Баррасии масоили ҳуқуқҳои рақамӣ

0
2409

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои рақамӣ ва ВАО” мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он вакили парлумони кишвар, намояндагони вазоратҳои адлия, фарҳанг, Хадамоти алоқа, Маркази конунгузори назди Президенти ҶТ,  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорону коршиносони соҳаи ВАО, ТИК иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқҳои рақамӣ табодули назар шуд.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлими намояндагони Маҷлиси олии ҶТ иброз дошт, ки дар ин рӯзҳои пуртаззоди асри рақамӣ таваҷҷуҳ ба ин масоил афзӯдааст. Зеро, инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ ва умуман пешрафти давлатро бе технологияи иттилоотӣ комммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Тули ду даҳсола аст, ки дар рушди миллии кишвари мо воридоти технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабаекаҳои глобалии интернет саҳми муҳим доранд. Дар баробари ин аз истифодабарандагони ин обзорҳо барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаи таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Ба ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ба тасвиб расонида шудаанд. Ин санадҳо ба таъмини анимяти  рақамӣ равона шуда, имрӯз вакилони МНМО ҶТ пайваста талош доранд, ки заминаҳои ҳуқуқии истифода аз интернет ва таъмини амнияти рақамиро такмил диҳанд. Агар мо аз инқилоби рақамӣ паҳлуҳои беҳтари онро ба даст орем, истифодаи онро дар доираи чаҳорчубаи ҳуқуқи инсон ва меъёрҳои ахлоқӣ бояд ба роҳ монем.

Умрилло Меликов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зидикоррупсионии  ДДТТ ба иштирокдорон доир ба масъалаҳои таълимии ҳуқуқи иттилоотӣ  дар макотиби олии ҶТ маълумоти васеъ пешниҳод намуда, таъкид кард, “- Ҳама соҳаҳое, ки мо бо онҳо сару кор дорем тадриҷан бо тадбиқи технологияҳои рақамӣ пайваст шуда истодаанд, ки ин дар навбати худ як қатор масъалаҳои ҳуқуқиро ҳам ба миён меорад. Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ сол аз сол рушд мекунанд ва дар назди ҳуқуқшиносон масъалаҳои навро мегузорад. Ҳуқуқи рақамӣ имрӯз танҳо бо ВАО маҳдуд нест, он хеле фароҳтар аст. Имрӯз фазои иттилоотиро на танҳо журналистон пур мекунанд, балки дигар истифодабарандагони технологияҳои рақамӣ низ имкони сохтану паҳн намудани иттилоъро доранд. Хуб мешавад ба ин масоил дар мактабҳои миёна ва олӣ рӯ биёранд. Се масъала ҳаст, ки мо бояд онро ба хонандагон, донишҷӯён саҳеҳу равшану содда расонем: якум кадом иттилоотро қонунҳои Тоҷикистон манъ кардааст, дуюм кадом иттилоотро иҷозат додааст, сеюм кадом иттилоот дар ихтиёри худи истифодабаранда мондааст? Доир ба ҳамин се самт бо забони содда як роҳнамое нависем, барои як дарс бисёр хуб мешавад. Мо бояд ба тадбиқи фарҳанги ҳуқуқи иттилоотӣ аз мактаби миёна шурӯъ кунем, зеро зеҳни инсон дар мактаби миёна ташаккул меёбад.”

Ба бовари Умрилло Меликов, дар қонунҳои соҳавӣ аллакай доир ба баъзе масъаллаҳои ҳуқуқи рақмӣ тағйирот ҳастанд ва оянда ҳам такмил хоҳанд шуд. Ба инобат гирифтан зарур аст, ки доир ба ҳуқуқи рақами як қонуни ягона қабул кардан ғайриимкон аст. Зеро, он қариб ҳамаи соҳаҳоро фарогир аст ва мантиқн қонуни ҳар соҳа вобаста ба зарурат такмил мешавад. 

Шабонов Шоҳкарим, аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ доир ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар интернет сухан ронда, аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳар кас имкони ҳифзи маълумоти шахсиро дорад ва дар ин самт масъалаи худтанзимкунӣ пеш меояд. Масъалаи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар сатҳи қонунгузорӣ аз маълумотҳои фароҳтар мураккабтар аст. Чунки маълумоти шахсӣ пеш аз ҳама маълумот дар бораи шахси мушаххас аст, яъне метавонем шахсро аз миёни издиҳом муайян созем. Ба ин маълумот одатан чунин маълумотҳо шомиланд – номи пурра, санаи таваллуд, ҷои истиқомат, синну сол, акс ва ғайра. Доираи маълумоте, ки шахсро муайян мекунад, метавонад боз ҳам фарохтар бошад. Маълумоти шахсӣ тибқи қонун танҳо ба шахси воқеӣ дахл дорад, яъне, шаҳрванд.

Мушкилӣ дар он аст, ки аксар вақт сабаби паҳн шудани маълумоти шахсӣ ташаббуси худи ҳамон шахс аст. Аз ин рӯ тартиби ҳимояи ӯ низ мушкил мешавад. Аз ҷониби қонунгузорӣ тартиби ҳифзи ин ҳуқуқҳо муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла, ҷамъоварӣ ва коркади маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани серитификатсияи мутобиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешавад. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ ва ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё бе иҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан ва ифшои онҳо чораандешӣ мешавад. Мо ҳолати муайян кардани ин ҳолатро мебинем, вале мутаасифона механизми иҷрои он дар сатҳи дахлдор коркард нашудааст. Чунки ин маълумотҳо метавонанд фаромиллӣ бошанд, махзанҳояшон дар хориҷа бошанд, аз ин рӯ механизми оне ки чи хел маълумот ифшо шуд мушкил аст ва дар бисёр ҳолатҳо шахс худаш ташаббускори паҳн намудани маълумот аст. Тамоми тавсияҳо оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ на ба мақомотҳои ваколатдору на ба дигар субъектони ба ҳифзи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, балки маҳз ба худи шахс равона шудаанд. Ҳимояи маълумоти шахст пеш аз ҳама аз худи шахс вобаста аст, чунки салоҳиятнок худи ӯст. Дар ҳолати муроҷиат кардан ба мақомоти ваколатдор маълумотҳои шахсӣ дар сатҳи дахлдор ҳимоя карда мешаванд.

Ба таъкиди Асомиддин Атоев, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Фонди ҷамъиятии CПP оид ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқҳои рақамӣ ҳамон ҳуқуқҳои инсон дар олами рақамӣ ҳастанд.

Мавсуф мегӯяд, яке аз сабабҳои рақобатпазир набудани ширкатҳои ватанӣ ин андозҳои баланд аст.

“Аз оғози соли 2021 тахминан 21 ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон андоз месупоранд ва ҳаҷми андозашон понздаҳ дар сади даромади тозаро ташкил мекунад. Ҳамзамон андозсупорандагони ватанӣ, мувофиқи Кодекси нави андози кишвар,  қариб панҷоҳ дар сад зиёд андоз месупоранд. Яъне, мавқеи ширкатҳои хориҷӣ устувортар аст ва пас аз даҳсолае маводи хориҷӣ фазоро пур мекунад. Бинобар ин, барои пешгирии ин раванд мо бояд андозсупорандаи дохилиро ҳимоя кунем то рақобатпазир бошанд ва матлабҳояшон бозоргир шаванд.” – иброз дошт Асомиддин Атоев 

Дар доираи мизи мудаввар иштирокчиён доир  ба набудани қонун дар бораи шахсони мансабдор, муайян нашудани мавқеи блогерон дар қонунгузорӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки қонунгузорӣ бояд мукаммал карда шавад.

Иштирокчиён дар атрофи маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунанда ва истифодабаранда ибрози назар намуданд ва ҳамзамон изҳор доштанд, ки то ҳол ҳуқуқҳои рақамӣ муайян нашудаанд ва мо борҳо дар ҷангҳои иттилоотӣ мағлуб гардидаем.

Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳодҳои хешро ироа доштанд ва ташкилкунандагони мизи мудаввар онҳоро рӯзҳои наздик ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол менамоянд.