Хабарҳо

Аз дастрасии иттилоот то муколамаи муассир: нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ чӣ гуна тағйир меёбанд?

Мониторинги се даври нишастҳои матбуотӣ нишон медиҳад, ки дар кори мақомоти давлатӣ ва муносибати онҳо бо воситаҳои ахбори омма як қатор тағйироти мусбат ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон, ҳам барои мақомоти давлатӣ ва ҳам барои журналистон масъалаҳое боқӣ мондаанд, ки ба сифати муколама ва самаранокии дастрасӣ ба иттилоот таъсир мерасонанд.

Дастрасӣ ба иттилоот танҳо имкони гирифтани як хабар ё ҷавоб ба як савол нест. Ин як ҷузъи муҳими муносибати давлат ва ҷомеа, воситаи ҳисоботдиҳӣ ва яке аз шартҳои муҳими фаъолияти босифати воситаҳои ахбори омма мебошад.

Дар ҳамин замина, нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ метавонанд ба яке аз муҳимтарин майдонҳои муколамаи мустақими давлат ва ҷомеа табдил ёбанд. Аммо самаранокии онҳо аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза журналист метавонад саволи худро озодона пешниҳод кунад, посухи мушаххас бигирад ва иттилооти пешниҳодшуда барои аудитория қобили истифода бошад.

30 сентябри соли 2026 дар Душанбе мизи гирд таҳти унвони «Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот» баргузор шуд. Дар он натиҷаҳои мониторинги нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва сомонаҳои расмии онҳо муаррифӣ гардиданд. Дар чорабинӣ 50 нафар, аз ҷумла журналистон, намояндагони марказҳои матбуотӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

69 нишасти матбуотӣ зери мониторинг

Дар доираи се даври мониторинг дар маҷмӯъ 69 нишасти матбуотии мақомоти давлатӣ таҳлил ва арзёбӣ шудааст. Ҳадафи мониторинг танҳо муайян кардани мавҷудияти иттилоот набуда, балки арзёбии сифати муоширати мақомоти давлатӣ бо журналистон, имкони пешниҳоди савол ва гирифтани посухи мушаххас низ буд.

Даври сеюми мониторинг, ки натиҷаҳои он дар мизи гирд пешниҳод гардид, 28 нишасти матбуотӣ-и вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бар гирифт. Арзёбӣ бар асоси методологияи таҳияшуда, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар санадҳои дахлдор гузаронида шудааст. Барои ҷамъоварии маълумот пурсишномаҳои махсус ва сабти ҷараёни нишастҳо истифода шудаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин давраи мониторинг дар он аст, ки на танҳо худи фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки таҷриба ва андешаи журналистон низ ба назар гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки масъала аз ду ҷониб — ҳам аз нигоҳи пешниҳодкунандаи иттилоот ва ҳам аз нигоҳи истифодабарандаи он — арзёбӣ шавад.

Натиҷаҳои мониторинг нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти як қатор хадамоти матбуотӣ шаклҳои нави кор ва роҳҳои гуногуни пешниҳоди иттилоот бештар истифода мешаванд.

Яке аз чунин тамоюлҳо идомаи пахши мустақими нишастҳои матбуотӣ тавассути Радиои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» мебошад. Радиои «Фарҳанг» низ баррасӣ ва таҳлили нишастҳои матбуотиро ба роҳ мондааст.

Барои журналистон ва аудитория муҳим будани пахши мустақим дар он аст, ки доираи дастрасӣ ба нишаст дигар танҳо ба иштирокчиёни толор маҳдуд намешавад. Маводи нишаст метавонад ҳамзамон ба шунавандагон ва истифодабарандагони дигар расад.

Дигар тағйироти мусбат — истифодаи шаклҳои визуалии пешниҳоди маълумот мебошад. Бархе мақомоти давлатӣ омор ва маълумоти соҳавиро тавассути ҷадвалҳо, инфографика ва дигар воситаҳои визуалӣ пешниҳод мекунанд. Барои журналист ин маънои дастрасии осонтар ба рақамҳо ва барои аудитория бошад, имкони дарки беҳтари маълумоти мураккабро дорад.

Ҳамчунин, дар як қатор мақомоти давлатӣ варақаҳои иттилоотӣ пеш аз оғози нишаст ба журналистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомона дастрас мешаванд. Ин амал ба намояндагони ВАО имконият медиҳад, ки пешакӣ бо маълумот шинос шуда, саволҳои мушаххастар омода кунанд.

Яке аз тағйироти қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки дар 10 мақоми давлатӣ маълумоти асосии варақаҳои иттилоотӣ дар рафти нишаст ба таври мухтасар пешниҳод шуда, ба хондани пурраи он маҳдуд нашудааст. Ин равиш метавонад вақти бештарро барои саволу ҷавоб нигоҳ дорад.

Дастрасии саривақтӣ ба иттилоот танҳо бо баргузории худи нишаст маҳдуд намешавад. Барои журналист муҳим аст, ки пеш аз чорабинӣ бидонад, ки нишаст кай ва дар куҷо баргузор мешавад.

Тибқи мониторинг, аксари мақомоти давлатӣ, ба истиснои АМИТ «Ховар», тавассути сомонаҳои расмӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ пешакӣ дар бораи вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ иттилоъ медиҳанд. 

Ин як тағйироти муҳим аст, зеро журналист бояд тавонад фаъолияти редаксионии худро пешакӣ ба нақша гирад ва дар ҳолати ҳамзамон баргузор шудани якчанд чорабинӣ қарор қабул кунад, ки дар кадом нишаст иштирок намояд.

Яке аз тамоюлҳои мусбати дигар беҳтар шудани истифодаи забони давлатӣ дар нишастҳои матбуотӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ба қонун "Дар бораи забони давлатӣ" модаи нав (Моддаи 121 . Забони нишастҳои матбуотӣ) илова гардид,  тибқи он “дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ба забони давлатӣ баргузор мешаванд”

Агар дар нишастҳои қаблӣ аз ҷониби баъзе расонаҳои байналмилалӣ масъалаи пешниҳоди посух ба забони русӣ матраҳ мешуд, дар давраи мавриди мониторинг дар як қатор ҳолатҳо худи журналистон саволҳои худро бо забони давлатӣ пешниҳод кардаанд.

Иштироки роҳбарони аввал ва шахсони масъули мақомоти давлатӣ низ яке аз ҷанбаҳои мусбати мушоҳидашуда мебошад.

Вақте ки роҳбари ниҳод бевосита дар нишасти матбуотӣ иштирок мекунад, журналист метавонад масъалаҳои муҳимро бидуни миёнарав ба роҳбарият пешниҳод кунад. 

Муколамаи босифат танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест. Сифати саволҳои журналистон низ ба натиҷаи нишаст таъсир мерасонад.

Дар мониторинг як таҷрибаи ҷолиби расонаӣ низ ҳамчун намуна қайд шудааст. Азия-Плюс тавассути рубрикаи «Ба мансабдорон савол диҳед» як рӯз пеш аз нишаст саволҳои хонандагонро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро дар ҷараёни нишаст ба масъулон пешниҳод мекунад. Рубрикаи #нишастиматбуотӣАП низ барои мутамарказ намудани хабарҳо ва маводи марбут ба нишастҳои матбуотӣ истифода мешавад.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки нишасти матбуотӣ метавонад на танҳо майдони муносибати журналист бо мансабдор, балки канали мустақими иртиботи ҷомеа бо мақомоти давлатӣ бошад.

Аммо мушкилҳо ҳанӯз зиёданд

Бо вуҷуди пешрафтҳо, мониторинг як қатор масъалаҳои системавиро низ нишон дод. Яке аз мушкилоти асосӣ ҳамзамон баргузор шудани нишастҳои матбуотии ниҳодҳои муҳим мебошад. Дар як рӯз нишастҳои Прокуратураи генералӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати молия баргузор мешаванд. Дар чунин ҳолат журналист наметавонад дар ҳамаи чорабиниҳо иштирок кунад. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии тақвими нишастҳо метавонад на танҳо масъалаи техникӣ, балки як шарти муҳими таъмини дастрасии воқеии журналистон ба иттилоот бошад.

Баргузории баъзе нишастҳо соати 08:00 низ ҳамчун мушкил арзёбӣ шудааст. Барои қисми журналистон чунин вақт метавонад мушкилоти логистикӣ ба вуҷуд оварда, имкони омодагии пешакӣ ва иштироки пурраро маҳдуд кунад.

Дар тавсияҳои мизи гирд пешниҳод шуд, ки ҳангоми муайян кардани вақти нишаст имкони иштироки журналистон ба назар гирифта шуда, баргузории чорабиниҳо дар давоми рӯз, аз ҷумла баъд аз нисфирӯзӣ, низ баррасӣ шавад.

Ҳолатҳои пешниҳоди туҳфа ё зиёфат ба журналистон низ ҷой дорад, ки хилофи меъёрҳои касбию ахлоқии журналистӣ мебошад. Бинобар ин, тавсия дода шуд, ки масъалаҳои марбут ба супоридани сипосномаҳо, мукофотҳо ё ҷамъбасти озмунҳо дар доираи чорабиниҳои алоҳида баргузор шаванд, на дар нишастҳои матбуотӣ. 

Мониторинг нишон дод, ки дар баъзе нишастҳо қисми иттилоотӣ тӯлонӣ буда, вақти барои саволу ҷавоб пешбинишударо маҳдуд мекунад. Дар тавсияҳо пешниҳод шудааст, ки тақсимоти вақти нишаст мутавозинтар бошад. Агарчи маҳдудияти ҳатмии яксоата  дар нишастҳои матбуотӣ пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, агар масъалаҳо муҳим бошанд, имкони идомаи саволу ҷавоб то анҷоми масъалаҳои асосӣ бояд фароҳам бошад.

Сифати посухҳо низ яке аз масъалаҳои калидист. Дар баъзе ҳолатҳо посухҳо умумӣ буда, барои гирифтани маълумоти мушаххас шарҳу тавзеҳи иловагӣ зарурат пеш меояд. Ҷавоби дақиқ ва ба масъалаи матраҳшуда равонашуда метавонад самаранокии муколамаро беҳтар кунад. Аммо мушкил танҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ нест. Қисме аз саволҳои хабарнигорон хусусияти умумӣ ё тавсифӣ дошта, баъзе саволҳо маълумоти мушаххас ё ҳолати муайянро дар бар намегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо низ масъалаҳое матраҳ шудаанд, ки ба салоҳияти мақоми баргузоркунанда дахл надоранд. Яке аз мушкилоти зикршуда — омодагии нокифояи баъзе журналистон пеш аз иштирок дар нишаст мебошад. Баъзе саволҳо такрори маълумоти дар варақаҳои иттилоотӣ пешниҳодшуда мешаванд.

Барои ҳалли ин масъала тавсия шудааст, ки редаксияҳо журналистони соҳавиро омода намоянд, пеш аз нишаст маълумоти қаблан нашршуда омӯзонида шавад ва дар дохили расонаҳо механизми ҷамъоварӣ ва таҳияи саволҳо вобаста ба фаъолияти ҳар як мақоми давлатӣ ташкил карда шавад. 

Мониторинг танҳо мушкилотро нишон надодааст. Дар муқоиса бо давраи қаблӣ як қатор тағйироти мусбат низ сабт шудаанд.

Аз ҷумла, ҳолатҳои маҳдудсозии ворид шудан ба баъзе мақомоти давлатӣ аз байн рафтаанд. Суди Олӣ ва Вазорати нақлиёт ба саволҳои эҳтимолии журналистон пешакӣ омодагӣ дидаанд. Дар толори Прокуратураи генералӣ барои пахши мустақим имкони истифодаи интернет фароҳам шудааст.

Ҳамчунин, Суди Олӣ барои баргузории нишастҳои матбуотӣ толори мувофиқ омода кардааст ва вақти нишастҳои матбуотии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз нишастҳои вазорату идораҳо ҷудо карда шудааст.

Давраи_1

Давраи_2

Давраи_3

 

35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Ҳамватанони азиз!

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» шуморо ба муносибати 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд!

Мо ба шумо саломатии комил, муваффақият дар корҳо ва ояндаи дурахшон орзу дорем. Бигзор Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша обод ва пойдор боқӣ бимонад!

Барои рушди ташкилоти худ дар Барномаи CATALYST иштирок намоед

 
Шумо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастед, ки дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба иттилоот ва ВАО фаъолият мекунед? 
Оё шумо омодаед, ки иқтидори ташкилоти худро баланд бардоред ва самаранокии кори худро беҳтар созед?
 
Acted созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро (ТҶШ) барои иштирок дар барномаи Арзёбии иқтидор, кумаки техникӣ ва омӯзиш барои табдили устувор (CATALYST) даъват менамояд.
 
CATALYST  - лоиҳаест, ки барои арзёбии иқтидори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) ва қобилияти онҳо дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар сатҳи ҷомеаҳо пешбинӣ шудааст. Ин барнома ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи ташкилотро муайян мекунад ва дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ тавсияҳои махсус ва нақшаи амалро барои тақвияти иқтидор ва самаранокии созмонии онҳо пешниҳод менамояд.
 
Дар доираи барномаи CATALYST, ТҶШ-ҳои интихобшуда имкониятҳои зеринро хоҳанд дошт: 
 
Арзёбии ҳамаҷонибаи иқтидори созмон бо мақсади муайян намудани ҷанбаҳои қавӣ ва самтҳои афзалиятнок барои рушди минбаъда. 
 
Гирифтани нақшаи инфиродии рушди ташкилот, ки бо дарназардошти камбудиҳо ва ниёзҳои муайяншуда дар ҷараёни арзёбӣ таҳия гардидааст. 
 
Дастрасӣ ба омӯзишҳои мақсаднок, роҳнамоӣ, инчунин дастгирии техникӣ ва машваратии коршиносон барои татбиқи нақшаи рушди ташкилот. 
 
Тақвият бахшидани низомҳои идоракунии ташкилот, банақшагирии стратегӣ, идоракунии молиявӣ, назорати дохилӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва риояи талаботи донорҳо. 
 
Баланд бардоштани иқтидор дар самти ҷамъоварии ва дарёфти маблағгузорӣ, рушди шарикӣ ва таъмини устувории фаъолияти ташкилот.
 
Беҳтар намудани иқтидор дар самти адвокатсия, мониторинг, ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ва таъмини рушди устувор. 
 
Кӣ бояд дархост пешниҳод намояд?
Созмонҳои ҷамъиятие, ки барои рушди боназми ташкилот ва таҳкими дарозмуддати иқтидори худ омода ҳастанд. Мо созмонҳоеро даъват менамоем, ки омодаанд арзёбии иқтидори худро гузаронанд, самтҳои афзалиятноки такмилро муайян кунанд ва дар раванди баланд бардоштани устуворӣ ва самаранокии фаъолияти худ фаъолона иштирок намоянд.
 
Созмонҳои интихобшуда дар як омӯзиши 5-рӯза (моҳи сентябри соли 2026) иштирок хоҳанд кард. Пас аз анҷоми омӯзиш, ба онҳо 4 моҳи дастгирии фосилавӣ ва роҳамноии менторӣ пешниҳод мегардад то донишҳои бадастовардаро дар амал татбиқ намуда, рушди минбаъдаи ташкилотии худро таъмин намоянд. 
 
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: 6 августи соли 2026.  
 
Танҳо созмонҳое, ки аз марҳилаи интихоби пешакӣ мегузаранд, барои иштирок дар марҳилаи навбатии интихоб даъват карда мешаванд.  
 
Дархости худро пешниҳод намоед: https://forms.gle/r2YwHaTsceG9skW77
 
Телефон барои тамос: +992 918 11 55 39; +992 918 11 66 82
 
 
 ПРИЕМ ЗАЯВОК — ПРОГРАММА «CATALYST» 
 
Вы - общественная организация, работающая в сфере прав человека, доступа к информации, СМИ? Готовы укрепить потенциал организации и повысить эффективность своей деятельности? 
 
Acted приглашает мотивированные организации гражданского общества (ОГО) подать заявки на участие в программе «Оценка потенциала, техническая помощь и обучение в целях устойчивой трансформации» (CATALYST). 
 
CATALYST — это программа Acted, предназначенная для оценки потенциала организаций гражданского общества (ОГО) и их способности решать социальные проблемы на уровне сообществ. Данная программа выявляет сильные и слабые стороны организации, и на основе результатов оценки предоставляются индивидуальные рекомендации и план действий по укреплению их организационного потенциала и эффективности.   
 
В рамках программы CATALYST отобранные ОГО получат возможность: 
 
Пройти комплексную оценку организационного потенциала с целью выявления сильных сторон и направлений для дальнейшего развития. 
 
Получить индивидуальный план организационного развития, разработанный с учетом пробелов, выявленных в ходе результатов оценки 
 
Получить доступ к целевым тренингам, наставничеству и технической и экспертной поддержке для реализации плана организационного развития. 
 
Укрепить системы организационного управления, стратегического планирования, финансового менеджмента, внутреннего контроля, управления проектами и соблюдения донорских требований. 
 
Повысить потенциал в области мобилизации ресурсов, привлечения финансирования, развития партнерств и обеспечения организационной устойчивости 
 
 Улучшить потенциал в области адвокации, мониторинга, взаимодействия с заинтересованными сторонами и обеспечения устойчивого развития 
 
Кому стоит подать заявку? ОГО, стремящиеся к системному организационному развитию и долгосрочному укреплению своих возможностей. Мы приглашаем организации, которые готовы провести самооценку своего потенциала, определить приоритетные направления улучшения и активно участвовать в процессе повышения своей устойчивости и эффективности.  
 
Отобранные организации примут участие в интенсивной 5-дневной очной программе обучения в сентябре 2026г, после чего им будет предоставлена 4-месячная онлайн-поддержка и менторское сопровождение для применения полученных знаний на практике и дальнейшего организационного развития. 
 
Крайний срок подачи заявок: 6 августа 2026 года. 
 
Только организации, прошедшие предварительный отбор, получат приглашение для участия в следующем этапе процесса. 
 
Подайте заявку прямо сейчас: https://forms.gle/r2YwHaTsceG9skW77  
Телефон для справок: +992 918 11 55 39; +992 918 11 66 82
 
 

Ба мутахассиси соҳаи IT ва тарҷумон барои таҳияи нусхаи русии замимаи мобилии «Маърифати ҳуқуқӣ» ниёз дорем

ЭЪЛОН

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои ҷалби мутахассиси IT ва тарҷумон барои таҳияи нусхаи русии замимаи мобилии «Маърифати ҳуқуқӣ» озмун эълон менамояд.

  1. Мутахассиси IT

Вазифаҳои асосӣ:

-илова намудани забони русӣ ба интерфейси замимаи мобилӣ;

-таҳияи намунаи русизабони ҳамаи бахшҳои замима;

-ҳамгиро намудани маводи матнии тарҷумашуда ба бахшҳои дахлдор;

-нигоҳ доштани сохтори мавҷудаи бахшҳо ва зербахшҳо;

-таъмин намудани фаъолияти дурусти замима ҳангоми интихоби забони русӣ;

-санҷиши функсионалии намунаи русизабони замима;

-бартараф намудани хатоҳои техникӣ, ки дар ҷараёни татбиқ ва санҷиш ошкор мегарданд;

-омода намудани замима барои супоридан ба фармоишгар.

Талабот нисбат ба номзадҳо:

-маълумоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ё ихтисосҳои марбута;

-таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол;

-таҷрибаи амалӣ дар таҳия ва дастгирии замимаҳои мобилӣ;

-донистани принсипҳои маҳаллисозии (локализатсияи) нармафзор;

-масъулиятшиносӣ, риояи муҳлатҳо ва қобилияти мустақилона фаъолият намудан;

  1. Тарҷумон (забонҳои тоҷикӣ – русӣ)

Вазифаҳои асосӣ:

Тарҷумон ӯҳдадор мешавад, ки тарҷумаи муҳтавои матни замимаи мобилиро аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ анҷом диҳад, аз ҷумла:

-муҳтавои матни бахшҳо;

-матнҳои зербахшҳо;

-сарлавҳаҳо ва тавсифи мавод;

-унсурҳои интерфейс (дар сурати мавҷуд будан);

-матнҳои тавзеҳӣ ва дигар маводи иттилоотие, ки дар замима ҷойгир шудаанд.

Тарҷума бояд ба таври пурра, бидуни ҳазф, ихтисор ё таҳрифи маънои матни аслӣ анҷом дода шавад.

Талабот нисбат ба номзадҳо:

-маълумоти олӣ дар соҳаи филология, забоншиносӣ, тарҷума ё ихтисосҳои марбута;

-таҷрибаи тарҷумаи хаттӣ на камтар аз 3 сол;

-донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

-саводи баланди хаттӣ бо забони русӣ;

-бодиққатӣ ба ҷузъиёт ва риояи муҳлатҳои иҷрои кор;

-таҷрибаи тарҷумаи маводи ҳуқуқӣ, таълимӣ ё иттилоотӣ бартарӣ маҳсуб мешавад.

Шартҳои иштирок

Номзадҳои ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

-тарҷумаи ҳол (CV);

-нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ;

-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҷрибаи корӣ;

-намунаҳои корҳои иҷрошуда (дар сурати мавҷуд будан).

Ҳуҷҷатҳо то 25 июни соли 2026 (ҳамроҳ бо ҳамин рӯз) қабул карда мешаванд.

Суроға барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гирифтани маълумоти иловагӣ:

Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. 

Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.hАдрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. 

 

ОБЪЯВЛЕНИЕ

Общественная организация «Хома» объявляет конкурс на привлечение IT-специалиста и переводчика для разработки русскоязычной версии мобильного приложения «Маърифати ҳуқуқӣ».

  1. IT-специалист

Основные обязанности:

-добавление русского языка в интерфейс мобильного приложения;

-создание русскоязычной версии всех разделов приложения;

-интеграция переведённых текстовых материалов в соответствующие разделы;

-сохранение существующей структуры разделов и подразделов;

-обеспечение корректной работы приложения при выборе русского языка;

-тестирование функциональности русскоязычной версии приложения;

-устранение технических ошибок, выявленных в процессе внедрения и тестирования;

-подготовка приложения к передаче заказчику.

Требования к кандидатам:

-высшее образование в области информационных технологий или смежных специальностей;

-опыт работы не менее 3 лет;

-практический опыт разработки и сопровождения мобильных приложений;

-знание принципов локализации программного обеспечения;

-ответственность, соблюдение сроков и умение работать самостоятельно;

-наличие портфолио реализованных проектов будет преимуществом.

  1. Переводчик (таджикский – русский язык)

Основные обязанности:

Переводчик обязуется выполнить перевод текстового содержания мобильного приложения с таджикского языка на русский язык, включая:

-текстовое содержание разделов;

-тексты подпапок и подразделов;

-заголовки и описания материалов;

-элементы интерфейса (при наличии);

-пояснительные тексты и другие информационные материалы, размещённые в приложении.

Перевод должен быть выполнен в полном объёме, без пропусков, сокращений и искажения смысла исходного текста.

Требования к кандидатам:

-высшее образование в области филологии, лингвистики, перевода или смежных специальностей;

-опыт письменных переводов не менее 3 лет;

-свободное владение таджикским и русским языками;

-грамотный письменный русский язык;

-внимательность к деталям и соблюдение сроков выполнения работ;

-опыт перевода правовых, образовательных или информационных материалов будет преимуществом.

Условия участия

Заинтересованные кандидаты должны направить:

-резюме (CV);

-копию диплома о высшем образовании;

-документы, подтверждающие опыт работы;

-примеры выполненных работ (при наличии).

Документы принимаются до 25 июня 2026 года включительно.

Адрес для подачи документов и получения дополнительной информации:

Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. 

Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.hАдрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. 

Масрур Абдуллозода: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи фазои иттилотӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад

Суханронии Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мизи гирд таҳти унвони "Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот", ки 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Чорабинии мазкурро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» баргузор намуд.

- Дар ҷаҳони муосир дастрасӣ ба иттилоот яке аз омилҳои муҳимтарини рушди ҷомеа, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи афкори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин масъалла таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти дастрасӣ ба иттилоот ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Яке аз ин дастовардҳо қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" мебошад, ки он тартиби дархост ва пешниҳоди иттилоотро муқаррар намудааст. Илова ба ин, дар Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ аз қабили Қонуни ҶТ "Дар бораи воситаҳои ахбори омма", Қонуни ҶТ "Дар бораи иттилоот", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳо қабул шуданд, ки ба таъмини озодии баён, фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот равона гардидаанд. Инчунин дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дипломатияи иттилоотӣ яке аз самтҳои сиёсати хориҷии кишвар ҳисобида шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи фазои иттилотӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ҷумҳурӣ инфрасохтори телекомуникатсионӣ рушд ёфта, дастрасӣ ба интренет ва шабакаҳои мобилӣ васеъ гардида, портали ягонаи иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки дар он маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр мешаванд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории доимии мақомоти давлатӣ бо ВАО чанд санади муҳим ба тасвиб расидаанд, ки яке аз онҳо Фармони Президенти Президенти Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми феврали соли 2009 №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» мебошад. Рафти иҷрои ин ва дигар санадҳои дахлдор зери назорат қарор дошта, нишастҳои матбуотӣ мунтазам натиҷагирӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, ки нишастҳои матбуотӣ имрӯз ба як механизми муассири муколама миёни давлат ва ҷомеа табдил ёфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и давлатӣ 20 феврали соли 2019 иброз доштанд, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд. Рӯзноманигорони мо масъаллаҳои марбут ба таҳкими амну субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири берунаро сармашқи кори худ қарор диҳанд ва муҳофизони маънавии миллату сарзамини худ бошанд.

Яъне, намояндагони ВАО дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва равандҳои ҷаҳонишавӣ вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва олам беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бо донишу тахассусмандӣ мусаллаҳ гарданд, ба забонҳои хориҷӣ навишта тавонанд. Вобаста ба рӯйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоянд во бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвари соҳибистиқлоламон вокуниш нишон диҳанд. Асри 21-ро асри иттилот ном мебаранд, дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз техналогияиҳои нави иттилотию коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Имрӯз ба касе пушида нест, ки ВАО-и электронӣ, махсусан шабакаи ҷаҳонии интернет аз матбуоти чопӣ дида, хонандаву бинандаву шунандаи зиёд доранд. Ин аст, ки солҳои охир пайдарҳам чанд ВАО-и чопӣ -газетаву маҷаллаҳои бонуфӯзи куҳансол дар кишварҳои гуногун аз чопи коғазӣ даст кашида, ба нашри онлайнӣ гузаштанд. Пешрафти рӯзафзуни техналогияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунанд, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилооти кишвар ноил шудан мумкин аст. Барои таъмини иҷрои ин ҳадафу вазифаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радио таъсис дода шуд. Мақомоти марказӣ ва ҳокимияти маҳалли давлатӣ порталу сомонаҳои интернетӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд. Сатҳу сифати хабару гузоришҳо аз фаъолияти онҳо беҳтару бештар шуда истодааст. Ҳамоиши имрӯза низ шаҳодат аз он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла, ВАО робитаҳои ҳамешагӣ дорад. Дар анҷом, ба Вазорати фарҳанг ва дигар дастандаркорон барои баргузории чорабинии имрӯза арзи сипос гуфта, ба кори он барор мехоҳем.

Муҳокимаи дстовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот

Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот муҳокима шуд. Ин чорабинӣ, имрӯз, 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Мизи гирдро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» баргузор намуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аҳамияти таъмини дастрасӣ ба иттилоот, тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма, инчунин нақши нишастҳои матбуотиро дар баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ таъкид намуд.

Фаридун Бобозода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронии хеш ба баланд бардоштани малакаҳои котибони матбуотӣ ишора карданд.

Директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон хонум Денис Лютти ва менеҷери лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Амирбек Саидбеков аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот ва рушди ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо истиқбол намуданд.

Шаҳло Акобирова, директори ТҶ «Хома» ҳадафи асосии мизи гирдро баррасии дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои беҳтар намудани сатҳи дастрасии ҷомеа ба иттилоот гуфтанд. Дар идома Акобирова бо ҳамкоронаш Сафарбек Кабиров ва Мазҳаб Ҷумъа натиҷаҳои арзёбии нишастҳои матбуотиро муаррифӣ намуданд.

Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки сатҳи ташкили нишастҳои матбуотӣ беҳтар гардида, иштироки рӯзноманигорон ва дастрасии онҳо ба намояндагони мақомоти давлатӣ бештар шудааст. Ҳамзамон, баъзе мушкилот, аз ҷумла сатҳи нокифояи омодагии хабарнигорону сухангӯён, маҳдуд будани вақти саволу ҷавоб ва ғайра зикр гардид.

Дар идомаи чорабинӣ Асел Караулова, роҳбари Пресс-клуби Қазоқистон, таҷрибаи ин ниҳодро дар таъсиси фазои ягона барои ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ муаррифӣ кард. Ӯ маҷозӣ дар ин мизи гирд ширкат кард. Мавсуф қайд намуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти котибони матбуотӣ, мубодилаи таҷриба ва истифодаи абзорҳои муосири иртиботӣ метавонанд ба беҳтар шудани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот мусоидат намоянд.

Дар қисмати муҳокимаҳо иштирокчиён пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили низоми нишастҳои матбуотӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва таъмини дастрасии саривақтӣ ба иттилоот ироа карданд.

Иштирокчиён зарурати таҳкими робитаи байни котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон, истифодаи васеи платформаҳои рақамӣ барои паҳн намудани иттилоот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти сухангӯёнро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки барои рушди матбуоти касбӣ, махсусан дар навоҳии дурдаст таваҷҷуҳ бештар шавад, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфта, дар назди вазорату идораҳо воҳидҳои махсуси иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъсис дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбасти соли 2025-ум 28 нишасти матбуотӣ ва нимсолаи аввали 2025-ум 13 нишасти матбуотӣ  арзёбӣ шуданд.  
Арзёбӣ дар асоси якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла сифати баргузории нишастҳо, шумораи саволу ҷавобҳо, вақти ҷудошуда, иштироки рӯзноманигорон, натиҷаи пурсишномаҳо ва таҳлили сабти видеоии нишастҳо анҷом дода шудааст.

Дар доираи арзёбӣ нишастҳои матбуотии 13 вазорат, 4 кумита, 2 хадамот, 3 агентӣ, 3 мақомоти вилоятӣ, инчунин Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва Палатаи ҳисоб фаро гирифта шуданд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар соли 2025 як қатор пешрафтҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, аксари ниҳодҳо вақти нишастҳоро ба як соат маҳдуд накардаанд, роҳбарони аввал дар нишастҳо иштирок кардаанд, ба ҳамаи рӯзноманигорон имкони савол додан фароҳам оварда шудааст.

Бо вуҷуди ин, арзёбӣ нишон медиҳад, ки мушкилоти ҷиддӣ низ боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, дар як вақт баргузор шудани нишастҳои ниҳодҳои муҳим, оғози бармаҳали нишастҳо, пайи ҳам баргузор шудани чанд нишасти муҳим дар як рӯз ва тӯлонӣ, сари вақти зиёд барои қироати варақаҳои иттилоотӣ аз ҷониби баъзе мансабдорон.

Муаллифони арзёбӣ инчунин ба баъзе мушкилоти марбут ба фаъолияти рӯзноманигорон ишора кардаанд. Аз ҷумла, омодагии нокифояи баъзе хабарнигорон, пешниҳоди саволҳои умумӣ ва такрорӣ, таваҷҷуҳ накардан ба варақаҳои матбуотӣ, дар миён гузоштани масъалаҳои хусусӣ ва ҳатто ҳолатҳои тамаллуқ нисбат ба роҳбарони ниҳодҳо ҳамчун мушкил арзёбӣ шудааст.

Дар асоси натиҷаҳо тавсия дода шуд, ки мансабдорон вақти нишастҳоро маҳдуд накунанд, маълумот ва оморро бештар ба шакли визуалӣ пешниҳод кунанд ва аз тақдими мукофот ё баргузор кардани озмунҳо дар ҷараёни нишастҳо худдорӣ намоянд.

Мизи гирд дар доираи лоиҳаи Acted дар Тоҷикистон «CSO-GO for Governance: Media» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ( баргузор мегардад.

 

 

 

Рӯзи матбуоти тоҷик ба аҳли қалам фархунда бод!

Аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик мегӯем. Нахустини рӯзномаи форсии тоҷикӣ- «Бухорои шариф» рӯзи 11 марти соли 1912 дар аморати Бухоро ба нашр расида буд, ки метавонем оғози расмии матбуоти тоҷик ном барем.
Матбуоти тоҷик дар тӯли беш аз як аср дар ташаккули афкори умум, боло бурдани сатҳи маърифат, ҳифзи ҳувияти миллӣ нақши калидӣ бозидааст. 
Вале таъкид бояд кард, ки рушди воқеии матбуот танҳо дар фазои озод, бо кафолати озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи журналистон имконпазир аст. Ҳар қадар муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои фаъолияти ошкоро фароҳам гардад, ҳамон қадар матбуот метавонад рисолати худро беҳтар анҷом диҳад.
Рӯзи матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни касбӣ, балки рӯзи андеша кардан дар бораи боло бурдани сатҳи касбият, ахлоқи журналистӣ ва густариши озодиҳои эҷодиву иттилоотӣ бошад. 
Бо эҳтиром,
Хома

Марказҳои матбуотӣ — пули эътимод миёни давлат ва ҷомеа

Имрӯз, 26 феврал натиҷаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи "Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО" муаррифӣ гардид. Ин лоиҳа ташаббуси Оҷонсии иттилоотии «Asia-Plus» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ҳадафи лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳо ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ, боэътимод ва пешниҳоди босифати он ба ҷомеа унвон мешавад.

Ба иттилои тадбиқкунандагони лоиҳа,  дар марҳилаи дуюм 30 котиби матбуотии ниҳоди давлатӣ дар пойтахт, 40 котиби матбуотӣ дар Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷалб шуданд.

Роҳҳои беҳтари тақвияти ҳамкории марказҳои матбуотӣ бо расонаҳо, фаъолият дар шароити буҳронӣ, истифода аз тамоюлҳои нав дар рӯзноманигорӣ,ҳуши маснӯӣ ва истифодаи самараноки он дар кори марказҳои матбуотӣ, далелсанҷӣ ва аҳамияти он дар радди саривақтии хабарҳои бардурӯғ ба намояндагони марказҳои матбуотӣ омӯзонда шудааст.

Умед Бобохонов, муассиси гуруҳи расонаҳои Asia Plus мегӯяд, ҳадафи асосии лоиҳа ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ ва расонаҳо ҷиҳати инъикоси шоистаи кори ниҳодҳои давлатӣ ба ҷомеа ва ба ин васила, таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод мебошад.

Радослав Дарски, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш изҳори умедворӣ кард, ки ин лоиҳа инчунин ба рушди шабакаи устувор байни котибони матбуот ва рӯзноманигорон ба манфиати ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мусоидат кард ва ҳамкориионҳо метавонад эътимоди мутақобиларо тақвият диҳад ва роҳро барои пешрафти пойдори Тоҷикистон фароҳам оварад.

Шаҳло Акобирова, директори ТҶ "Хома" мегӯяд, марказҳои матбуотӣ танҳо сохтори техникӣ ё воҳиди исттилоотрасонӣ нестанд. Онҳо пули эътимод миёни давлат ва ҷомеа ҳастанд. Аз касбият ва шаффофияти фаъолияти марказҳои матбуотӣ сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва сиёсати давлатӣ вобаста аст ва агар иттилоъ саривақтӣ дақиқ, ва дастрас бошад,  фазои ҷамъият амн хоҳад буд.

"Рисолати Марказҳои матбуотӣ ин - таъмини дастрасии  баробар ба иттилооти расмӣ, вокунуши фаврӣ ба саволҳои ҷомеаю журналистон ва пешгирӣ аз маълумоти носаҳеҳ мебошад.",-қайд кард директори ТҶ "Хома".

Соли нав муборак!

ТҶ "Хома" бо камоли эҳтиром шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик менамояд! 
Орзуи онро дорем, ки Cоли нав барои ҳар яки шумо муваффақиятҳои касбӣ  армуғон орад.
Бо эҳтиром, 
ТҶ "Хома"

Ҷойи кор: ба ҳамоҳангсоз ниёз дорем

Эълони ҷойи кор

Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Тақвияти зарфияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии фазои расонаӣ дар Тоҷикистон аз тариқи гуфтугӯ, беҳбуди маҳоратҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот”

Ташкилот: ТҶ “Хома”

Макон: Тоҷикистон, Душанбе

ТҶ «Хома» дар заминаи баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, густариши дониши ҳуқуқии кормандони ВАО, идоракунии муассири расонаҳо ва рушди журналистика дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

  1. Ҳадафи умумӣ
  • Таъмини ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии ҳамаҷонибаи фаъолиятҳо барои баланд бардоштани иқтидор ва сатҳи касбии марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ, бо мақсади беҳтар намудани шаффофият, дастрасӣ ба иттилоот ва иртиботи муассир бо ҷомеа.
  1. Вазифаҳои асосӣ
  • Таҳияи нақшаи муфассали корӣ ва ҷадвали иҷрои фаъолиятҳо дар доираи лоиҳа.
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми аъзо ва шарикони лоиҳа.
  • Назорати иҷрои чорабиниҳои таълимӣ ва таҳлилӣ
  • Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои даврӣ (ҳафтаина, моҳона, ниҳоӣ) ба роҳбарияти лоиҳа ва донорҳо
  • Ҳамкорӣ бо мутахассисон ва машваратчиён барои таҳияи маводи омӯзишӣ ва иттилоотӣ.
  • Мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолиятҳо, пешниҳоди таклифҳо барои беҳбуд.
  1. Натиҷаҳои интизоршаванда
  • Нақшаи кории тасдиқшуда ва ҷадвали дақиқи иҷро.
  • Ҳисоботи мукаммал оид ба натиҷаҳои лоиҳа.

 

  1. Талабот ба тахассус ва таҷриба
    • Маълумоти олӣ дар соҳаҳои журналистика, PR, муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии лоиҳа ё соҳаҳои марбут.
    • Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар идоракунии лоиҳаҳо ё ҳамоҳангсозии
    • фаъолиятҳои васоити ахбори омма.
    • Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, афзалият — донистани забони англисӣ.
    • Малакаҳои хуби муошират, идоракунии вақт ва кор дар гурӯҳ.
    • Қобилияти таҳияи ҳисоботҳои возеҳ ва дақиқ.
    •  
  2. Мӯҳлат ва низоми кор
  • Мӯҳлати татбиқи лоиҳа: 1,5 сол
  • Шакли кор: рузи пурраи корӣ
  • Ҷойи кор: шаҳри Душанбе, бо сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳо
  1. Ҳисоботдиҳӣ ва назорат
  • Координатор мустақиман ба роҳбари лоиҳа ва донорхо ҳисобот медиҳад.
  • Ҳисоботҳо бо шакл ва муҳтавои аз ҷониби донор талабшуда пешниҳод карда мешаванд.

Тарзи фиристодани дархост:

— Фиристодани резюме ва номаи дархост (cover letter) ба Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.  

—  Рӯи охири дархост: то соати 17.00 санаи 12.01.2026

 

Ҳуқуқи инсон ва ВАО: пайванд барои ҷомеаи огоҳ

12 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе ҳамоиш  таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва ВАО: пайванд барои ҷомеаи огоҳ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида шуда, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» доир шуд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Суди конститутсионӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Маркази миллии қонунгузорӣ, Дафтари ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, коршиносони соҳаи ВАО, рӯзноманигорон, коргардонҳои тоҷик ва блогерон иштирок намуданд.

Мақсади асосии ҳамоиш баррасии ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038, нақши ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ намудани Нақшаи амали он барои солҳои 2023–2025, инчунин муаррифии фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар самти тарғиб ва инъикоси ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма буд.

Абдулфаттоҳ Аминзода, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, ки ҳамоишро гардонандагӣ мекард, дар ибтидо аз  Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз нахустин санадҳои ҳуқуқии таърих ёдоварӣ кард, ки ин санад дар ташаккули арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон нақши муҳиму таърихӣ дорад.

Инчунин муовини якуми Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Дилором Рустам, судяи Суди олӣ Аланазарзода Шароф ва намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ Фаридун Бобозода доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва рафти татбиқи Стратегияи миллӣ то соли 2038 андешаҳои худро баён карданд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат зимни суханронии худ қайд намуд, ки тасдиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими пояи ҳуқуқӣ, рушди ниҳодҳо ва густариши ҳамкории муассир бо ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст. 

Ба гуфтаи ӯ, кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, гирифтани таҳсилоти босифати тахассусӣ, такмили истеъдод, маҳорат ва қобилияти шаҳрвандонро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни ҳамоиш фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар самти тарғиб ва инъикоси ҳуқуқи инсон дар ВАО муаррифӣ шуд. Ташкилоти ҷамъиятии "Хома" 20 сол аст, ки дар таҳкими муҳити ҳуқуқӣ ва рушди озодии баён саҳми назаррас мегузорад. Директори созмон Шаҳло Акобирова иброз дошт, ки Хома ҳамкориҳои худро бо Вазорати фарҳанг, Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ густариш дода, дар таҳияи лоиҳаи Қонуни ягонаи ВАО, Кодекси иттилоотӣ ва Стратегияи миллии рушди ВАО ширкат кард.

Соли равон «Хома» таҳлили бозори расонаҳо ва мониторинги 78 сомонаи судҳои Тоҷикистонро анҷом дод Инчунин, ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» замимаи мобилии «Маърифати ҳуқуқӣ» (marifatihuquqi.tj) таҳия кард, барои боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд. 

Бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038» амалӣ мешавад, ки дар доираи он барои зиёда аз 100 рӯзноманигор, продюсер, блогер ва котибони матбуотӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷа беш аз 60 маводи журналистӣ ва 28 видеоролики иҷтимоӣ омода гардида, ин матолибро қариб 20 миллион тамошо кардаанд.

Дар ҳамоиш инчунин филмҳои иҷтимоии кӯтоҳ доир ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи зан, ҳуқуқи маъюбон, ҳуқуқ ба саломатӣ ва мубориза бо табъиз, ки аз ҷониби коргардонҳо ва блогерон пас аз омӯзишҳои «Хома» таҳия гардидаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Дар қисмати музокираҳо масъалаҳои марбут ба душвориҳои дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ, истифодаи додаҳои кушода ва роҳҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндаи СММ Суҳроб Шоев таъкид намуд, ки инъикоси ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқ, тарғиби арзишҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз вазифаҳои калидии ВАО ба ҳисоб меравад. Ӯ зикр кард, ки рӯзноманигороне, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро инъикос ва таҳқиқ мекунанд, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқи инсон эътироф мегарданд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён як қатор тавсияҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва беҳтар намудани инъикоси мавзӯҳои ҳуқуқи инсон пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, тақвияти таваҷҷуҳи ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд ба фаъолияти ВАО ва эҷодкорон, ворид намудани барномаҳои таълимӣ оид ба асосҳои ҳуқуқи инсон дар риштаҳои рӯзноманигорӣ, баргузор намудани озмунҳои ҳамасола бахшида ба нақши эҷодкорон дар инъикоси ҳуқуқи инсон ва ҷойгир намудани иттилооти бештар дар сомонаҳои расмӣ оид ба раванди татбиқи Стратегияи миллӣ то соли 2038 таъкид гардид.

 

Парчами миллӣ - рамзи истиқлол ва ваҳдат

Парчами миллӣ рамзи истиқлол, ваҳдат, ҳувият ва сарбаландии давлату миллати тоҷикон аст. 
Ин рамзи муқаддас нишонае аз бақои миллати мост. 
Бигзор, Парчами мо ҳамеша дар фазои осудаву ороми Тоҷикистон парафшон бошад. 
Рӯзи Парчами миллӣ муборак бод! 


Бо эҳтиром,
Хома!

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» соли 2003 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ташкилот ин, мусоидат ба рушди касбии ВАО дар Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи мо

Бахшҳо

Маълумот