Муҳокимаи дстовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот
Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот муҳокима шуд. Ин чорабинӣ, имрӯз, 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Мизи гирдро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» баргузор намуд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аҳамияти таъмини дастрасӣ ба иттилоот, тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма, инчунин нақши нишастҳои матбуотиро дар баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ таъкид намуд.
Фаридун Бобозода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронии хеш ба баланд бардоштани малакаҳои котибони матбуотӣ ишора карданд.
Директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон хонум Денис Лютти ва менеҷери лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Амирбек Саидбеков аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот ва рушди ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо истиқбол намуданд.
Шаҳло Акобирова, директори ТҶ «Хома» ҳадафи асосии мизи гирдро баррасии дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои беҳтар намудани сатҳи дастрасии ҷомеа ба иттилоот гуфтанд. Дар идома Акобирова бо ҳамкоронаш Сафарбек Кабиров ва Мазҳаб Ҷумъа натиҷаҳои арзёбии нишастҳои матбуотиро муаррифӣ намуданд.
Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки сатҳи ташкили нишастҳои матбуотӣ беҳтар гардида, иштироки рӯзноманигорон ва дастрасии онҳо ба намояндагони мақомоти давлатӣ бештар шудааст. Ҳамзамон, баъзе мушкилот, аз ҷумла сатҳи нокифояи омодагии хабарнигорону сухангӯён, маҳдуд будани вақти саволу ҷавоб ва ғайра зикр гардид.
Дар идомаи чорабинӣ Асел Караулова, роҳбари Пресс-клуби Қазоқистон, таҷрибаи ин ниҳодро дар таъсиси фазои ягона барои ҳамкорӣ миёни котибони матбуотӣ муаррифӣ кард. Ӯ маҷозӣ дар ин мизи гирд ширкат кард. Мавсуф қайд намуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти котибони матбуотӣ, мубодилаи таҷриба ва истифодаи абзорҳои муосири иртиботӣ метавонанд ба беҳтар шудани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот мусоидат намоянд.
Дар қисмати муҳокимаҳо иштирокчиён пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили низоми нишастҳои матбуотӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва таъмини дастрасии саривақтӣ ба иттилоот ироа карданд.
Иштирокчиён зарурати таҳкими робитаи байни котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон, истифодаи васеи платформаҳои рақамӣ барои паҳн намудани иттилоот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти сухангӯёнро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки барои рушди матбуоти касбӣ, махсусан дар навоҳии дурдаст таваҷҷуҳ бештар шавад, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфта, дар назди вазорату идораҳо воҳидҳои махсуси иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъсис дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбасти соли 2025-ум 28 нишасти матбуотӣ ва нимсолаи аввали 2025-ум 13 нишасти матбуотӣ арзёбӣ шуданд.
Арзёбӣ дар асоси якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла сифати баргузории нишастҳо, шумораи саволу ҷавобҳо, вақти ҷудошуда, иштироки рӯзноманигорон, натиҷаи пурсишномаҳо ва таҳлили сабти видеоии нишастҳо анҷом дода шудааст.
Дар доираи арзёбӣ нишастҳои матбуотии 13 вазорат, 4 кумита, 2 хадамот, 3 агентӣ, 3 мақомоти вилоятӣ, инчунин Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва Палатаи ҳисоб фаро гирифта шуданд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки дар соли 2025 як қатор пешрафтҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, аксари ниҳодҳо вақти нишастҳоро ба як соат маҳдуд накардаанд, роҳбарони аввал дар нишастҳо иштирок кардаанд, ба ҳамаи рӯзноманигорон имкони савол додан фароҳам оварда шудааст.
Бо вуҷуди ин, арзёбӣ нишон медиҳад, ки мушкилоти ҷиддӣ низ боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, дар як вақт баргузор шудани нишастҳои ниҳодҳои муҳим, оғози бармаҳали нишастҳо, пайи ҳам баргузор шудани чанд нишасти муҳим дар як рӯз ва тӯлонӣ, сари вақти зиёд барои қироати варақаҳои иттилоотӣ аз ҷониби баъзе мансабдорон.
Муаллифони арзёбӣ инчунин ба баъзе мушкилоти марбут ба фаъолияти рӯзноманигорон ишора кардаанд. Аз ҷумла, омодагии нокифояи баъзе хабарнигорон, пешниҳоди саволҳои умумӣ ва такрорӣ, таваҷҷуҳ накардан ба варақаҳои матбуотӣ, дар миён гузоштани масъалаҳои хусусӣ ва ҳатто ҳолатҳои тамаллуқ нисбат ба роҳбарони ниҳодҳо ҳамчун мушкил арзёбӣ шудааст.
Дар асоси натиҷаҳо тавсия дода шуд, ки мансабдорон вақти нишастҳоро маҳдуд накунанд, маълумот ва оморро бештар ба шакли визуалӣ пешниҳод кунанд ва аз тақдими мукофот ё баргузор кардани озмунҳо дар ҷараёни нишастҳо худдорӣ намоянд.
Мизи гирд дар доираи лоиҳаи Acted дар Тоҷикистон «CSO-GO for Governance: Media» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ( баргузор мегардад.
