Пресс-тур ба Агентии омор

0
60

Пресс-тур ба Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати дуюми рӯзи 12 ноябри соли 2020 сурат гирифт.

Қиёмиддин Давлатзода, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон рӯзноманигоронро дар толори калони Агентии омор қабул намуда, дар бораи вазифа, салоҳият ва сохтори агентӣ муфассал маълумот дод. Ҳамчунин шароит фароҳам оварда шуд, ки хабарнигорон ба саволҳои хеш посӯх дастрас намоянд.

Сипас Давлатзода, муовини Директори Агентии омор ҳайати рӯзноманигоронро ба Раёсати коркарди маълумоти оморӣ, осорхона, китобхона ва Раёсати таъсиси регистри корхонаҳо, ташкилотҳо, классификаторҳо ва ташкили ҳисоби оморӣ роҳнамоӣ намуда, дар бораи чи гуна ҷамъоварии иттилоъ, коркард ва таҳлили омори бадастомада маълумот ироа кард. Ба рӯзноманигирон амалан нишон дода шуд, ки дар доираи кадом санаду ҳуҷҷат маълумотро Агентии омор ба даст меорад ва онро таҳлилу коркард менамояд.

Ҳамзамон маҷмӯаи мухтарасари оморӣ, ки иттилои 5-сола дар бораи аҳолӣ, соҳаи иҷтимоӣ, нарх ва таърифа, молия, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, савдо, сохтмон, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии пулакӣ гирд оварда шудааст, аз ҷониби Агентии омор барои хабарнигорон дастрас гардид.

Хабарнигорон изҳор доштанд, ки чунин пресс-турҳо боис мегардад, ки дар бораи сохторҳои давлатӣ, фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардида, робитаашон мустаҳкам ва ҳамкориҳо беҳтар мешаванд.