Соҳае, ки аз ҳама бештар маблағгузорӣ мешавад

235

Ва ё динамикаи таъминоти буҷавии соҳаи маориф дар 5 соли охир

Шаҳри Панҷакент ба қатори шаҳру навоҳии худкифои мамлакат ворид мешавадГузашта аз ин, тибқи муқаррароти қонун дар бораи буҷет ҳар сол дар ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳуриявӣ ва вилояти Суғд низ саҳм мегузорад. Бар пояи маълумоти оморӣ, соли 2019 аз ҷамъи маблағҳои буҷет 42 дарсад ба буҷаи маҳаллӣ (шаҳр), 43 дарсад ба буҷаи вилоят ва 13,9 дарсад ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст.

1,000

Ба маънои дигар, Панҷакент шаҳри “донор” аст. Яъне дар назари аввал гӯиё барои рушди ҳама соҳаҳо заминаи муътамади молиявиро доро аст. Бо вуҷуди ин, буҷаи шаҳр иҷтимоӣ мебошад. Ба ин маънӣ, ки қисми асосии маблағҳои буҷа ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, мақомоти идораи давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот масраф мешавад. Яъне он ҳанӯз ба буҷаи рушд табдил наёфтааст ва дар он маблағгузорӣ барои бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ва ё истеҳсолӣ хеле кам пешбинӣ мешавад. Ва он ҳам дар сурате амалӣ мешавад, ки ба буҷа назар ба нақша бештар маблағ ворид гардад.

Зимнан, худкифо будани буҷаи шаҳр ҳанӯз маънои аз лиҳози молиявӣ ғановатманд будани онро надорад. Тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 70 дарсади буҷа ва беш аз 90 дарсади маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр ба дӯши танҳо як корхона — ҶДММ Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — “Зарафшон” аст. Масалан, соли 2019-ум 91,6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳрро танҳо ин корхонаи азими саноати куҳӣ истеҳсол намудааст. Аз ин лиҳоз, корхонаро барои шаҳри Панҷакент метавон “буҷетофар” унвон кард. Дар навбати худ оқибатҳои вобаста будани буҷаи шаҳр танҳо ба як корхона борҳо аз ҷониби иқтисоддонҳо ва коршиносон таъкид шудааст. Ва чанд маротиба оқибати манфӣ доштани ин вобастагӣ ҳам собит шуда буд.

Баргардем ба таъмини буҷавии соҳаи маориф. Соҳаи маориф аз лиҳози теъдоди кормандон ва муассисаҳои таълимӣ аз калонтарин соҳаҳои иҷтимоии шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи шаҳр, дар моҳи сентябри соли 2020 дар Панҷакент 132 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 гимназия, 2 литсей, 13 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 116 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 4761 омӯзгор ва 62231 хонанда фаъолият доштанд. Ва табиист, ки таъминоти молиявии муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр аст. Бо афзудани теъдоди омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва маоши кормандон таъминоти молиявии соҳа сол ба сол меафзояд.

Тавре коршиноси масоили молиявӣ Раҳимҷон Каримзода мегӯяд, ҳамасола ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаи маориф бештар аз 50 дарсади маблағи умумии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.

Тавре дар раёсати молияи шаҳр тавзеҳ доданд, давоми солҳои 2016-2020 зиёдшавии маблағгузорӣ ба соҳа сол ба сол боло рафтааст, ки инро дар ҷадвал дидан мумкин аст.

Маблағгузории соҳаи маорифи шаҳр дар солҳои 2016 — 2020 (ба ҳисоби ҳазор сомонӣ)

2016-2017 %-и афзоиш 2017- 2018 %-и афзоиш 2018-2019 %-и афзоиш 2019-2020 %-и афзоиш
63480-70758,3 сомонӣ 11,5 70758,1-75273,8 сомонӣ 6,4 75273,8-84412,5 сомонӣ 12,1 84412,5-91023,5 сомонӣ 7,8

Манбаъ: Раёсати молияи шаҳри Панҷакент

Тавре дар оғоз зикр шуд, афзоиши маблағгузории соҳа ба зиёдшавии маоши кормандони соҳа, шумораи кормандон ва муассисаҳо ва имкониятҳои буҷети шаҳр вобаста аст.

Дар ин баробар, бо вуҷуди афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми миёнаи маош музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаро наметавон қонеъкунанда номид. Ҳамчунин, бароварда кардани дигар хароҷоти соҳа, аз ҷумла бунёди биноҳои нав, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо васоити аёнӣ ва ғайра низ аз имкониятҳои буҷет вобаста аст. Бо вуҷуди ин, тавре омӯзиши ин масъала собит менамояд, таъминоти буҷавии соҳа ба рағми мушкилоти гуногун сол ба сол меафзояд ва ин умедворкунанда аст.

Ва дар охир як мисоли омӯзанда ва ибратбахш. Вақте президенти вақти Малайзия маоши омӯзгорони мамлакатро 20 баробар афзуд, дар ҷавоби эродҳо гуфт, ки самари онро баъди бист сол хоҳед дид. Баъди бист сол Малайзия ба қатори мамолики рушдёфтаи ҷаҳон ворид шуд.

Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф гувоҳ аст, ки мо низ мувофиқ ба имкониятҳои доштаамон ин роҳро интихоб кардаем. Бошад, ки ба мақсуд бирасем.

Хуршед ФОЗИЛОВ,

Бобо ОДИНАЗОДА

Манбаъ: https://faraj.tj

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмилалии Британияи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.