Муомила – асоси табобат
Давлатмурод Каримов дар филми хеш бобати муносибат ба бемории сил, нақши оила, табибон ва ҷомеа дар пешгирӣ ва табобати он қисса мекунад. Ҷаббор қаҳрамонии маркази филм пас аз солҳои зиндон ба хона бармегардад ва бо ҳамсараш Умеда ва писари хурдсолаш Рустам зиндагии нав оғоз мекунад. Аммо оромии оила дер давом намекунад, нишонаҳои беморӣ — сулфаи тӯлонӣ, заъф ва бад шудани ҳолати саломатӣ аввал дар падар ва баъд дар кӯдак пайдо мешаванд. Дар филм нишон дода мешавад, ки чӣ гуна ноогоҳӣ, тарс аз «шармандагӣ», бовар накардан ба табибон ва тасаввуроти ғалати иҷтимоӣ метавонанд саломатии инсон ва амнияти оиларо зери хатар гузоранд. Ҷаббор бемориро «ирсӣ» ва «табобатнашаванда» мешуморад, аз муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ худдорӣ мекунад ва ҳатто ба ҳамсараш иҷозаи озодона амал кардан намедиҳад. Дар муқобил, образи Умеда ҳамчун зани огоҳ ва масъул офарида шудааст. Ӯ бо вуҷуди фишор ва тарс барои саломатии фарзандаш ба табиб муроҷиат мекунад. Қаҳрамони табиби силшинос бо муносибати касбӣ, ором ва инсонӣ на танҳо ташхис мегузорад, балки роҳҳои кумак ва ҳамкорӣ бо ҷомеаро пешниҳод мекунад. Яке аз паҳлӯҳои муҳими сенария иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои динӣ аст. Бо дахолати намояндаи созмони ҷамъиятӣ ва суҳбати имоми масҷид, боварҳои нодуруст тадриҷан шикаста мешаванд. Ниҳоят, Ҷаббор ба табобат розӣ мешавад. Оила ба марҳилаи нави умед ва шифо қадам мегузорад. Анҷоми сенария паёми возеҳ дорад, табобат на танҳо дору, балки муомила, фаҳмиш, ҳамдардӣ ва дастгирии якдигар аст. Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст.
