Обучение

Таҷрибаи байналмилалӣ оид ба озодии баён. Идомаи омӯзиш дар Хуҷанд

Дар қисмати дуюми рӯз, судяи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон, профессор ва доктори илмҳои ҳуқуқ Латиф Гусейнов ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти судӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳуқуқшиносон меъёрҳои байналмилалии ҳифзи озодии баёнро шарҳ дод. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён бо муқаррароти моддаи 10-и Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон, методологияи Суди Аврупо ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба озодии баён, аз ҷумла муайян намудани мавҷудияти дахолат, қонуният, ҳадафи қонунӣ ва мутаносиб будани маҳдудиятҳо шинос шуданд. Тренер инчунин тавзеҳ дод, ки ҳангоми арзёбии зарурати маҳдуд кардани озодии баён Суди Аврупо ба омилҳое чун манфиати ҷамъиятӣ, вазнинии ҷазо ва асоснокии қарорҳои мақомоти миллӣ диққати махсус медиҳад.
Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба нашри акс ва навор, риояи принсипи бегуноҳӣ, инчунин тарзи пешниҳоди иттилоот аз ҷониби мақомоти давлатӣ то содир шудани ҳукми судро баррасӣ намуданд. Дар асоси парвандаҳои воқеӣ ҳолатҳое муҳокима гардиданд, ки дар онҳо нашри акс ё изҳорот боиси поймол шудани ҳуқуқҳои инсон гардидааст.
Масъалаҳои озодии баён дар интернет, масъулияти пойгоҳҳои интернетӣ, дастрасӣ ба иттилооти оммавӣ, «ҳуқуқ ба фаромӯшӣ» ва маҳдуд намудани дастрасӣ ба захираҳои интернетӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамаи бахшҳои омӯзиш иштирокчиён тавассути таҳлили мисолҳо таҷрибаи татбиқи меъёрҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ "Хома" дар доираи лоиҳаи «Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон» бо маблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Озодии баён дар партави қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ. Омӯзиш дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз, 3 июл, дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши якрӯза дар мавзӯи «Озодии баён дар партави қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ»  бо иштироки намояндагони ВАО, ҳуқуқшиносон ва кормандони мақомоти судӣ оғоз гардид.

Дар қисмати аввали рӯз тренер Латиф Гусейнов, судяи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон, профессор ва доктори илмҳои ҳуқуқ ба иштирокчиён дар бораи асосҳои ҳуқуқии озодии баён ва методологияи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба озодии баён маълумот ироа кард. Аз ҷумла, масъалаҳои муайян намудани мавҷудияти дахолат ба ҳуқуқ, қонуният, ҳадафи қонунӣ, инчунин зарурат ва мутаносиб будани маҳдудиятҳо баррасӣ мегарданд.

Қисмат омӯзиш ба ҳифзи ҳаёти хусусии гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон бахшида шудааст. Ҳамчунин мавзӯи мувозинати байни озодии баён ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ва ҳифзи обрӯ муҳокима хоҳад гардид. Коршинос меъёрҳои Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсонро вобаста ба манфиати ҷамъиятӣ, саҳеҳии иттилоот, шакл ва муҳтавои нашр, инчунин фарқияти байни далел ва андешаро шарҳ медиҳад.

Масъалаҳои озодии баён дар интернет, масъулияти платформаҳои онлайнӣ ва корбарон, ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилооти оммавӣ ва «ҳуқуқ ба фаромӯшӣ» мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Хома» дар бо маблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар омӯзиш намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ аз вилояти Суғд иштирок доранд.

Омӯзиш дар Хучанд: баррасии масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ

Рӯзҳои 11–12 июн дар Таълимгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон омӯзиши дурӯза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Теъдоди иштирокчиён беш аз 35 нафар буд, бо шумули рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотӣ, мақомоти судӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ.

Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии намояндагони воситаҳои ахбори омма, беҳтар намудани ҳамкорӣ байни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот буд. Ин мавзӯъҳо дар шароите баррасӣ гардиданд, ки нақши расонаҳо дар таъмини шаффофият ва огоҳии ҷомеа рӯз ба рӯз муҳимтар мегардад.

Дар рӯзи аввали омӯзиш иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ВАО, меъёрҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот шинос шуданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ ба тасвир, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, инчунин ҳолатҳои монеъ шудан ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Яке аз мавзӯъҳои муҳими семинар ҳуқуқи муаллиф буд. Дар ин бахш Шаҳбону Маллавева, сардори Раёсати қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба иштирокчиён дар бораи объектҳои ҳуқуқи муаллиф, роҳҳои ҳифзи онҳо ва ҷавобгарӣ барои асардӯзӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар рӯзи дуюми семинар намояндаи Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот ҳамчун ҳуқуқи бунёдии инсон, фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро баррасӣ кард. Иштирокчиён ҳамчунин бо таҷрибаҳои беҳтарини татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шинос шуданд.

Сафарзода Саид Шариф, намояндаи Прокуратураи генералӣ, дар бораи муҳити ҳуқуқии фаъолияти мақомоти назоратӣ, маҳдудиятҳои қонунӣ ҳангоми паҳн намудани иттилоот, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои нақзи ҳуқуқ ба иттилоот ва амалияи баррасии чунин ҳолатҳо маълумот дод.

Дар идома Шароф Аланазарзода, судяи Суди Олӣ, мавзӯъҳои вобаста ба таҷрибаи судӣ дар парвандаҳои марбут ба ВАО, ҳифзи шаъну шараф, эътибори корӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ дод. Ӯ ба иштирокчиён намунаҳои амалии парвандаҳои судиро пешниҳод намуда, аҳамияти риояи меъёрҳои ҳуқуқиро дар фаъолияти журналистӣ таъкид кард.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, семинар танҳо бо маърӯзаҳо маҳдуд нашуд. Иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, ҳолатҳои воқеиро таҳлил карданд, машқҳои амалӣ анҷом доданд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти расонаҳоро муҳокима намуданд. Ин усули омӯзиш ба онҳо имкон дод, ки донишҳои назариявиро дар мисолҳои амалӣ татбиқ намоянд.

Ҳуқуқшиноси ТҶ "Хома" Ранжет Ятимов таъкид намуд, ки баланд бардоштани саводи ҳуқуқии рӯзноманигорон ва кормандони хадамоти матбуотӣ барои рушди фазои иттилоотии озод ва масъул аҳамияти калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, чунин омӯзишҳо барои таҳкими муколама байни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ, беҳтар шудани дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунанд.

Ба андешаи иштирокчиён, семинар барои дарки беҳтари қонунгузории ВАО, ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди фаъолияти касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи #Acted “ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (EuropeanUnion in Tajikistan) ва бо ҳаммаблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон  (Swiss Cooperation -Tajikistan) дар доираи лоиҳаи “Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад.

Омӯзиш дар Бохтар: иштирокчиён кадом мавзӯҳоро омӯхтанд?

Рӯзҳои 13–14 майи соли 2026 дар шаҳри Бохтар омӯзиши дурӯза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» баргузор шуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. 

Дар омӯзиш рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотӣ, мақомоти судӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок карданд. Ҳадафи асосии омӯзиш баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии намояндагони ВАО ва тақвияти ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.

Дар рӯзи аввал иштирокчиён масъалаҳои марбут ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ВАО, меъёрҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоотро баррасӣ карданд. Ҳамчунин мавзӯъҳои ҳуқуқ ба тасвир, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, инчунин монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бахши алоҳидаи омӯзиш ба ҳуқуқи муаллиф бахшида шуда, намояндаи Вазорати фарҳанг масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҷавобгарӣ барои асардӯзиро шарҳ дод.

Дар рӯзи дуюм намояндагони Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ҳамчун ҳуқуқи инсон, рушди ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин намояндаи Прокуратураи генералӣ масъалаҳои муҳити ҳуқуқии фаъолияти мақомоти назоратӣ, маҳдудиятҳо дар паҳн намудани иттилоот, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои нақзи ҳуқуқ ба иттилоот ва амалияи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятиро шарҳ дод.

Намояндаи Суди Олӣ бошад, доир ба нақши мақомоти судӣ дар баррасии парвандаҳои марбут ба ВАО, таҷрибаи судӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот, ҳифзи шаъну шараф ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат намуд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, машқҳои амалӣ ва таҳлили ҳолатҳои воқеиро анҷом доданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин омӯзишҳо барои рушди саводи ҳуқуқии рӯзноманигорон ва таҳкими муколама байни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ аҳамияти муҳим доранд.

Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи #Acted “ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (EuropeanUnion in Tajikistan) ва бо ҳаммаблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон  (Swiss Cooperation -Tajikistan) дар доираи лоиҳаи “Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад.

Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ

Рӯзҳои 6-7 майи соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши дурӯза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар омӯзиш рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ ҷалб шуда буданд. Ҳадафи асосии он тақвияти донишҳои ҳуқуқии намояндагони ВАО ва беҳтар намудани ҳамкории онҳо бо сохторҳои давлатӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ мешавад.

Тибқи барнома, дар рӯзи аввал масъалаҳои марбут ба асосҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма, меъёрҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён ҳамчунин доир ба ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳангоми ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот, ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар пешниҳоди иттилооти оммавӣ табодули назар карданд.

Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилоот ҳамчун ҳуқуқи инсон, рушди ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишварро шарҳ дод. Ҳамчунин бобати саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва татбиқи сиёсати давлатӣ ишора кард.

Рӯзи дуюми омӯзиш ба масъалаҳои амалии ҳуқуқӣ, омӯзиши кейсҳо ва муколама байни намояндагони ВАО ва мақомоти давлатӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла, мавзӯъҳои ҳуқуқи муаллиф, маҳдудиятҳо дар паҳн намудани иттилоот, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои нақзи ҳуқуқ ба иттилоот, инчунин таҷрибаи судӣ вобаста ба парвандаҳои марбут ба ВАО муҳокима шуданд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, машқҳои амалӣ ва таҳлили ҳолатҳои воқеиро анҷом  доданд.

Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи #ActedТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (EuropeanUnion in Tajikistan) ва бо ҳаммаблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон  (Swiss Cooperation -Tajikistan) дар доираи лоиҳаи “Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад.

https://youtube.com/shorts/Ic_XeKp9HI0?feature=share

 

 

Барои иштирок дар омӯзишҳои ҳуқуқии мо дархост гузоред

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» яқҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули иштирокчиёнро барои семинарҳои дурӯза эълон менамояд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар барои мутахассисони соҳаи ВАО, намояндагони мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор мегарданд.

Семинарҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО, дастрасӣ ба иттилоот ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузории амалкунанда бахшида мешаванд. Семинарҳо ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти давлатӣ ва низоми судӣ равона гардидаанд.

Дар доираи семинарҳо иштирокчиён масъалаҳои зеринро баррасӣ менамоянд:

  • ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон ҳангоми дастрасӣ ва паҳн намудани иттилоот;
  • муҳити ҳуқуқие, ки ВАО дар он фаъолият мекунанд, аз ҷумла маҳдудиятҳо дар паҳн намудани иттилоот ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузорӣ;
  • нақши прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ва стандартҳои паҳн намудани иттилоот;
  • вазифаҳои судҳо ва низоми судӣ, аз ҷумла талабот ба пойгоҳи далелӣ, тартиби баррасии парвандаҳо ва татбиқи ҳуқуқ ба аппелятсия;
  • мафҳумҳои асосии ҳуқуқӣ барои кормандони ВАО ва хадамоти матбуотӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба иттилоот ва таърифи иттилооти оммавӣ, ҳуқуқ ба махфияти манбаъ, ҳуқуқ ба тасвир, инчунин масъалаҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон.

Семинарҳо ҳамчун майдони муколамаи кушод байни рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хизмат хоҳанд кард. Иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки таҷриба мубодила намоянд, мушкилоти мавҷударо баррасӣ кунанд ва ҳамкории касбиро тақвият бахшанд.

Дар маҷмӯъ баргузории се семинар ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳар яке то 20 иштирокчӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, намояндагони низоми судӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок менамоянд.

Ин ташаббус дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022–2026 амалӣ мегардад, ки баргузории омӯзишҳоро барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот ва масъалаҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.

Барои кӣ муфид аст?

  • рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳаи ВАО;
  • намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ;
  • намояндагони мақомоти судӣ;
  • намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Формат ва санаҳои баргузории семинарҳо

Душанбе
Давомнокӣ: 2 рӯз
Санаи тахминӣ: аввали моҳи майи соли 2026
Формат: ҳузурӣ (офлайн)
Иштирокчиён: аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Бохтар
Давомнокӣ: 2 рӯз
Санаи тахминӣ: охири моҳи майи соли 2026

Хуҷанд
Давомнокӣ: 2 рӯз
Санаи тахминӣ: аввали моҳи июн соли 2026
Формат: ҳузурӣ (офлайн)
Иштирокчиён: аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздик

Формат: ҳузурӣ (офлайн)
Иштирокчиён: аз шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои наздик

Шартҳои иштирок

Барои бақайдгирӣ пур кардани дархост зарур аст:

Муҳлатҳои ниҳоии пешниҳоди дархостҳо

•    барои Душанбе: то соати 23:00, 25 апрели соли 2026
•    барои Бохтар: то соати 23:00, 20 майи соли 2026
•    барои Хуҷанд: то соати 23:00, 25 майи соли 2026

Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст.

Тамос

Барои маълумоти иловагӣ:
Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. 

Ин семинарҳо дар доираи лоиҳаи #Acted Тоҷикистон « ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (European Union in Tajikistan) ва лоиҳаи «Тақвияти ВАО ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон», ки аз ҷониби Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст баргузор мегардад.


Объявление о наборе участников на семинары по правовым вопросам в медиа

Общественная организация «Хома» совместно с Министерством культуры Республики Таджикистан, в партнёрстве с Верховным судом Республики Таджикистан и Офисом Уполномоченного по правам человека Республики Таджикистан объявляет набор участников на двухдневные семинары, которые пройдут в городах Душанбе, Худжанде и Бохтаре для медиаспециалистов, представителей судебных органов, правоохранительных органов и представителей местных хукуматов.

Семинары будут посвящены правовым вопросам в сфере медиа, доступа к информации и ответственности за нарушение действующего законодательства. Семинары направлены на укрепление взаимопонимания и сотрудничества между представителями средств массовой информации, государственных органов и судебной системы.

В рамках семинаров участники обсудят:

  • права и обязанности журналистов при получении и распространении информации;
  • правовую среду, в которой работают СМИ, включая ограничения на распространение информации и ответственность за нарушение законодательства;
  • роль прокуратуры и правоохранительных органов в обеспечении соблюдения законодательства в сфере СМИ и стандартов распространения информации;
  • функции судов и судебной системы, включая требования к доказательной базе, порядок рассмотрения дел и реализацию права на апелляцию.
  • ключевые юридические понятия для сотрудников СМИ и пресс-служб, такие как доступ к информации и определение публичной информации, право на анонимность источников, право на изображение, а также вопросы препятствования законной профессиональной деятельности журналистов.

Семинары станут площадкой для открытого диалога между журналистами, представителями пресс-служб государственных органов, судебных органов и правоохранительных структур. Участники смогут обменяться опытом, обсудить существующие вызовы и укрепить профессиональное взаимодействие.

Всего планируется проведение трех семинаров, в каждом из которых примут участие до 20 участников, включая журналистов, представителей пресс-служб государственных органов, представителей судебной системы и органов местной государственной власти.

Инициатива реализуется в соответствии с Национальной стратегией Республики Таджикистан в области защиты прав человека и Государственной программой образования в сфере прав человека на 2022-2026, предусматривающие проведение обучения для представителей государственных органов и журналистов по вопросам обеспечения доступа к информации и правовым вопросам.

Кому это будет полезно?

  • журналисты и медиаспециалисты;
  • представители пресс-служб государственных органов;
  • представители судебных органов;
  • представители местных органов государственной власти.

Формат и даты

Душанбе:

  • Продолжительность: 2 дня
  • Предварительная дата: конец апреля, 2026
  • Формат: оффлайн
  • Участвуют те, кто проживает в Душанбе и РРП

Худжанд:

  • Продолжительность: 2 дня
  • Предварительная дата: третья декада мая, 2026
  • Формат: оффлайн
  • Участвуют те, кто проживает в Худжанде и ближайших районах

Бохтар:

  • Продолжительность: 2 дня
  • Предварительная дата: середина июня, 2026
  • Формат: оффлайн
  • Участвуют те, кто проживает в Бохтаре и ближайших районах

 

Условия участия:

Для регистрации необходимо заполнить онлайн-форму.

Онлайн форма для участников мероприятия из Душанбе

Онлайн форма для участников мероприятия из Худжанда

Онлайн форма для участников мероприятия из Бохтара

 

Крайний срок подачи заявок для участников из Душанбе до 23:00, 25 апреля 2026 г

Крайний срок подачи заявок для участников из Худжанда до 23:00, 25 мая 2026 г.

Крайний срок подачи заявок для участников из Бохтара до 23:00, 20 мая 2026 г.

Количество мест ограничено. 

По всем вопросам обращайтесь по адресу: Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. 

Семинары проводится в рамках проекта #Acted Таджикистан «ОГО ЗА ПОДДЕРКЖУ ГОСУПРАВЛЕНИЯ: Усиление пресс-служб государственных органов, медиа и гражданского общества для поддержки развития медиа пространства в Таджикистане через диалог, улучшение цифровых навыков и доступа к информации» при финансовой поддержке Европейского союза (European Union in Tajikistan) и проекта «Укрепление стандартов в области СМИ и прав человека», финансируемый Швейцарским офисом по сотрудничеству в Таджикистане.

Омӯзиш барои судяҳо: таҳрир ва малакаҳои техникӣ

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулони 22 сомонаи судӣ аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омӯзиши дурӯза таҳти унвони «Фаъолияти самараноки сомонаҳои судӣ: таҳрир ва малакаҳои техникӣ» баргузор намуд. 

Қабл аз баргузории омӯзиш «Хома» мониторинги 78 сомонаи судиро анҷом дода, дар асоси натиҷаҳои бадастомада барномаи омӯзиширо таҳия кард.

Дар маросими ифтитоҳи омӯзиш муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод зикр намуданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир баланд бардоштани сифати иттилооти судӣ, таъмини боэътимод ва саривақтӣ будани он, инчунин осон намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Зимнан, муовини раиси Суди Олӣ омодагии ин ниҳодро барои густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин самт иброз дошт.

Дар омӯзиш судяи Суди Олии ҶТ Аланазарзода Шароф оид ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот вобаста ба фаъолияти судҳо ва аҳамияти фаъолгардонии сомонаҳои судӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. 

Мутахассисони ТҶ «Хома» ба иштирокчиён доир ба пойгоҳҳои маъмули идоракунии муҳтаво — WordPress, Bitrix ва Joomla, инчунин оид ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот, меъёрҳои универсалии пешниҳоди хабар ва сохтори дурусти матни хабарӣ маълумоти муфассал ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуданд.

Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038» бо дастгирии IPHR баргузор гардид.

Эълон: Мехоҳед зеҳни сунъӣ ва имкониятҳои нави онро омӯзед?

 Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» журналистонро аз Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон, нохияхои тобеи марказ ва ВМКБ барои иштирок дар тренинги амалии се-рӯза «Зеҳни сунъӣ дар рӯзноманигорӣ: барномаҳо, имкониятҳо ва равишҳои нав» даъват мекунад.

 

Тренинг барои кӣ муфид аст

 

Тренинг барои журналистон, редакторҳо ва эҷодгарони контент, ки мехоҳанд аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) барои самараноктар ва босифаттар кор кардан истифода баранд, муфид хоҳад буд.

 

Мавзӯъҳои тренинг

 

  • Муаррифии ЗС-и генеративӣ барои журналистон: чӣ, чаро ва чӣ гуна;
  • Шарҳи барномаҳои ройгон: матн, тасвир, садо, видео;
  • Практикум 1: Идея ва сенария – ChatGPT, Claude, Gemini, Perplexity;
  • Практикум 2: Мазмуни визуалӣ – Leonardo.ai, Grok, Ideogram, Nano Banana (Gemini);
  • Практикум 3: Аудио ва видео – ElevenLabs, OpenAI.fm, Grok, Suno;
  • Тайёр кардани мавод дар Mobirise;
  • Практикум 4: Тайёр кардани маводи мультимедиа;
  • Кор бо тасвирҳои моҳвораӣ;
  • Парсинг ва тозакунӣ босуръати додаҳо;
  • Эҷоди инфографика ва тестҳои интерактивӣ;
  • Таҳлили файлҳои калон бо истифода аз NotebookLM;
  • Асосҳои кор бо код ва GitHub.

Чӣ чизеро ёд мегиред

 

  • Фаҳмидани ЗС ва нақши он дар рӯзноманигории муосир;
  • Истифодаи имкониятҳои моделҳои гуногун барои эҷод, таҳлили додаҳо ва истеҳсоли форматҳои мультимедиа;
  • Кор бо ёрдамчиёни ЗС ба тарзе, ки онҳо корҳои такрорӣ ва рутинаро бар дӯши худ гиранд ва ба шумо бештар вақти эҷодӣ боқӣ монад;
  • Эҷоди мавод (матн + сурат/видео/аудио/аниматсия) бо истифода аз AI ҳангоми тренинг.

 

Формат ва санаҳо:

  • Давомнокӣ: 3 рӯз
  • Ҷойи баргузорӣ: ш. Душанбе
  • Сана: 23–25 октябри 2025
  • Формат: очный

 

Шартҳои иштирок:

 

Барои бақайдгирӣ зарур аст, ки формаи онлайн пур карда шавад.

 

Мӯҳлати ниҳоӣ: то соати 17:00, 15 октябри 2025. Миқдори ҷойҳо маҳдуд аст.

 

Барои иштирокчиёни аз минтақаҳо ҷойи зиндагӣ ва ҷуброни хароҷоти нақлиёт пешбинӣ шудааст.

 

Барои саволҳо бо суроғаҳои зерин тамос гиред: Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript., Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.

 

***

 

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи #Acted Тоҷикистон “CSO-GO for Governance: Media” баргузор мегардад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (European Union in Tajikistan) маблағгузорӣ мешавад.

_________________________________________________________________________________

Общественная организация «Хома» приглашает журналистов из Душанбе, Согдийской, Хатлонской областей, РРП и ГБАО принять участие в трёхдневном практическом тренинге «Искусственный интеллект в журналистике: инструменты, возможности, новые подходы»

 

Кому это будет полезно

 

Тренинг предназначен для журналистов, редакторов и создателей контента, которые хотят использовать искусственный интеллект для повышения эффективности работы и качества создаваемого контента.

 

 Темы тренинга

  • Введение в генеративный ИИ для журналистов: что, зачем и как;
  • Обзор бесплатных инструментов: текст, изображение, звук, видео;
  • Практикум 1: Идея и сценарий - ChatGPT, Claude, Gemini, Perplexity;
  • Практикум 2: Визуальный контент - Leonardo.ai, Grok, Ideogram, Nano Banana (Gemini);
  • Практикум 3: Аудио и видео - ElevenLabs, OpenAI.fm, Grok, Suno;
  • Сборка материала на Mobirise;
  • Практикум 4: Сборка мультимедийного материала;
  • Работа со спутниковыми изображениями;
  • Быстрый парсинг и очистка данных;
  • Создание инфографики и интерактивных тестов;
  • Анализ объёмных файлов с помощью NotebookLM;
  • Основы работы с кодом и GitHub.

 

Чему вы научитесь:

 

  • Понимать ИИ и его роль в современной журналистике.
  • Применять возможности разных моделей для создания контента, анализа данных и производства мультимедийных форматов.
  • Использовать ИИ-помощников так, чтобы они брали на себя рутину, а у вас оставалось больше времени для творческой работы.
  • Создавать материалы (текст + фото/видео/аудио/анимация) при помощи ИИ уже во время тренинга.

 

Формат и даты:

 

  • Продолжительность: 3 дня
  • Место проведения: г. Душанбе
  • Дата: 23-25 октября, 2025
  • Формат: очный

 

Условия участия:

 

Для регистрации необходимо заполнить онлайн-форму.

 

Крайний срок подачи заявок: до 17:00, 15 октября 2025 г. Количество мест ограничено.

 

Для участников из регионов предусмотрено проживание и компенсация транспортных расходов.

 

По всем вопросам обращайтесь по адресу: Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript., Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.

 

***

 

Данное мероприятие проводится в рамках проекта #Acted Таджикистан "CSO-GO for Governance: Media" при финансовой поддержке Европейского союза (European Union in Tajikistan).

 

Аҳамияти SMM барои марказҳои матбуотӣ

Қисмати аввали рӯзи дуюми омӯзиш Шаҳноза Ҳакимова бобати зарурат ва аҳамияти SMM барои марказҳои матбуотӣ маълумот дод. Масъулини марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бобати муассирсозии матолиби худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти муфиду заруриро касб карданд.
Инчунин саҳифаи чанде аз ниҳодҳои давлатӣ дар фейсбуку интстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои хешро барои беҳтарсозии ин саҳифаҳо баён доштанд.
Таъкид шуд, ки асосҳои стратегияи муҳтаво бояд риоя шавад, нақшаи муҳтавоӣ (контент план) тартиб дода шавад ва маводҳо мудовим ба нашр расанд. Ба сифати тасвиру видео ва тарроҳӣ диққат дода шавад.

Ба ман имконият деҳ!

Мавзӯи филми кутоҳи иҷтимоии “Ба ман имконият деҳ…” шикастани қолабҳо ва муносибати дуруст ба нафарони аз зиндон озодшуда аст. Муносибати дурусти корфармо ба як ҷавони аз маҳбас озодшуда  зиндагии ӯро тағйир медиҳад. Эътимод ба нафсашро боло мебарад ва ҳамзамон умедашро ба фардо нек месозад.

Пас аз озод шудан аз зиндон, инсон бояд имкони аз нав оғоз кардани зиндагиро дошта бошад. Аммо воқеият дигар аст, бисёре аз нафарони аз маҳбас раҳоёфта бо тамғагузорӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳоро ба кор қабул намекунанд, ба онҳо бовар надоранд ва доим бо гузаштаашон маҳкум мекунанд.

Дар ҳоле ки қонунгузорӣ табъиз ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро бинобар доштани  доғи судӣ манъ мекунад (ба истиснои ҳолатҳои махсуси дар қонун пешбинишуда), дар амал бисёр корфармоён ин меъёрҳоро нодида мегиранд. Натиҷа чӣ мешавад? Инсон бидуни кор, бидуни дастгирӣ ва бидуни умед мемонад, ки ин метавонад заминаи бозгашт ба роҳи хато гардад.

Агар мо мехоҳем ҷинояткорӣ коҳиш ёбад, бояд ба одамон пас аз адои ҷазо имконият фароҳам оред , на ин ки онҳоро то абад бо гузаштаашон ҷазо диҳем.

Филми кутоҳи иҷтимоии “Ба ман имконият деҳ…” аз ҷониби коргардони боистеъдод Азиз Сатторӣ дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, ки аз ҷониби DRL дастгирии молиявӣ ёфтааст, таҳия шуд.

Чӣ гуна тасвирро такмил кард?

Писарбачаи танҳое бо як пой дар тасвир - ҳама ҳамин манзараро диданд. Ҳавои тираву абрӣ, макони бидуни обу дарахт ва чеҳраи гирифтаи ин писарро аксарият мушоҳида накарданд... 
Коргардони ҷавон Тахмина (Тамиша) Муминова тасвирро баъд аз пурсишҳо миёни ҷомеа такмил кард. 
Ба назари Шумо, чаро аксарият мушкили кӯдакро дарк накарданд?
Матлаб дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст. 

Эҳтиром

Ин филми кӯтоҳ натиҷаи омӯзиши чаҳоррӯзаест, ки коргардонҳову продюсерони тоҷик  дар он ҷалб гардида буданд. Дар доираи он иштирокчиён ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии инсонро, ки дар Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон то соли 2038 дарҷ шудаанд, омӯхтанд ва бо Нақшаи амалишавии ин стратегия барои солҳои 2023-2025 низ ошно гардиданд. Инчунин доир ба видеои иҷтимоӣ  ва усулҳои муосири омода кардани видеои иҷтимоӣ, паҳн намудани он/дистрибутсия, роҳҳои дуруст муайянро низ аз худ намуданд.
Коргардон Акмал Ҳасанов иштирокчии омӯзиш буд ва пас аз он  филми кӯтоҳеро бо номи “Эҳтиром” дар бораи ҳифзи арзишҳои оила ва эҳтиром ба ҳамсар таҳия кард. Матлаб дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, ки аз ҷониби DRL дастгирии молиявӣ ёфтааст.
Намехоҳам ҳамаи филмро бо матн қисса намоем. Бубинед ва фикру мулоҳизаҳои хешро нависед:

Общественная организация «Хома» создана в 2003 году с целью содействия профессиональному развитию СМИ Таджикистана.

О нас

Разделы

Информация