Зиёда аз 100 рӯзноманигор, муҳаррир, мудири расона, эҷодкорони муҳтавои рақамӣ ва коршинос аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ масъалаҳои амнияти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, стандартҳои гендерӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ менамоянд.

Конфронси дурӯза, ки рӯзҳои 14–15 сентябр баргузор мешавад, беш аз 100 рӯзноманигор, муҳаррир, мудири расона, эҷодгари муҳтавои рақамӣ, блогер, коршиноси байналмилалӣ ва ҳомии ҳуқуқро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон муттаҳид кардааст.

Ташкилоти мизбони конфронс Маркази рушди журналистикаи муосири Ҷумҳурии Ӯзбекистон (MJDC) мебошад. Шарики асосии минтақавии он Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон аст.

Дар маркази барномаи конфронс мушкилоте қарор доранд, ки ба фаъолияти занони расонаӣ дар Осиёи Марказӣ бештар таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, хушунати рақамӣ ва озори онлайнӣ, дипфейкҳо ва дигар шаклҳои истифодаи нодурусти технологияҳои зеҳни сунъӣ, маълумоти бардурӯғ, сӯхтагии касбӣ, монеаҳо барои занон дар идоракунии расонаҳо ва зарурати ташкили механизмҳои устувори дастгирии касбӣ миёни кишварҳои минтақа.

Гулнора Амиршоева, роҳбари Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон мегӯяд, чанд сол пеш ман бисёр мехост, ки занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ дигар танҳо ҳамкороне аз кишварҳои ҳамсоя набошанд, балки ба як ҷомеаи воқеии касбӣ табдил ёбанд. Имрӯз ин идея ба воқеият табдил ёфтааст. Онҳо дигар танҳо ҳамчун намояндагони панҷ давлат ҷамъ набуда, балки ҳамчун эътилоф фаъолият мекунанд, ки арзишҳои муштарак дорад ва омода аст барои ояндаи журналистика дар минтақаи мо якҷо кор кунад.

Саида Сулаймонова, директори Маркази рушди журналистикаи муосири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таъкид кардааст, ки "ду сол пеш дар бораи зарурати муттаҳид шудани занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ суҳбат мекарданд. Имрӯз муҳим аст, ки қадами нав гузошта шавад — ҳамкориҳои минтақавиро ба низоми воқеии робитаҳои касбӣ ва дастгирии мутақобила табдил диҳанд. "Занони соҳаи ВАО, новобаста аз кишвар, бо мушкилоти хеле монанд рӯ ба рӯ мешаванд — аз таҳқир дар интернет ва фишори касбӣ то тағйироти босуръате, ки зеҳни сунъӣ ба вуҷуд меорад. Ҷавоб додан ба ин мушкилот дар якҷоягӣ самараноктар аст".-гуфтааст ӯ.

Қисми зиёди барнома ба амнияти рақамӣ ва устувории касбӣ бахшида шудааст. Дар ҷаласаҳои амалӣ иштирокчиён бо абзорҳои ҳифзи ҳисобҳои корбарӣ ва маълумот кор карда, сенарияҳои ҳамлаҳои онлайнро таҳлил мекунанд ва механизмҳои эҳтимолии дастгирии фаврии касбиро баррасӣ менамоянд.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон Тойво Клаар гуфтааст, "занони рӯзноманигор дар таъмини он ки ВАО воқеаҳоро ба таври воқеӣ инъикос кунанд, нақши бисёр муҳим доранд. Аз заноне, ки “шифти шишагӣ”-ро мешикананд, аксар вақт дар шароити душвор ва ноустувор низ муваффақият интизор мешаванд. Азбаски баробарии воқеӣ ба роҳнамоии мунтазам, дастгирии ниҳодӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ниёз дорад, Иттиҳоди Аврупо дастгирии ВАО-и мустақилро дар Осиёи Марказӣ идома медиҳад».

Асоси институтсионалии ҳамкориҳои минтақавӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Эътилофи занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ мебошад, ки 3 майи соли 2024 дар Душанбе ба имзо расидааст.

Конфронси Тошканд идомаи ин кор буда, бояд қадами навбатӣ аз эъломияи ҳамкорӣ ба таъсиси робитаҳои доимии касбӣ ва ташаббусҳои муштарак бошад.

Дар ду рӯзи конфронс иштирокчиён самтҳои фаъолияти Эътилофро барои солҳои 2026–2029, имкониятҳои ташкили механизмҳои кӯмаки мутақобилаи касбӣ, инчунин лоиҳаҳои муштараки омӯзишӣ, журналистӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд.

Самти дигари кор таҳияи Роҳнамои ягонаи минтақавӣ оид ба журналистикаи ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ мебошад. Ин санад бояд барои редаксияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳнамоҳои амалӣ ҷиҳати инъикоси касбӣ, масъулона ва мутавозини масъалаҳои гендериро пешниҳод кунад.

Дар барномаи конфронс инчунин перформанси аудиовизуалии «Акси садо: Қувваи овозҳои нонамоён» ҷойгоҳи махсус дорад. Ин асар дар пайванди санъати рақамӣ ва театри ҳуҷҷатӣ таҳия шудааст.

Муаллифон тавассути образи визуалӣ ва садоии «садои рақамӣ» муҳитеро нишон медиҳанд, ки имрӯз занони рӯзноманигор дар он фаъолият мекунанд: суханони нафратомез, ҳамлаҳои ботҳо, таъқиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фишори иттилоотӣ ва дипфейкҳо.

Дар перформанс пешсафони соҳаи ВАО аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд. Ҳар яке аз онҳо бо забони модарии худ манифести шаъну шарафи касбиро ироа мекунад ва дар анҷом овозҳои алоҳида ба як хори рамзии ҳамбастагии минтақавӣ муттаҳид мешаванд.

Дар барномаи конфронс ҳамчунин муҳокимаҳо дар бораи нақши занон дар идоракунии расонаҳо, сӯхтагии касбӣ ва устуворӣ, ташаббусҳои фаромарзии журналистӣ ва иқлимӣ, инчунин рушди минбаъдаи шабакаи минтақавии занони касбии соҳаи ВАО пешбинӣ шудаанд.

Дар анҷоми перформанс маросими супоридани ҷоизаи минтақавии Women Media Awards Central Asia баргузор мешавад. Ҷоиза барои қадрдонии дастовардҳои касбӣ, роҳбарӣ ва саҳми занон дар рушди соҳаи ВАО-и Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст.

Перформанси аудиовизуалӣ ва маросими ҷоизасупориро ширкати Artel Electronics дастгирӣ кардааст.

Созмонҳои байналмилалии шарик- намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон; Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон; Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва Бишкек; Намояндагиҳои ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон; Сафорати Швейтсария дар Ӯзбекистон; Парки саноатҳои эҷодии Қирғизистон ба ҳисоб рафта, шарики асосии минтақавӣ Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси он Гулнора Амиршоева аст.