Оё дуруст аст, ки бо қабули қонуни нав дар бораи пешгирии ифротгароӣ Хадамоти алоқа метавонад интернетро масдуд кунад?

55

Мутобиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ тамоми шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоиро таҳти назорат қарор медиҳад;

– дар сурати ошкор кардани маводи хусусияти экстремистидошта иттилооти мазкурро ба мақомоти амнияти миллӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба салоҳияти онҳо пешниҳод менамояд:

– аз рўи тамоми хизматрасониҳои алоқа тариқи шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои иҷтимоӣ мониторинг гузаронда, дар сурати зарурати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ шабакаҳои зикршударо маҳдуд ё боз медорад;

– дар самти пешгирӣ намудани муқовимат ба экстремизм бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;

– ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода (амалиётҳои ҷангӣ, террористӣ, экстремистӣ ва офатҳои табиӣ), ки ба амнияти давлат хатар доранд, барои истифодаи афзалиятнок, маҳдуд ва боз доштани тамоми хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва намудҳои дигари алоқа, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳуқуқ дорад;

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии амаликунандаи фаъолияти хизматрасонии алоқа, аз ҷумла интернет-провайдерҳоро уҳдадор менамояд, ки нигоҳдории иттилооти хусусияти экстремистидоштаро дар муҳлати то 6 моҳ дар серверҳояшон таъмин намояд.

Ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистњ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад.

Қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои пешгирии таблиғоти экстремизм дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад. (моддаи 17).

Ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” Ранжет Ятимов

 

Правда ли что с принятием нового закона об предотвращении экстремизма Служба связи может блокировать Интернет если обнаружат материалы имеющиеся экстремистский характер?

В соответствии новым Законом РТ «О противодействии экстремизму» Служба связи при Правительстве РТ имеет следующие полномочия:

– осуществляет для обеспечения информационной безопасности контроль за деятельностью интернет-сайтов и социальных сетей (интернет – провайдеров);

– информирует в случае обнаружения материалов, носящих экстремистский характер, органы национальной безопасности и другие правоохранительные органы в пределах их компетенций;

– проводит мониторинг всех услуг связи интернета, в том числе социальных сетей и при необходимости предотвращения экстремистской деятельности ограничивает или приостанавливает деятельность данных сетей (интернет – провайдеров);

– сотрудничает с соответствующими государственными органами в сфере противодействия экстремизму;

– при возникновении чрезвычайных ситуаций (боевые действия, террористические и экстремистские операции, стихийные бедствия), угрожающих безопасности государства, имеет право на приоритетное использование, приостановление или ограничение услуг электросвязи, социальных сетей и других видов связи, независимо от организационно-правовой формы;

– обязует физических и юридических лиц, осуществляющих деятельность по предоставлению услуг связи, в том числе Интернет-провайдеров обеспечить до 6 месяцев хранение информации экстремистского характера в своих серверах.

В случае выявления в сети интернета и других телекоммуникационных сетях пропаганды экстремизма, в том числе информации, призывающей к массовым беспорядкам, участию в массовых мероприятиях, приводящих к нарушению общественного порядка, осуществлению иной экстремистской деятельности, доступ к такой информации подлежит немедленному прекращению либо ограничению.

Прекращение либо ограничение доступа к информации для предотвращения пропаганды экстремизма в сети интернет и других телекоммуникационных сетях обеспечивается Службой связи при Правительстве Республики Таджикистан в сотрудничестве с правоохранительными органами (статья 17).

Юрист ОО “Хома” Ранжет Ятимов