“Хоби зимистона” – и иқтисоди Тоҷикистон

741

Мушкили аслии иқтисодӣ дар моҳи феврал чӣ хоҳад буд?

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ,

таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Маъмулан, моҳи феврал иқтисоди Тоҷикистон, ки гардишаш асосан аз тиҷорат ва хидматгузорист, ҳанӯз дар хобизимистона аст. Чун гардонандаи асосии ин иқтисод – пулҳои муҳоҷирини корӣ (чӣ воридшавӣ ва чӣ захираи он) дар инмоҳ ба камтарин ҳадди худ мерасад ва мардум кӯшиш мекунад аз ҳар тараф сарфа кунад.

Ин сарфакунӣ ба он оварда мерасонад, ки савдо дар мағозаву бозорҳо ва даромади тамоми соҳаҳои хидматрасонӣ, умумангардиши пул дар дохили кишвар, ки муайянкунандаи асосии маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии кишвар аст, ба камтарин ҳадихуд расад.

Мушкили иқтисоди кишварро, ки дар ин моҳ тамоми нишондиҳандаҳояш ба поёнтарин ҳад мерасанд ва буҳронииқтисодии беш аз як сол давомёфтаистода ин нишондиҳандаҳоро ба маротиб поёнтар бурдааст, тасмими бо сомонӣпардохт намудани рублҳои воридшавандаи муҳоҷирон метавонад бештар кунад. Ҳадаф аз чунин тасмим метавонад бонияти даромади иловагӣ гирифтани чанд бонкдор вобаста бошад, ё ба ҷалби бештари доллару евро ба кишвар.

Баҳонаи “бо мақсади нигоҳдории қурби миллӣ”, ки мақомот ироа кардаанд, аслан ғайримантиқист, чун ин тасмимашонкамтарин таъсирро ба қурби пули миллӣ дорад. Азбаски ин супориши Бонки миллӣ ба долару евро дахл надорад,метавон тахмин зад, ки он воқеан барои ҷалби бештари доллару евро ба кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар назари аввал ин барои муҳоҷирон зараре намеорад, чун онҳо метавонанд пеш аз интиқол рублҳояшонро ба доллар ё евро баргардонанду интиқолдиҳанд ва дар Тоҷикистон бо ҳамон асъори фиристодаашон гиранду дар ҷой ва вақти дилхоҳашон иваз кунанд. Аммо ин ҷо чанд мушкил метавонад пеш ояд ва меояд ҳам:

-Худи Русия ва бонкҳои он ба доллару евро ниёзи шадиде пайдо кардаанд, ки метавонад хариди онро мушкил гардонад;

-Бонки марказии Русия барои ҷилавгирӣ аз берунравии асъор метавонад интиқоли онро манъ ё маҳдуд кунад;

-Бонкҳои Тоҷикистон ҳам ба камбуди шадиди асъор рӯ ба рӯянд ва имкони пардохти ҳамаи пулҳои интиқолдодаи муҳоҷирон бо асъорро надоранд.

Ин маҳдудиятҳо хоҳ нохоҳ интиқоли пул тавассути бонкҳоро ба маротиб кам мегардонад. Муҳоҷирон танҳо дар сурати хеле зарурӣ маблағҳояшонротавассути бонк интиқол дода, дар дигар ҳолатҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари интиқоли пул хоҳанд шуд. Ин ки мақомоти бонкӣ мегӯянд мардум кам -кам ба қоидаи нав одат хоҳад кард, асосе надорад, чун вақте ду бозор вуҷуд дорад, мардум ҳатман ба оне хоҳад рафт, ки гаронтар фурӯшад ё арзонтарбихарад. Ин ки он бозор қонунист, ё бозори сиёҳ, таъсири камтаре дорад ва ҳарчӣ фарқ бештар шуд, он таъсир ҳам камтар хоҳад шуд.

Ин ба он оварда мерасонад, ки на танҳо бозори сиёҳи фурӯши асъор, балки бозори сиёҳи интиқоли пул, ки то ин замон ҳам вуҷуд дошт, тақвият ёбад.Дар натиҷа, гардиши пул ба бозори сиёҳ хоҳад кӯчид, ки зарбаи онро ҳам иқтисоди кишвар ва ҳам бонкҳо эҳсос хоҳанд кард. Низоми шаклгирифтаибонкии Тоҷикистон, ки солҳо лозим шуд ба ҳолати имрӯзааш расад, зарбаи ҷонкоҳе хоҳад хӯрд. Барои аз бозори сиёҳ ба бозори қонунӣ кашидани пулсолҳо вақт ва кӯшиш лозим аст, аммо барои баръакс шудани ин кор ҳамагӣ як тасмим ва чанд моҳ кофист.

Камшавии ҳаҷми асъор дар бонкҳо ногузир беқурбшавии пули миллиро хоҳад тезонд. Пас, ин иқдом, ки Бонки миллӣ иддао мекунад онро бароинигоҳдории қурби пули миллӣ гирифтааст, натиҷаи баръакс хоҳад дод.

Беқурбшавии пул дар кишваре чун Тоҷикистон, ки маҳсулоти истеъмолиаш асосан воридотист, ба таварруми бештаре ҳам хоҳад расонд. Чун бопоёнравии қурби пули миллӣ нархи маҳсулоти воридотӣ боло меравад ва нишондиҳандаҳои сатҳи таваррумро ҳам аз паяш хоҳад кашид.

Таваррум дар ҳамаи дунё аз рӯи нархи маҳсулоту ашёву хидматрасонӣ муайян карда мешавад. Яъне, агар шумо хостед таваррум дар моҳи февралромуайян кунед, нархи бояд маҳсулотро бо моҳи январ муқоиса кунед. Солонааш ҳам ҳамин тавр бо соли гузашта муқоиса карда мешавад.

Иддаои Бонки миллӣ, ки мегӯяд дар соли 2015 таваррум 5,1% ва дар моҳи январ 0,4% будааст, асос надорад. Чун қурби пули миллӣ дар соли 2015бештар аз 80% коҳиш ёфт, ки чунин коҳишёбӣ ҳатман ба ҳамин қадар болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ мерасонад. Аз он чӣ дар муайянкуниисатҳи тавваррум истифода мешавад, танҳо меваву сабзавоту гӯшт ва хидматрасонӣ воридотӣ нестанд ва нархҳояшон камтар боло рафтааст, ё ҳатто баъзеаз онҳо назар ба соли гузашта поёнтар рафтаанд. Аммо аз ҳаҷми ҳамаи муайянкунандаҳои сатҳи таваррум ин маҳсулот шояд 30%-ро ташкил диҳанд ваметавон хулоса кард, ки сатҳи таваррум дар соли 2015 на камтар аз 20% будааст.

Чун қурби пул зери назорати давлат аст ва ҳатто нархи бозорро кӯшиш мекунанд зери назорат дошта бошанд, зӯроварӣ ба бозор сабаби номуназзамииқурб мешавад ва ин ки Тоҷикистон кишвари воридотисту нархи маҳсулот аз қурби пули миллӣ сахт вобастааст,тахмин задан, ки таваррум дар моҳифеврал чанд дарсад хоҳад буд, мушкил аст. Танҳобо дарназаргирии бӯҳрони афзоишёбанда ва дар хоби зимистона будани иқтисоди кишвар, метавонтахмин зад, ки сатҳи таваррум дар ин моҳ на камтар аз 2% хоҳад буд