Маҳфили “Тавозун”: Муҳокимаи масоили истифода ва идораи захираҳои табиии Тоҷикистон

174

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ рӯзи 27 феврали соли равон аз соати 9.00 то 12.00 маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ “Тавозун” баргузор хоҳад шуд. Дар доираи маҳфил  тадқиқот оид ба индекси идораи  захираҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашта, ҳамзамон маълумотҳои нав оид ба рушди соҳаи геология, саноати маъдани кӯҳӣ, шаффофият дар соҳаи истихроҷ ва дигар паҳлуҳои вобаста бо ин мавзӯъ пешниҳод мегарданд.

Ба маҳфил намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ВАО, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи иқтисод даъват шудаанд.

Маҳфили “Тавозун” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Хоҳишмандон аз шаҳри Душанбе барои иштирок дар маҳфил метавонанд ба ТҶ “Хома” муроҷиат намоянд. Телефон барои тамос: 227 34 78, 98 526 84 20.

Пресс-клуб “Тавозун”: Обсуждение вопросов использования и управления природными ресурсами Таджикистана.

27 февраля в Центре стратегических исследований при Президенте РТ состоится очередной пресс-клуб экономической журналистики «Тавозун». На нём будет представлено исследование по индексу управления природными ресурсами Республики Таджикистан, а также будет представлена информация по развитию отрасли геологии, горнодобывающей промышленности, прозрачности в добывающей отрасли и другие аспекты связанные с данной тематикой.

На пресс-клуб приглашены представители соответствующих государственных ведомств, международные организации, СМИ, аналитики и эксперты по экономическим вопросам.

Пресс-клуб «Тавозун» проходит в рамках программы «Поддержка управления государственными финансами в Таджикистане», реализуемой при поддержке Министерства Международного Развития Великобритании (DFID) и Институтом «Открытое Общество» – Фонд Содействия в Таджикистане.  

Желающие участвовать в пресс-клубе с города Душанбе могут обратиться в ОО “Хома” по телефонам: 227 34 78, 98 526 84 20.