Даври омӯзишӣ барои рӯзноманигорон оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ

0
531

Дар доираи Стратегия оид ба ҳуқуқи инсон ва Нақшаи миллии амалишавии он барои солҳои 2023-2026” (Амри Президенти ҶТ аз «1» апрели соли 2023, №АП 350) ва “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” дар ТҶ “Хома” омӯзиши навбатӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии инсон” оғоз шуд.

Ҳадафҳои барномаи таълимии “Хома” дар соли 2024, ки аз ҷониби Президенти ҶТ  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, боз ҳам моҳияти муҳиму саривақтӣ пайдо карданд. Устувор гардонидани таҳкурсии донишҳои ҳуқуқии журналистон дар замони муосир ниҳоят зарур аст, зеро онҳо дар инъикоси масоили мубрам бояд такя ба қонунгузориву санадҳои байналмилалӣ кунанд.

Саидалӣ Бобохонзода, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Барномаи таълимии навбатӣ паҳлуҳои гуногуни мавзӯро дар бар мегирад. Мутахасисон аз Вазорати адлияи ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ рӯзноманигоронро бо ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар доираи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон то соли 2030, шарҳи ин ҳуқуқҳо вобаста ба масоили муҳоҷирон, вобаста ба Стратегияи миллии рушди ҶТ то соли 2030, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ шинос хоҳанд кард.

Рӯзноманигорон дар омӯзиш

Коршиносон аз Барномаи Рушди СММ ва Созмони Байналмилалии Муҳочират, ташкилотҳои ҷамъиятии “Нотабене”, “Ҳуқуқи дастрас”, “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” ба иштирокчиён доир ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва принсипҳои асосии он, ҳадафҳои рушди устувор, таҳсили фарогир ва ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирати  меҳнатӣ, ҳуқуқҳои шахсони мубталои ВНМО маълумот дода, журналистонро ҳамчунин бо мафҳуму моҳияти ҳуқуқ ба манзили муносиб ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос менамоянд.

Фарида Муминова, номзади илмҳои иқтисодӣ

Дар доираи омӯзиш барои рӯзноманигорон ду сафари матбуотӣ пешбинӣ шудааст, яке ба Прокуратураи генералии ҶТ ва дуюм ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ.

Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.