Хабарнигорони ҷавон журналистикаи телевизиониро меомӯзанд

586

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳамкориҳоро бо шӯъбаю факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои мамлакат сол аз сол густариш мебахшад.

Таи ду рӯз аст, ки дар студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯён машғулияти амалӣ оид ба журналистикаи телевизионӣ: мусоҳиба дар ТВ, матни телевизионӣ, стендап, маҳорати наворбардорӣ, танзим ва дигар ҷузъиёти кор дар ин самт идома дорад.   

Коршиноси ВАО, тележурналист Шаҳло Акобирова ба журналистони ҷавон маълумоти васеро оид ба асосҳои журналистикаи телевизионӣ, манбаҳои хабарӣ, навиштани матн, қироати матни эфир ва сабти овоз пешниҳод намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳо донишҳои андухтаашонро бо истифода аз имкониятҳои техникии студияи таълимӣ бо корҳои амалӣ мустаҳкам намоянд.

Журналистикаи муосир тақозо менамояд, ки рӯзноманигорон имрӯз дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф кор карда тавонанд, яъне ба қавле “универсал” бошанд, зеро рушди технологияҳои иттилоотӣ чунин имкониятро ба онҳо муҳайё кардааст. Аз ин нуқтаи назар журналистони ҷавон бояд ҳар як самти журналистикаро бахубӣ аз худ кунанд, то дар бозори иттилоотӣ оянда ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.