Маҳфили “Тавозун”: муҳокимаи дастрасӣ ба иттилоот вобаста ба таҳия ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ.

0
818

24 январи соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ “Тавозун” дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот оид ба таҳия ва иҷроиши бюджетҳои маҳаллӣ» баргузор мегардад. Дар маҳфил тадқиқот дар самти шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ ва самаранокии хароҷотҳои бюджети давлатӣ барои хадамоти давлатии шуғл баррасӣ ва муҳокима мегарданд.

Дар доираи маҳфил номзади илмҳои иқтисодӣ, таҳлилгар Уктам Ҷумаев ба иштирокчиён натиҷаҳои тадқиқоташро оид ба шаффофити буҷетҳои маҳаллӣ барои баррасӣ ва муҳокима пешниҳод менамояд. Буҷети маҳаллӣ воситаи асосӣ дар амаликунонии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии ҳукумат дар маҳалҳо мебошад ва аз ин рӯ барои ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъмин намудани шаффофияти буҷет яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо ба шаффофият дар ҷараёни таҳия ва амалишавии буҷет, дастрасии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маълумот оид ба ин масоил диққати хосса дода мешавад ва ин ба қавӣ гардидани эътимоди мардум ва ҷомеа нисбат ба ҳукумат таъсир мерасонад. Шаффофият дар ҷараёнҳои буҷетӣ масъулияти ҳокимияти иҷроияро дар таҳияву амаликунонии буҷет ва назорати хароҷотҳои буҷетӣ зиёд карда, ҳамзамон воситаи муҳими мубориза бо коррупсия мегардад.

Тадқиқотҳо дар ин самт ба давлату ҳукумат имкон медиҳанд, ки сиёсати буҷетиро бо дарназардошти андешаҳои коршиносон боз ҳам шаффофу содда гардонанд ва дар ин самт барои дастрасии ВАО ва ҷомеа ба иттилооти зарурӣ ва ҷалби аҳолӣ дар қабули қарорҳо, ҳангоми таҳияи буҷет, саҳмгузор бошанд.

Мақсади маҳфили “Тавозун” ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли  буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию ВАО ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати ҶТ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ҷалб намудани доираи васеи журналистон ба масоили буҷа,  идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.

Ба ҷамъомад намояндагони Парлумони ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, роҳбарони қисматҳои барномаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ”, роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, журналистон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод даъват шудаанд.

            Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» www.khoma.tj, дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.