҳои пардохтии бонкӣ (POS – терминалҳо) ҳатмӣ нест.

Истифодаи технологияи муосири пардохтӣ натанҳо шахсияти мизоҷии муосирро нишон медиҳад, балки барои ҳар истифодабаранда имконият медиҳад, ки дар ҳар шароит ва дар ҳар макон амалиёти бонкиро анҷом диҳад.

Манбаъ:  https://radiotoj.tj/

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.