Фарида Муминова: 68 шаҳру навоҳӣ ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ даст ёфтаанд

0
1827

Мавзӯи навбатии маҳфили иқтисодии “Тавозун” механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ буд, ки бо иштироки намояндагонии вазорату идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон сурат гирифт. Маҳфил 28 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи маҳфил Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҶ “Хома” бобати муҳиммияти мавзӯъ ва давраи омӯзишии қабл аз маҳфили “Тавозун” ёдраст шуд, ки давоми чор рӯз рӯзноманигорон дар бораи мавзӯи мазкур донишҳои нав гирифтанд ва акнун зарур аст, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намоянд.

Мавсуф афзӯд, ки ТҶ “Хома” бо мақсади фароҳам кардани заминае барои табодули афкору таҷриба дар инъикоси босифати масоили иқтисодӣ дар ВАО-и Тоҷикистон  дар доираи маҳфили “Тавозун” мунтазам вохӯриҳоро оид ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар байни рӯзноманигорон, коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон баргузор менамояд.

Дар маҳфили навбатии “Тавозун” Соима Муҳаббатова, сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Гулрафтор Абдурасулова, сардори Раёсати кумакҳои унвонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Моҳтоббӣ Одиназода, муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Фарида Муминова, номзади илмҳои иқстиод ва корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҳамчунин, иқтисодшиносону коршиносон ва намояндагони ВАО ширкат ва дар робита ба мавзӯи мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Раванди таҳия, қабул ва ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи милли рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ, механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар самти расонидани кумакҳо, тартиби таъину пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, назорати таъин ва пардохти кумакҳо, равишҳои  муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани КУИ мавзӯҳои меҳварии маҳфили иқтисодӣ ба шумор мерафтанд.

Фарида Муминова, номзади илмҳои иқтисодӣ ва корманди Институти иқтисодиёт ва демография АМИТ дар робита ба яке аз бахшҳои асосии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 – бахши ҳифзи иҷтимоӣ маърӯза намуд. Ба таъкиди ин иқтисодшинос, ҳадафи стратегии кишвар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Фарида Муминова илова кард, ки айни ҳол 68 шаҳру навоҳии кишвар ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ даст ёфтанд ва ин яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 буд.

Ба таъкиди Соима Муҳаббатова мақсад аз кумакҳои унвонии иҷтимоӣ,  дастгирии оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оилаҳост.

Гуфта шуд, ки шаҳрвандон барои таъйини кумакпулӣ ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии ҳукумати маҳҳали дар ҷойи истиқомати худ муроҷиат мекунанд ва барои он се варақа ва ё анкетаро пур мекунанд.

Ба иттилои ӯ, то ҳол ду шакли кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар кишвар роиҷ аст: кумакҳои моллӣ ва моддӣ.

Номбурда афзуд, индикаторҳо барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон,  ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат, даромади пулию молии шаҳрвандон ҳолати манзили истиқоматӣ, шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон мебошад.

Гуфта шуд, ки кумакҳои иҷтимоӣ аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода шуда, як маротиба барои 12 моҳ дода мешавад.

“Дар соли 2022 ба оилаҳои камбизоати кишвар 116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст,  ки ин  нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд мсебошад”,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Соима Муҳаббатова, кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат сол ба сол афзоиш меёбад ва дар соли 2023-юм 154,2 млн сомонӣ кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст.

Ба таъкиди номбурда, дар соли 2024-ум 279,8 млн ва дар соли 2025-ум 291,9 млн сомонӣ ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ айни замон дар кишвар беш аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд ва давоми панҷ соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 25,5 ба 22,5 дарсад поин омадааст.

Ба қавли Моҳтоббӣ Одиназода, кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дар соли 2022 39 ҳазору 850 оила ба маблағи 19 млн 925 ҳазор сомонӣ дастрас мекунанд, ки то ба ҳол пардохти он идома дорад.

Ҳамчунин, кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 600 сомониро, ки тибқи қарори ҳукумат аз 9 декабри соли 2022, №597 тасдиқ гардид, ҳамагӣ 192 ҳазору 938 оила бо маблағи 115 млн 762 ҳазору 800 сомонӣ дастрас хоҳанд кард.

Баъд аз маърӯзаву мубоҳисаҳо рӯзноманигорон ба саволҳои хеш аз намояндагони вазорату посух дарёфт карданд.