Намояндагони ВАО журналистикаи ҳассосро меомӯзанд

262

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ”-ро амалӣ менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад. Лоиҳа дар заминаи барномаи қаблии “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Миёна” роҳандозӣ гардида, барои дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, ки ба тақвиятбахшии устувории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ нисбат ба ифротагароӣ ва маълумоти бардурӯғ мусоидат мекунанд, равона шудааст.

Аввалин омӯзиши серӯзаи амалӣ дар мавзӯи “Муносибат ба мавзӯҳои ҳассос ва низоъбарангез зимни инъикоси муноқишаҳои байниқавмӣ ва динӣ” имрӯз дар Душанбе оғоз шуд. Аз ҷониби тренерони ВАО Нуриддин Қаршибоев ва Маҳмудҷон Додобоев дар доираи омӯзиш ба иштирокчиён оид ба фаҳмиши низоъ, сабабу оқибатҳои он, инъкоси масоили низоъбарангез дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши расонаҳо дар танзиму аз байн бурдани низоъ маълумоти густурда пешниҳод мегардад.
Инчунин коришиноси масоили динӣ Саидаҳмад Қаландаров ба иштирокдорон доир ба моҳияти исломи сиёсӣ ва ташкилотҳои террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ, омилҳои нав дар самти бехатарӣ ва мафҳумҳои радикализм, экстремизм ва терроризм маълумот медиҳад.


Иштирокчиён масоили бехатарии шахсӣ ва рақамии журналистро ҳангоми инъикоси мавзӯҳои хассос омӯхта, инчунин қолабҳои матолиби чандрасонаиро барои беҳтар намудани сифати матлабҳояшон аз худ менамоянд.
Созмондиҳандагони семинар умедворанд, ки пас аз омӯзиш рӯзноманигорон қоидаҳои ҳирфавии таҳияшуда ва меъёрҳои усулиро риоя намуда, ниҳоят корҳои сараи рӯзноманигорӣ анҷом медиҳанд, ки дар он беғаразӣ, дақиқият ва масъулиятпазирӣ ба мушоҳида хоҳад расид.