Мавзӯи филми кутоҳи иҷтимоии “Ба ман имконият деҳ…” шикастани қолабҳо ва муносибати дуруст ба нафарони аз зиндон озодшуда аст. Муносибати дурусти корфармо ба як ҷавони аз маҳбас озодшуда  зиндагии ӯро тағйир медиҳад. Эътимод ба нафсашро боло мебарад ва ҳамзамон умедашро ба фардо нек месозад.

Пас аз озод шудан аз зиндон, инсон бояд имкони аз нав оғоз кардани зиндагиро дошта бошад. Аммо воқеият дигар аст, бисёре аз нафарони аз маҳбас раҳоёфта бо тамғагузорӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳоро ба кор қабул намекунанд, ба онҳо бовар надоранд ва доим бо гузаштаашон маҳкум мекунанд.

Дар ҳоле ки қонунгузорӣ табъиз ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро бинобар доштани  доғи судӣ манъ мекунад (ба истиснои ҳолатҳои махсуси дар қонун пешбинишуда), дар амал бисёр корфармоён ин меъёрҳоро нодида мегиранд. Натиҷа чӣ мешавад? Инсон бидуни кор, бидуни дастгирӣ ва бидуни умед мемонад, ки ин метавонад заминаи бозгашт ба роҳи хато гардад.

Агар мо мехоҳем ҷинояткорӣ коҳиш ёбад, бояд ба одамон пас аз адои ҷазо имконият фароҳам оред , на ин ки онҳоро то абад бо гузаштаашон ҷазо диҳем.

Филми кутоҳи иҷтимоии “Ба ман имконият деҳ…” аз ҷониби коргардони боистеъдод Азиз Сатторӣ дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, ки аз ҷониби DRL дастгирии молиявӣ ёфтааст, таҳия шуд.