Таснифбанди синнусолӣ дар филмҳо

0
828

Тибқи як тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи кино», ки 29 апрел аз ҷониби Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфт, масъулин муваззаф шуданд, ки пеш аз пахш ё намоиши кино бинандаро бояд огоҳ намоянд ва аломатҳои +0, +6, +12, +16 ва +18-ро мувофиқ ба таснифбандии синнусолӣ тибқи стандартҳои байналмилалии намоиши кино гузоранд.

Ранжет Ятимов – ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» мегӯяд, тағйироти воридгардида ба Қонуни ҶТ «Дар бораи кино» замина барои гузариш ба пахши рақамӣ буда, дар доираи бастаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба чанд қонун аст. Дар Тоҷикистон то қабули ин қонун дар кинотеатрҳои кишвар дар аксари маврид таснифбандии синну солӣ истифода мешуд, дар шабакаҳои телевизионӣ ҷунин таҷриба мавҷуд набуд.

Талошҳое, ки ахиран барои ворид кардани тағиротҳо ба чанд қонунҳои соҳавӣ анҷом меёбад ин ба хотири мутобиқ кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар дар ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2006 созишномаи глобалиро дар баробари 106 кишвари олам имзо кард, ки зимни он мебоист бо соли 2015 кишвар пурра ба пахши рақамӣ гузарад. Мутассифона, ин ҷараён хеле тул кашид ва яке аз он уҳдадориҳо ин мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба ин раванд буд.

Ин созишнома дар доираи ҳамгироии кишвар ба Созмони байналмиллалии алоқаи электронӣ (ITU), сохтори махсуси СММ мебошад. Қонуни амалкунандаи ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавӣ” дар айни ҳол пахши рақамиро ба танзим дароварда наметавонад, зеро танзимкунандаи пахши аналогӣ буда, барои гузариш ба пахши рақамӣ бозингарони наве дар ин самт пайдо шудаанд, ки дар қонуни амалкунанда ин фаҳмишҳо нест ва ҳуқуқу уҳдадории онҳо мушаххас нагардиданд.

Бояд гуфт, се сол пеш ба хотири гузариш ба пахши рақамӣ гуруҳи корие барои таҳлили қонгузории ҷории Тоҷикистон таъсис шуда буд, ки раёсати онро Олимҷон Салимзода, собиқ раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон пеш мебурд. Ин комиссия моҳи откябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе натиҷаи таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузариш ба пахши рақамӣ муаррифӣ намуд.

Гуруҳи корӣ дар асоси таҳлил лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба як қатор қонунҳои амалкунанда омода ва баъд аз хулосабарории вазорату мақомоти дахлдор ба Ҳукумати ҶТ ирсол намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни ЧТ “Дар бораи телевизион ва радио” (дар таҳрири нав), тағйиру илова ба қонунҳои ҶТ “Дар бораи фарҳанг”, Қонуни ҶТ ”Дар бораи кино” ва Қонуни ЧТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”.

Ёдовар мешавем, ки ин таҳлил барои Кумитаи Парлумон аз ҷониби Наталя Донвар – номзади илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи медиология ва веб-журналистикаи Донишгоҳи давлатии Беларус ва Ранжет Ятимов – ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома», анҷом шуда буд.

Таҳлил дар ин самт нишон дод, ки раванди гузариш ба пахши рақамӣ дар Осиёи Марказӣ аз солҳои 2009 оғоз гардида, ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ амсоли Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россия алакай ин равандро ба итмом расонида, қонунҳоеро, ки ба раванди гузариш ба пахши рақами мусоидат менамуд, мутобиқ карданд.

Аммо Тоҷикистон то кунун ин корро ба итмом нарасонидааст. Тибқи маълумоти ҶСК Тоҷиктелеком танҳо 64% кори техникӣ ба анҷом расида, танҳо дар шаҳри Душанбе пахши рақамӣ роҳандозӣ шуд. Бояд гуфт, гузариш ба пахши рақамӣ амнияти иттилоотии кишварро таъмин намуда, вале кашол додани ин раванд ба зарари мо хоҳад буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон телевизионҳои кишварҳои ҳамсоя-Қирғизистон, Узбекистон ва Афғонистонро тамошо мекунанд. Дар Тоҷикистон 38 телевизион (12 телевизиони давлатӣ ва 26 хусусӣ) ба қайд гирифта шудааст, аммо дар мултиплекси аввал танҳо телевизионҳои давлатӣ ҷой дода шудаанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки баъд аз пура гузаштан ба пахши рақамӣ вазъи телевизионҳои хусусӣ чи мешавад?! Бояд гуфт, ба ҷуз масъаллаи пахши рақамӣ, контенти гуногуни миллиро талаб мекунад. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки танҳо дар Тоҷикистон барои истеҳсоли филмҳо ва умуман ҳамугуна маводи аудиовизуалӣ масъулин иҷозатнома талаб мекунанд ва танҳо ширкатҳои телевизионии хусусӣ бояд онро дошта бошанд. Ба ба даст овардани иҷозатнома тибқи талаботи қонунгузорӣ мушкил нест ва талаботи дархосткунанда муддати 30 рӯз бояд қонеъ карда шавад, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки истеҳсолкунандаи миллӣ аслан имкони дастрасӣ ба ин иҷозатномаро надорад.

Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ – Россия, Беларусия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон барои пешбурди ин намуди фаъолият ичозатнома лозим нест. Танҳо тариқи бақайдгирӣ дар равзанаи ягона ҳамчун шахси ҳукукӣ ё соҳибкори инфиродӣ мумкин аст ба ин намуди фаъолият машғул шуд. Ба ҳамин хотир дар ин кишварҳо киноматаграфия ва маҳсулоти (контенти) миллӣ рушд ёфтааст. Бинобар ин, гурӯҳи корӣ таҷрибаи ин кишварҳоро омӯхта пешниҳод намуда буд, ки меъёри иҷозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ аз қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” хориҷ гардида, меъёри истеҳсоли маводи аудиовизуали бо Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” ба танзим дароварда мешавад.

Гузариш ба пахши рақамӣ истеҳсоли даҳчанд зиёди маҳсулоти (контенти) босифати миллиро талаб мекунад то инки аудитория хоҳиши тамошо кардани маводии миллиро пайдо намояд, на аз кишварҳои ҳамсояро. 29 апрели соли равон Бахтовар Сафарзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
ва иттилоот зимни шарҳи тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи кино» гуфт, субъектони алоҳида, ки оид ба намоиш ва пахши кино дар мамлакат  ваколатдор мебошанд, уҳдадор мешаванд, ки ё дар ноқили интиқолдиҳандаи кинову филмҳо ва ё ҳангоми пахши онҳо дар як гӯшаи эфир ин аломатҳоро нишон диҳанд.

Ба боварии Абдуҳалим Ғаффоров, вакили намояндагон, кино дар ҳаёти ҳама ҷомеаҳо муҳим буда, олами маънавии насли наврасро рушду такомул мебахшад ва муҳим аст, ки дар филмҳо хислатҳои покдоманӣ, поксиратӣ, ахлоқи ҳамида ташвиқ гардад.

“Зимни таҳияи филмҳо хусусиятҳои равонӣ ва педагогии синну соли гуногун ба инобат гирифта шавад”, -мегӯяд ин вакил. Бояд гуфт, таснифбандии синнусолӣ як василаест, ки дастрасӣ ба иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи кӯдак зарароварро пешгирӣ менамояд.
Тибқи меърёҳои байналмилалӣ, тақсимбандии маҳсулоти иттилоотӣ ба кӯдакон бояд ҳатман танзим шавад. Сомонаи hg.org ки масоили ҳуқуқиро пайгирӣ мекунад, менависад, ки аксар волидон аз он чи, ки фарзандонашон дар расонаҳо мебинанд ва мешунаванд, изҳори ташвиш мекунанд. Аксарияти волидон намехоҳанд, ки фарзандонашон зӯроварии графикӣ бубинанд, забони таҳқирро бишнаванд. https://www.hg.org/

Айни ҳол аксар филмҳо, намоишҳои телевизионӣ, бозиҳо ва албомҳои мусиқӣ дар ҷаҳон таснифбандии синнусолӣ шудаанду дарёфти  мавод барои волидон осон гардидааст. Кишварҳои мутараққии ҷаҳон низ таснифбандии синнусолиро дар филмҳо ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Ассотсиатсияи филмҳои Амрико (MPAA) филмҳоро баҳо медиҳад. Ҳар як шабакаи телевиҳионӣ низ дар алоҳидагӣ ба ин масъалла таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Масалан филми “Toni Erdmann”-и олмонӣ, ки соли 2016 сертамошобинтар маҳсуб меёфт ва ҷоизаи Оскарро соҳиб гардид, дар Амрико барои то 17-солаҳо тамошои ин филм бе ҳузури волидон иҷоза дода нашуд.

Аммо ин ба он маъно нест, ки дар Олмон таснифбандии синнусолӣ дар филмҳо вуҷуд надошта бошад. Пеш аз он ки ин ё он филм дар кинотеатрҳои Олмон пахш гардад, имтиҳонкунандагони FSK (Freiwillige Selbstkontrolle der Filmwirtschaft- мақомест, ки барои таснифбандии сину солӣ масъул аст) тасмим мегиранд, ки ноболиғи то чандсола филмро бубинад.

Ҳамчунин Deutsches Filmhaus ихтиёран дар як сол ҳазорҳо филмҳоро баррасӣ мекунанд ва қарор менамоянд, ки кадом филмро барои 6-сола, 12-сола, 16-сола ва калонтар ва ё барои ҳама синну сол маҳдуд кардан мумкин аст. https://www.dw.com/ Дар Русия таснифи синну солӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ, ки манзур филмҳост аз 1 сентябри соли 2012, пас аз эътибор пайдо кардани қонуни федералӣ N 436-ФЗ “Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилооте, ки ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зарароваранд”, мавриди амал қарор дода шуд. http://www.kinometro.ru/