Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?

235

То охири соли 2019 дар вилояти Хатлон беш аз 115 миллион сомонӣ қарзи мушкилситон мавҷуд будааст. Аммо масъулини Раёсати андози вилоят дар пешниҳоди маълумот оид ба вазъ дар соли 2020-ум худдорӣ карданд.

“Ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед…”

Абубакр Хушвахтов, сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози вилояти Хатлон дар посух ба ин суол, ки дар вилоят чӣ қадар қарзи мушкилситони андоз аст, чунин гуфт: “Ман дар ин масъала ба шумо маълумот дода наметавонам! Барои гирифтани чунин маълумот ба мақомоти болоии мо – Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунед! Дар Кодекси андоз ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ин мавзӯъ оварда шудааст. Вале салоҳияташ ба идораи болоии мо вобаста аст”.

Аммо Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2019 гуфта буд, ки қарзи мушкилситони андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 116 миллион сомониро ташкил мекунад.

Рӯёнидани ин гуна қарз номумкин аст      

Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Беков, сармутахассиси бахши ситонидани қарз дар нозироти андози ноҳияи Хуросон гуфт, қарзи мушкилситони андоз дар ноҳия кам не, беш аз 20 миллион сомонӣ аст.

“Қарзи мушкилситон асосан ба ҷамъияту корхонаҳое тааллуқ дорад, ки роҳбаронаш ё дар маҳбасанд ва ё вафот кардаанд. Ба ҳамин хотир рӯёнидани қарзи мушкилситони андоз, ба андешаи ман, қариб ки номумкин аст”, – афзуд вай.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, дар ин ноҳия ҳашт ҷамъият ба рӯйхати қарз(дор)ҳои мушкилситон ворид карда шудаанд.

“ҶДММ “Шарифӣ – 2013” зиёда аз 2 миллиону 380 ҳазор сомонӣ қарздор аст.  Чор сол аст, ки ин корхона фаъолият намекунад. Ягон шахси масъулашро пайдо карда намешавад. Бори дувум аст, ки роҳбараш ҳабс мешавад. Ба ҳамин монанд боз ҳафт ҷамъияту корхонаи дигар дар назди нозироти андоз қарздоранд, ки он маблағҳо дар маҷмӯъ 20 миллиону 863 ҳазору 213 сомониро ташкил медиҳанд” – гуфт М. Беков.

10 000 000 сомонӣ қарзи як корхона!        

Аз нозироти андози шаҳри Левакант гуфтанд, ки гарчанде шаҳр нисбатан хурд аст, аммо қарзи мушкилситони андоз аллакай аз 20 миллион сомонӣ гузаштааст. Сардори нозироти андози шаҳр Муҳаммадӣ Исоев мегӯяд, аз ҷамъи умумии қарзи мушкилситони андоз 50 дарсади он, яъне 10 миллион сомонӣ ба корхонаи “Нуриҳои Осиё” тааллуқ дорад. Ин корхона солҳо боз фаъолият намекунад ва қарздорӣ аз андоз аз солҳои пеш аст. Бо вуҷуди фаъолият накарданаш боз дар рӯйхати андозсупорандагони шаҳри Левакант шомил аст. Боқимонда қарзи мушкилситони андоз ба корхонаҳои солҳо боз аз фаъолият бозмонда рост меояд.

Аз қарздории Ҷасорат то Фернандо

Парвизи Навоӣ, сармутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андози ноҳияи Ёвон мегӯяд, қарзи мушкилситони андоз аллакай ба 35 миллион сомонӣ расидааст.

“Аммо ҶМДД “Фирӯз – 1111” ва соҳибкори инфиродӣ Рамазон Каримов қарзашонро то ҳол эътироф накардаанд”, – гуфт  ӯ ва илова кард, ки дар ин масъала баҳси судӣ идома дорад.

Ба таъкиди ин манбаи иттилоъ, ҳоло нисбат ба Ҷасорат Киромов, роҳбари ҶДММ “Аноҳито” дар прокуротураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуда,  номбурда дар кофтуков қарор дорад. Ҳамчунин, ҶДММ “Эком” наздики 1 миллион сомонӣ қарзи мушкилситони андоз дорад. Роҳбари ин ҷамъият Фернандо Торрес шаҳрванди хориҷӣ буда, маълум нест, ки ӯ ҳоло дар куҷо аст.

Ноҳияе, ки ин гуна қарз надорад

 Дар қиёс ба дигар шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Панҷ қарзи мушкилситон мавҷуд нест. Шариф Ализода, сардори нозироти андози ноҳияи болозикр мегӯяд, танҳо бақияи қарз андаке бештар аз 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аст.

“Хушбахтона, қарзи мушкилситони андоз дар ноҳияи Панҷ мавҷуд нест”, – моро итминон дод вай.

 

Аз маргу аз қарз халосӣ нест?

Мирзошариф Холназаров, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав бар ин назар аст, ки қарзи мушкилситони андоз ин ҳамон қарзи беэътимод аст.

“Яке аз сабаби асосии ба вуҷуд омадани қарзи мушкилситони андоз ин сари вақт пардохт нашудани андоз аз ҷониби андозсупорандагон аст. Мутаассифона, баъзан маврид пардохти андоз аз имсол ба соли дигар ва аз соли дигар боз ба солҳои баъдӣ гузошта мешавад, ки дар натиҷа қарз хеле зиёд мешавад. Табиист, ки дар ин сурат пардохти он аз ҳарвақта дида мушкилтар мешавад. Бояд масъулини мақомоти андоз барои пешгирӣ аз зиёдшавии қарзи андоз тадбирҳои мушаххас биандешанд. Метавон феҳристи алоҳидаи субъектҳои қарздорро ташкил кард, то ин ки он маблағҳо марҳила ба марҳила пардохт шаванд. Бо ин роҳ метавон аз пайдоиши қарзи мушкилситон то андозае ҷилавгирӣ кард”, – тазаккур дод ин олими иқтисодшинос.

Ба бовари ӯ, пардохт нашудани қарзи андоз ба иқтисоди кишвар таъсири амиқи манфӣ мерасонад. Зеро сарчашмаи асосии ташаккулёбии хазинаи давлат андоз аст.

“Бо иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андоз ҳукумат наметавонад вазифаи асосии хешро дар назди ҷомеа пурра иҷро кунад. Онгоҳ барномаҳои давлатӣ низ дуруст ва сари вақт маблағгузорӣ намешаванд. Бахшидани қарзи андоз дар Кодекси андози ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Андоз ин пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба буҷети давлат аст ва аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷамъоварӣ шуда, дорои хусисияти ҳатмӣ ва бебозгашт аст. Он бояд ҳатман пардохт шавад! Дар ин масъала, ки тақдири онҳо чӣ мешавад, ростӣ, ман чизе гуфта наметавонам. Аммо аз ду чиз: аз марг ва қарз ҳаргиз роҳи халосӣ нест”, – изофа кард М. Холназаров.  

Хулоса

Аксар масъулини мақомоти андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба рӯёнида шудани қарзи мушкилситони андоз чандон умедвор нестанд. Зеро бо чанд ҷиҳате, ки дар матлаб баён шуд, инро номумкин меҳисобанд. Ба андешаи онҳо, тасмими ниҳоиро фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта метавонад.

Сулаймон Султонов,

Машраби Аловиддин   

 

Манбаъ: https://khutalon.blogspot.com/

 

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.