Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” муҳлати қабули дархостҳо барои хоҳишмандони машғулият оид ба маҳорати наворбардорӣ ва техникаи танзими навор  аз вилояти Суғдро то 25 сентябр тамдид намуд.

Машғулият барои иштирокчиён аз ин минтақа, таи рӯзҳои 7 – 11 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Дар озмун намояндагони шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва мустақил, продакшн-студияҳо, расонаҳое, ки студияҳои сабт доранд ва ҳамчунин журналистони мустақил (фрилансерҳо), ки дар наворбардорӣ ва танзим навкоранд, метавонанд ширкат варзанд.

Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки то соати 17:00, 25 сентябр маълумоти мухтасар дар бораи худ (CV) ва намунаи кори видеоии худро ба почтаи электронии зайл Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.  ирсол намоянд. Тавсия медиҳем, ки дар сурати интихоб шудан ба омӯзиш, бояд аз роҳбарияти худ иҷозатномаи хаттӣ барои иштирок дар машғулият пешниҳод намоед.

Шитоб намоед, теъдоди иштирокчиён маҳдуд аст!

Телефон барои тамос: 227-34-78, 98-526-84-20