Эълон!

309

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои фаъолони шаҳрвандӣ ва кормандони фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМКБ, Душанбе ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ барои иштирок дар Мактаби расонавии сулҳофарӣ ва иртибот дар доираи лоиҳаи “Таҳкими муқобилият ба ифротгароӣ ва хабарҳои бардугӯғ дар Осиёи Марказӣ”, озмун эълон мекунад. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Internews татбиқ мекунад.

Вазифаи мактаби ВАО – аз ҷониби фаъолони шаҳрвандӣ пайдо кардани донишу малака дар инъикоси масоили ҳассос, аз худ кардани амнияти рақамӣ ва ҷисмонӣ, ҳамкорӣ бо коршиносон, рӯзноманигорон ва блогерҳо, инчунин истифодаи самараноки манбаъҳои иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои беҳтар шудани дастрасии мардум ба иттилоот мебошад. Иштирокчиёни тренинг идоракунии пайғомҳои мобилӣ/мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ барои эҷоду таблиғи қиссаҳои мусбат доир ба таҳаммулпазирии динӣ дар ҷаҳон ва қолабҳоро барои шабакаҳои иҷтимоӣ (воситаҳои чандрасонаӣ) низ меомӯзанд.

Ҳадафи омӯзиш додани дониши зарурӣ барои иъикоси дурусти масоили низоъбарангез ва паст кардани шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиён бояд донишу малакаеро ба даст оранд, ки тавонанд бо истифода аз имкониятҳои дастгоҳҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд.  

Иштирокчиёни барнома дар асоси озмун муайян карда мешаванд. Иштирок дар барнома комилан ройгон аст.

Танҳо он иштирокчиёне, ки пурра даври омӯзиширо мегузаранд (2 тренинг), имкон пайдо мекунанд  дар озмуни грантӣ иштирок карда, барои сохтани матлаб соҳиби грант шаванд.

Барои иштирок дар барномаи омӯзишӣ хоҳишмандон бояд дархостро пур карда, бо маълумотномаашон (CV) ба нишонии lolamerganova8@gmail.com  равон кунанд.

Телефон барои тамос 227 34 78.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо то соати 17.00 18 августи соли 2020.

Объявление!

Общественная организаия “Хома” объявляет конкурс среди гражданских активистов и активных сотрудников общественных организаций Хатлонской и Согдийской областей, ГБАО, Душанбе и районов республиканского подчинения на участие в Медиашколе миростроительства и коммуникций в рамках проекта «Усиление устойчивости к радикализации и дезинформации в Центральной Азии», финансируемого Европейским Союзом и реализуемого Internews.

Задача медиашколы – обучение гражданских активистов навыкам конфликт-чувствительного освещения, конфликт-чувствительным подходам в коммуникации, цифровой и физической безопасности, сотрудничеству с экспертами, журналистами и блогерами, а также эффективному использованию источников информации и социальных сетей для улучшения общественного доступа к информации. Участников тренинга обучат управлению онлайн-каналами в мессенджерах и социальных сетях, использованию мобильных устройств для создания и продвижения позитивных рассказов о религиозной толерантности в мире, форматам для социальных сетей (мультимедийные инструменты). 

Цель обучения – дать необходимые знания для освещения конфликтов, не усиливая напряженность. Участники тренинга должны получить знания, которые будут способствовать устранению конфликта ненасильственным путем через возможности мобильных устройств и социальных сетей.

        Участники программы будут определены на основе конкурса. Участие в программе является полностью бесплатным.

Только участники прошедшие полный курс обучения (2 тренинга), будут иметь возможность принять участие в грантовом конкурсе и стать обладателями грантовой поддержки для создания своего материала.

Для того, чтобы стать участником тренинга, необходимо заполнить заявку и прислать резюме (CV) на электронный адрес lolamerganova8@gmail.com.

Телефон для справок 227 34 78.

Последний срок принятия заявок до 17.00 часов 18 августа 2020 года.