Ислоҳоти низоми андоз -баҳси навбатии маҳфили “Тавозун”

0
2829

Дар маҳфили навбатии “Тавозун” санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар cоҳаи андоз ва андозбандӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Тадбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз дар кишвар, рақамкунонии андоз дар доираи барномаҳои ислоҳоти андоз, саҳми ислоҳоти андоз дар рушди бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақши ислоҳоти ислоҳоти андоз барои иҷрои “Стратегияи милии рушд барои давраи соли 2030” мавзӯҳои муҳими маҳфил буд.

Чорабинӣ рӯзи 2-юми май дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” бо дастгрии “ACTED” баргузор гардида, мавзӯи он “Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардида буд.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андози ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассостсиатсияҳои фаъолияти соҳибкорӣ, коршиносони соҳаи андоз ва андозбандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаро Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома” ифтитоҳ бахшида, дар робита ба муҳиммияти мавзӯъ ва давраи омӯзишии қабл аз маҳфили “Тавозун” ёдрас шуд, ки давоми чор рӯз рӯзноманигорон дар бораи мавзӯи “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар ҶТ”  донишҳои нав гирифтанд ва акнун зарур аст, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намуда, онро дуруст ба аҳолӣ расонанд.

Сармутахассиси Сарраёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия Рауф Ҳайдаров дар бораи ҳадафи асосии татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз дар кишвар гуфт.

Ба бовари ӯ, сода кардани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои ҳуқуқии марбут ба андозбандӣ, таъмини устувории даромадҳои андоз ба Буҷети давлатӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андозҳо ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагон аз ҳадафҳои асосии Барномаҳои ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Рауф Ҳайдаров, гуфт, самтҳои асосии ислоҳоти андоз таҳия намудани тартиби арзёбии танзими меъёрҳои андозҳо ва таъсири имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ, таҳкими механизмҳои ҳавасмандсозандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷараёни мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз, коҳишёбии хароҷоти марбут ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ҷорӣ кардани шакли нави назорати андоз – мониторинги андоз, ки ҳадафи он пешгирии амалиётҳои дорои хавф мебошад ва вусъат бахшидани корҳо дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳоикоррупсионӣ мебошанд.

“Яке аз унсурҳои асосии системаи андоз ин сода, оммафаҳм ва мушаххас будани қонунгузории андоз ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин Кодекси андози Тоҷикистон ба ду қисм (умумӣ ва махсус) тақсим карда шудааст. Қисми умумӣ аз муқаррароти умумии Кодекси андоз иборат буда, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои андозиро пешбинӣ карда, равандҳои асосии андозбандиро муайян менамояд.”, – зикр кард Рауф Ҳайдаров.

Ба гуфтаи ӯ, муқаррар намудани андозҳои нав, тағйир додан ва ё бекор кардани андозҳо ва ё имтиёзҳои муқарраркардашуда танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз анҷом дода мешавад

Ба таъикди ин масъули Вазорати молия, ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи унсурҳои андозбандӣ муайян карда шаванд.

Бахши дигари маҳфил, натиҷагирӣ ва раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон буд, ки Назирзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз дар робита ба он маъруза кард.

Номбурда оид ба мақсаду вазифаҳои қабули Кодекси нави андози Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, ки ҳадафаи аслии он, ҷалби сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини устувори воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар бючети давлатӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии мамлакат ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар тавассути ташкили фазои муносиб барои мақсадҳои андозбандӣ ва ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ аст.

Ӯ дар идома аз тағйиротҳои асосие, ки дар Кодекси андоз дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, ба таври мушаххас ба ҳозирин маълумот дода, аз ҷумла, гуфт,  кам намудани шумора андоз, меъёри андозҳо ва такмили имтиёзҳои андозӣ аз тағйиротҳои ҷиддии кодеки нав ба ҳиосб меравад.

Назирзода илова кард, ки дар натиҷаи дар амал татбиқ намудани Барномаи ислоҳоти андоз барои давраҳои 2011-2019 дар кишвар 75 намуди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ карда, 28 ширкати интернетии хориҷӣ ихтиёран дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки соли гузашта аз ҳисоби онҳо, зиёд аз 3,4 млн сомонӣ ба буҷети кишвар андоз пардохт карда шуд.

Номбурда иттилоъ дод, ки ҳоло дар кишвар 340 ҳазору 115 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 32 ҳазору 460 шахси ҳуқуқӣ, 307 258 соҳибкори инфиродӣ ва 379 намояндагии шахсони ҳуқуқии хорҷӣ мебошанд.

Назирзода дар идома оид ба давраи дуввуми татбиқи ислоҳоти андоз ва бахшҳое, ки зимни татбиқи он бартарият дода мешавад, маълумот дод.

Аз ҷумла, гуфт, ин навбат ба рушди маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ, рушди системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои қоғазӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти мақомоти андоз ва баланд бардоштани интизоми андозсупории андозсупорандагон афзалият дода  мешавад.

Рӯзноманигороне, ки қабл аз маҳфили Тавозун дар дафтари ТҶ “Хома ба мавзӯи “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон” давоми чаҳор рӯз ошно гардиданд, дар  маҳфил Ба суолҳои хеш посух гирифтанд.