Ҳуқуқи инсон

Ба ман имконият деҳ!

Мавзӯи филми кутоҳи иҷтимоии “Ба ман имконият деҳ…” шикастани қолабҳо ва муносибати дуруст ба нафарони аз зиндон озодшуда аст. Муносибати дурусти корфармо ба як ҷавони аз маҳбас озодшуда  зиндагии ӯро тағйир медиҳад. Эътимод ба нафсашро боло мебарад ва ҳамзамон умедашро ба фардо нек месозад.

Пас аз озод шудан аз зиндон, инсон бояд имкони аз нав оғоз кардани зиндагиро дошта бошад. Аммо воқеият дигар аст, бисёре аз нафарони аз маҳбас раҳоёфта бо тамғагузорӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳоро ба кор қабул намекунанд, ба онҳо бовар надоранд ва доим бо гузаштаашон маҳкум мекунанд.

Дар ҳоле ки қонунгузорӣ табъиз ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро бинобар доштани  доғи судӣ манъ мекунад (ба истиснои ҳолатҳои махсуси дар қонун пешбинишуда), дар амал бисёр корфармоён ин меъёрҳоро нодида мегиранд. Натиҷа чӣ мешавад? Инсон бидуни кор, бидуни дастгирӣ ва бидуни умед мемонад, ки ин метавонад заминаи бозгашт ба роҳи хато гардад.

Агар мо мехоҳем ҷинояткорӣ коҳиш ёбад, бояд ба одамон пас аз адои ҷазо имконият фароҳам оред , на ин ки онҳоро то абад бо гузаштаашон ҷазо диҳем.

Филми кутоҳи иҷтимоии “Ба ман имконият деҳ…” аз ҷониби коргардони боистеъдод Азиз Сатторӣ дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, ки аз ҷониби DRL дастгирии молиявӣ ёфтааст, таҳия шуд.

Чӣ гуна тасвирро такмил кард?

Писарбачаи танҳое бо як пой дар тасвир - ҳама ҳамин манзараро диданд. Ҳавои тираву абрӣ, макони бидуни обу дарахт ва чеҳраи гирифтаи ин писарро аксарият мушоҳида накарданд... 
Коргардони ҷавон Тахмина (Тамиша) Муминова тасвирро баъд аз пурсишҳо миёни ҷомеа такмил кард. 
Ба назари Шумо, чаро аксарият мушкили кӯдакро дарк накарданд?
Матлаб дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст. 

Эҳтиром

Ин филми кӯтоҳ натиҷаи омӯзиши чаҳоррӯзаест, ки коргардонҳову продюсерони тоҷик  дар он ҷалб гардида буданд. Дар доираи он иштирокчиён ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии инсонро, ки дар Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон то соли 2038 дарҷ шудаанд, омӯхтанд ва бо Нақшаи амалишавии ин стратегия барои солҳои 2023-2025 низ ошно гардиданд. Инчунин доир ба видеои иҷтимоӣ  ва усулҳои муосири омода кардани видеои иҷтимоӣ, паҳн намудани он/дистрибутсия, роҳҳои дуруст муайянро низ аз худ намуданд.
Коргардон Акмал Ҳасанов иштирокчии омӯзиш буд ва пас аз он  филми кӯтоҳеро бо номи “Эҳтиром” дар бораи ҳифзи арзишҳои оила ва эҳтиром ба ҳамсар таҳия кард. Матлаб дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, ки аз ҷониби DRL дастгирии молиявӣ ёфтааст.
Намехоҳам ҳамаи филмро бо матн қисса намоем. Бубинед ва фикру мулоҳизаҳои хешро нависед:

Аз ноумеди басо умед аст...

Аз ноумеди басо умед аст...- филми навбатии иҷтимоӣ чунин ном гирифтааст, ки аз ҳаёти як оилаи маъюб қисса мекунад. Падару модар  бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷисмонӣ бо меҳнату шикебоӣ ва муҳаббат зиндагиро пеш мебаранд ва ягона фарзанди хешро бузург менамоянд. Падар ба кафшдӯзӣ машғул аст, модар бошад бо дӯхтани либосҳои занона рӯзии худро пайдо мекунад. Духтарчаи онҳо, ки солиму бардам аст, дар корҳои рӯзмарра ба падару модар кумак мекунад ва ҳамзамон таҳсил менамояд.
Қаҳрамонҳо дар бораи кӯдакӣ, орзуҳо, табъиз, мушкилиҳои иқтисодӣ ва ҳамзамон дар бораи умед, ирода ва интихоби зиндагии мустақилона нақл мекунанд. 
Маъюбият маънои нотавониро надорад ва ин филм паёми возеҳест, ки бинандаро ба тағйири муносибат ба маъюбон, эҳтироми ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ даъват мекунад.
Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст. 

Устухонҳои шишагин. Ансору Мубин гирифтории бемории нодир

Дар кӯҳистони Мастчоҳ, беш аз 300 километр дур аз Душанбе ду бародар — Ансор (11-сола) ва Мубин (7-сола) зиндагии пурмашаққат доранд. Кӯдакӣ барои онҳо на дар синфхона, балки дар чаҳор девори хона мегузарад.

Ансор ва Мубин ба бемории нодири генетикӣ — остеогенези нопурра, ё худ “устухонҳои шишагин” гирифторанд. Ҳар ҳаракати нодуруст метавонад бо шикастани устухон анҷом ёбад. Онҳо ба мактаб намераванд, модар аз тарси ҳодисаи нохӯш онҳоро иҷоза намедиҳад ва дар бораи имкониятҳои таҳсили инклюзивӣ маълумоти кофӣ надорад.

Оила маҷбур аст баъд аз чанд муддат роҳи сахти Душанберо тай кунад, то сӯзандоруҳои махсуси бисфосфонат гиранд, доруҳое, ки устухонҳоро каме қавӣ мегардонад мекунанд. Ин доруҳо гаронанд, бобо кумак мекунад, аммо имкониятҳояш маҳдуданд.

Бо вуҷуди ҳама душвориҳо, Ансор ва Мубин орзу доранд таҳсил кунанд, дӯст пайдо намоянд ва мисли дигар кӯдакон зиндагӣ кунанд.

Филми мустанади кӯтоҳи “Ансор ва Мубин”  қиссае дар бораи мубориза, сабр ва умеде, ки ҳатто дар сахттарин шароит хомӯш намешавад.
Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки ТҶ "Хома" бо дастгирии DRL амалӣ менамояд, эҷод шудааст.

Муомила – асоси табобат

Давлатмурод Каримов дар филми хеш бобати муносибат ба бемории сил, нақши оила, табибон ва ҷомеа дар пешгирӣ ва табобати он қисса мекунад. Ҷаббор қаҳрамонии маркази филм пас аз солҳои зиндон ба хона бармегардад ва бо ҳамсараш Умеда ва писари хурдсолаш Рустам зиндагии нав оғоз мекунад. Аммо оромии оила дер давом намекунад, нишонаҳои беморӣ — сулфаи тӯлонӣ, заъф ва бад шудани ҳолати саломатӣ аввал дар падар ва баъд дар кӯдак пайдо мешаванд. Дар филм нишон дода мешавад, ки чӣ гуна ноогоҳӣ, тарс аз «шармандагӣ», бовар накардан ба табибон ва тасаввуроти ғалати иҷтимоӣ метавонанд саломатии инсон ва амнияти оиларо зери хатар гузоранд. Ҷаббор бемориро «ирсӣ» ва «табобатнашаванда» мешуморад, аз муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ худдорӣ мекунад ва ҳатто ба ҳамсараш иҷозаи озодона амал кардан намедиҳад. Дар муқобил, образи Умеда ҳамчун зани огоҳ ва масъул офарида шудааст. Ӯ бо вуҷуди фишор ва тарс барои саломатии фарзандаш ба табиб муроҷиат мекунад. Қаҳрамони табиби силшинос бо муносибати касбӣ, ором ва инсонӣ на танҳо ташхис мегузорад, балки роҳҳои кумак ва ҳамкорӣ бо ҷомеаро пешниҳод мекунад. Яке аз паҳлӯҳои муҳими сенария иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои динӣ аст. Бо дахолати намояндаи созмони ҷамъиятӣ ва суҳбати имоми масҷид, боварҳои нодуруст тадриҷан шикаста мешаванд. Ниҳоят, Ҷаббор ба табобат розӣ мешавад. Оила ба марҳилаи нави умед ва шифо қадам мегузорад. Анҷоми сенария паёми возеҳ дорад, табобат на танҳо дору, балки муомила, фаҳмиш, ҳамдардӣ ва дастгирии якдигар аст. Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст. 

 

Материал -  Хукуки инсон 1

Материал - Хукуки инсон 1

ТҶ «Хома» ягона ташкилоти расонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти таълимии худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмии ҶТ анҷом медиҳад.

Ташкилот, барои беҳтарсозии заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаи ВАО, омодасозии ҳуқуқшиносони расонаӣ ва вакилони мудофеъ барои ҳимояи манфиатҳои намояндагони ВАО фаъолона фаъолият мекунад.

Материал -  Хукуки инсон 2

Материал - Хукуки инсон 2

ТҶ «Хома» ягона ташкилоти расонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти таълимии худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмии ҶТ анҷом медиҳад.

Ташкилот, барои беҳтарсозии заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаи ВАО, омодасозии ҳуқуқшиносони расонаӣ ва вакилони мудофеъ барои ҳимояи манфиатҳои намояндагони ВАО фаъолона фаъолият мекунад.

Материал -  Хукуки инсон 3

Материал - Хукуки инсон 3

ТҶ «Хома» ягона ташкилоти расонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти таълимии худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмии ҶТ анҷом медиҳад.

Ташкилот, барои беҳтарсозии заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаи ВАО, омодасозии ҳуқуқшиносони расонаӣ ва вакилони мудофеъ барои ҳимояи манфиатҳои намояндагони ВАО фаъолона фаъолият мекунад.

Материал -  Хукуки инсон 4

Материал - Хукуки инсон 4

ТҶ «Хома» ягона ташкилоти расонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти таълимии худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмии ҶТ анҷом медиҳад.

Ташкилот, барои беҳтарсозии заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳаи ВАО, омодасозии ҳуқуқшиносони расонаӣ ва вакилони мудофеъ барои ҳимояи манфиатҳои намояндагони ВАО фаъолона фаъолият мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» соли 2003 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ташкилот ин, мусоидат ба рушди касбии ВАО дар Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи мо

Бахшҳо

Маълумот