Аз дастрасии иттилоот то муколамаи муассир: нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ чӣ гуна тағйир меёбанд?
Мониторинги се даври нишастҳои матбуотӣ нишон медиҳад, ки дар кори мақомоти давлатӣ ва муносибати онҳо бо воситаҳои ахбори омма як қатор тағйироти мусбат ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон, ҳам барои мақомоти давлатӣ ва ҳам барои журналистон масъалаҳое боқӣ мондаанд, ки ба сифати муколама ва самаранокии дастрасӣ ба иттилоот таъсир мерасонанд.
Дастрасӣ ба иттилоот танҳо имкони гирифтани як хабар ё ҷавоб ба як савол нест. Ин як ҷузъи муҳими муносибати давлат ва ҷомеа, воситаи ҳисоботдиҳӣ ва яке аз шартҳои муҳими фаъолияти босифати воситаҳои ахбори омма мебошад.
Дар ҳамин замина, нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ метавонанд ба яке аз муҳимтарин майдонҳои муколамаи мустақими давлат ва ҷомеа табдил ёбанд. Аммо самаранокии онҳо аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза журналист метавонад саволи худро озодона пешниҳод кунад, посухи мушаххас бигирад ва иттилооти пешниҳодшуда барои аудитория қобили истифода бошад.
30 сентябри соли 2026 дар Душанбе мизи гирд таҳти унвони «Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот» баргузор шуд. Дар он натиҷаҳои мониторинги нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва сомонаҳои расмии онҳо муаррифӣ гардиданд. Дар чорабинӣ 50 нафар, аз ҷумла журналистон, намояндагони марказҳои матбуотӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
69 нишасти матбуотӣ зери мониторинг
Дар доираи се даври мониторинг дар маҷмӯъ 69 нишасти матбуотии мақомоти давлатӣ таҳлил ва арзёбӣ шудааст. Ҳадафи мониторинг танҳо муайян кардани мавҷудияти иттилоот набуда, балки арзёбии сифати муоширати мақомоти давлатӣ бо журналистон, имкони пешниҳоди савол ва гирифтани посухи мушаххас низ буд.
Даври сеюми мониторинг, ки натиҷаҳои он дар мизи гирд пешниҳод гардид, 28 нишасти матбуотӣ-и вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бар гирифт. Арзёбӣ бар асоси методологияи таҳияшуда, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар санадҳои дахлдор гузаронида шудааст. Барои ҷамъоварии маълумот пурсишномаҳои махсус ва сабти ҷараёни нишастҳо истифода шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин давраи мониторинг дар он аст, ки на танҳо худи фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки таҷриба ва андешаи журналистон низ ба назар гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки масъала аз ду ҷониб — ҳам аз нигоҳи пешниҳодкунандаи иттилоот ва ҳам аз нигоҳи истифодабарандаи он — арзёбӣ шавад.
Натиҷаҳои мониторинг нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти як қатор хадамоти матбуотӣ шаклҳои нави кор ва роҳҳои гуногуни пешниҳоди иттилоот бештар истифода мешаванд.
Яке аз чунин тамоюлҳо идомаи пахши мустақими нишастҳои матбуотӣ тавассути Радиои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» мебошад. Радиои «Фарҳанг» низ баррасӣ ва таҳлили нишастҳои матбуотиро ба роҳ мондааст.
Барои журналистон ва аудитория муҳим будани пахши мустақим дар он аст, ки доираи дастрасӣ ба нишаст дигар танҳо ба иштирокчиёни толор маҳдуд намешавад. Маводи нишаст метавонад ҳамзамон ба шунавандагон ва истифодабарандагони дигар расад.
Дигар тағйироти мусбат — истифодаи шаклҳои визуалии пешниҳоди маълумот мебошад. Бархе мақомоти давлатӣ омор ва маълумоти соҳавиро тавассути ҷадвалҳо, инфографика ва дигар воситаҳои визуалӣ пешниҳод мекунанд. Барои журналист ин маънои дастрасии осонтар ба рақамҳо ва барои аудитория бошад, имкони дарки беҳтари маълумоти мураккабро дорад.
Ҳамчунин, дар як қатор мақомоти давлатӣ варақаҳои иттилоотӣ пеш аз оғози нишаст ба журналистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомона дастрас мешаванд. Ин амал ба намояндагони ВАО имконият медиҳад, ки пешакӣ бо маълумот шинос шуда, саволҳои мушаххастар омода кунанд.
Яке аз тағйироти қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки дар 10 мақоми давлатӣ маълумоти асосии варақаҳои иттилоотӣ дар рафти нишаст ба таври мухтасар пешниҳод шуда, ба хондани пурраи он маҳдуд нашудааст. Ин равиш метавонад вақти бештарро барои саволу ҷавоб нигоҳ дорад.
Дастрасии саривақтӣ ба иттилоот танҳо бо баргузории худи нишаст маҳдуд намешавад. Барои журналист муҳим аст, ки пеш аз чорабинӣ бидонад, ки нишаст кай ва дар куҷо баргузор мешавад.
Тибқи мониторинг, аксари мақомоти давлатӣ, ба истиснои АМИТ «Ховар», тавассути сомонаҳои расмӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ пешакӣ дар бораи вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ иттилоъ медиҳанд.
Ин як тағйироти муҳим аст, зеро журналист бояд тавонад фаъолияти редаксионии худро пешакӣ ба нақша гирад ва дар ҳолати ҳамзамон баргузор шудани якчанд чорабинӣ қарор қабул кунад, ки дар кадом нишаст иштирок намояд.
Яке аз тамоюлҳои мусбати дигар беҳтар шудани истифодаи забони давлатӣ дар нишастҳои матбуотӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ба қонун "Дар бораи забони давлатӣ" модаи нав (Моддаи 121 . Забони нишастҳои матбуотӣ) илова гардид, тибқи он “дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ба забони давлатӣ баргузор мешаванд”
Агар дар нишастҳои қаблӣ аз ҷониби баъзе расонаҳои байналмилалӣ масъалаи пешниҳоди посух ба забони русӣ матраҳ мешуд, дар давраи мавриди мониторинг дар як қатор ҳолатҳо худи журналистон саволҳои худро бо забони давлатӣ пешниҳод кардаанд.
Иштироки роҳбарони аввал ва шахсони масъули мақомоти давлатӣ низ яке аз ҷанбаҳои мусбати мушоҳидашуда мебошад.
Вақте ки роҳбари ниҳод бевосита дар нишасти матбуотӣ иштирок мекунад, журналист метавонад масъалаҳои муҳимро бидуни миёнарав ба роҳбарият пешниҳод кунад.
Муколамаи босифат танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест. Сифати саволҳои журналистон низ ба натиҷаи нишаст таъсир мерасонад.
Дар мониторинг як таҷрибаи ҷолиби расонаӣ низ ҳамчун намуна қайд шудааст. Азия-Плюс тавассути рубрикаи «Ба мансабдорон савол диҳед» як рӯз пеш аз нишаст саволҳои хонандагонро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро дар ҷараёни нишаст ба масъулон пешниҳод мекунад. Рубрикаи #нишастиматбуотӣАП низ барои мутамарказ намудани хабарҳо ва маводи марбут ба нишастҳои матбуотӣ истифода мешавад.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки нишасти матбуотӣ метавонад на танҳо майдони муносибати журналист бо мансабдор, балки канали мустақими иртиботи ҷомеа бо мақомоти давлатӣ бошад.
Аммо мушкилҳо ҳанӯз зиёданд
Бо вуҷуди пешрафтҳо, мониторинг як қатор масъалаҳои системавиро низ нишон дод. Яке аз мушкилоти асосӣ ҳамзамон баргузор шудани нишастҳои матбуотии ниҳодҳои муҳим мебошад. Дар як рӯз нишастҳои Прокуратураи генералӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати молия баргузор мешаванд. Дар чунин ҳолат журналист наметавонад дар ҳамаи чорабиниҳо иштирок кунад. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии тақвими нишастҳо метавонад на танҳо масъалаи техникӣ, балки як шарти муҳими таъмини дастрасии воқеии журналистон ба иттилоот бошад.
Баргузории баъзе нишастҳо соати 08:00 низ ҳамчун мушкил арзёбӣ шудааст. Барои қисми журналистон чунин вақт метавонад мушкилоти логистикӣ ба вуҷуд оварда, имкони омодагии пешакӣ ва иштироки пурраро маҳдуд кунад.
Дар тавсияҳои мизи гирд пешниҳод шуд, ки ҳангоми муайян кардани вақти нишаст имкони иштироки журналистон ба назар гирифта шуда, баргузории чорабиниҳо дар давоми рӯз, аз ҷумла баъд аз нисфирӯзӣ, низ баррасӣ шавад.
Ҳолатҳои пешниҳоди туҳфа ё зиёфат ба журналистон низ ҷой дорад, ки хилофи меъёрҳои касбию ахлоқии журналистӣ мебошад. Бинобар ин, тавсия дода шуд, ки масъалаҳои марбут ба супоридани сипосномаҳо, мукофотҳо ё ҷамъбасти озмунҳо дар доираи чорабиниҳои алоҳида баргузор шаванд, на дар нишастҳои матбуотӣ.
Мониторинг нишон дод, ки дар баъзе нишастҳо қисми иттилоотӣ тӯлонӣ буда, вақти барои саволу ҷавоб пешбинишударо маҳдуд мекунад. Дар тавсияҳо пешниҳод шудааст, ки тақсимоти вақти нишаст мутавозинтар бошад. Агарчи маҳдудияти ҳатмии яксоата дар нишастҳои матбуотӣ пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, агар масъалаҳо муҳим бошанд, имкони идомаи саволу ҷавоб то анҷоми масъалаҳои асосӣ бояд фароҳам бошад.
Сифати посухҳо низ яке аз масъалаҳои калидист. Дар баъзе ҳолатҳо посухҳо умумӣ буда, барои гирифтани маълумоти мушаххас шарҳу тавзеҳи иловагӣ зарурат пеш меояд. Ҷавоби дақиқ ва ба масъалаи матраҳшуда равонашуда метавонад самаранокии муколамаро беҳтар кунад. Аммо мушкил танҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ нест. Қисме аз саволҳои хабарнигорон хусусияти умумӣ ё тавсифӣ дошта, баъзе саволҳо маълумоти мушаххас ё ҳолати муайянро дар бар намегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо низ масъалаҳое матраҳ шудаанд, ки ба салоҳияти мақоми баргузоркунанда дахл надоранд. Яке аз мушкилоти зикршуда — омодагии нокифояи баъзе журналистон пеш аз иштирок дар нишаст мебошад. Баъзе саволҳо такрори маълумоти дар варақаҳои иттилоотӣ пешниҳодшуда мешаванд.
Барои ҳалли ин масъала тавсия шудааст, ки редаксияҳо журналистони соҳавиро омода намоянд, пеш аз нишаст маълумоти қаблан нашршуда омӯзонида шавад ва дар дохили расонаҳо механизми ҷамъоварӣ ва таҳияи саволҳо вобаста ба фаъолияти ҳар як мақоми давлатӣ ташкил карда шавад.
Мониторинг танҳо мушкилотро нишон надодааст. Дар муқоиса бо давраи қаблӣ як қатор тағйироти мусбат низ сабт шудаанд.
Аз ҷумла, ҳолатҳои маҳдудсозии ворид шудан ба баъзе мақомоти давлатӣ аз байн рафтаанд. Суди Олӣ ва Вазорати нақлиёт ба саволҳои эҳтимолии журналистон пешакӣ омодагӣ дидаанд. Дар толори Прокуратураи генералӣ барои пахши мустақим имкони истифодаи интернет фароҳам шудааст.
Ҳамчунин, Суди Олӣ барои баргузории нишастҳои матбуотӣ толори мувофиқ омода кардааст ва вақти нишастҳои матбуотии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз нишастҳои вазорату идораҳо ҷудо карда шудааст.
